logo

маориф

МАОРИФ. СОҲАЕ, КИ ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ АВЛАВИЯТ ДОРАД

Баробари фаро расидани бомдоди озодию истиқлол дар Тоҷикистон, монанди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсуси худ қарор доданд. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардид.
Маҳз дар ҳамин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва ба мақсади танзими қабули шаҳрвандони кишвар барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис дода шуд. Ҳамчунин, дар заминаи чунин ҳамкориҳо ба Вазорати маориф ва илм муяссар гардид, ки дар таъсиси муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» муваффақ гардад. Мусаллам аст, ки маблағгузорӣ ба ин муассисаҳо ҳамасола беҳтар мегардад: агар дар соли 2000 ҳаҷми умумӣ 2,3 млн. сомонӣ буд, он дар соли 2010 ба 22,0 млн. сомонӣ расонида шуд.
Барои ба илму донишомӯзӣ фаро гирифтану соҳибкасб гардондани ҷавонону наврасон ва, инчунин, ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ намудану баробарвазн сохтани муассисаҳои таълимӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар баробари ин, барои таъмин кардани соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо мутахассисони ватанӣ ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнати ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи мактабҳои олӣ низ бамаротиб зиёд гардид. Ҳамчунин, бо тақвият ёфтани ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи илму маориф, дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе филиалҳои як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия, ба монанди ДДМ ба номи М. Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии техникии «Донишкадаи энергетикии Маскав» ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскав» таъсис дода шуданд.
Раванди ислоҳоткунонии низоми илму маорифи ҷумҳурӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот ҷараён дошта, ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳо вазифаи муҳими соҳаи мазкур маҳсуб меёбад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ технологияи муосири таълим ҷорӣ гардида, аксар мактабҳои олӣ аз услуби идоракунии электронӣ истифода мебаранд ва волидон имкон доранд, ки аз раванди таҳсил, давомот ва пешрафти фарзандони худ маълумоти заруриро пайдо намоянд. Ҳамчунин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри тақвият додани донишҳои назариявию амалӣ ва анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад, заминаю шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Ислоҳоти тадриҷӣ ва давра ба давраи маорифи миллӣ ва тамоми зинаҳои таҳсилот ва дар ин асос ҳалли мушкилоти мавҷуда самти стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Далели равшани ғамхории ҳамешагӣ ва собитқадамонаи Сарвари давлат нисбат ба кормандони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф дар он аст, ки ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва стипендияи донишҷӯён зиёд карда мешавад…
Бинобар таваҷҷуҳи хоса ва эътимоди зиёд доштани Президенти мамлакат ба насли ҷавон, махсусан ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқат, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии олимони ҷавон ҳанӯз соли 1998 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт. Мақсади он рушду инкишофи иқтидори илмии ҷумҳурӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон буда, ҳамасола ба 12 нафар олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, тақдим мегардад.  Ҳамин аст, ки то имрӯз беш аз 200 нафар олимони ҷавон ба дарёфти Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардида, корҳои илмию тадқиқотии онҳо фарогири масъалаҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, саноатӣ, истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ ва ҳаётию маънавии ҷомеа мебошанд.
Ҳамин тавр, илму маориф дар саргаҳи сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани Сарвари давлат бармало ба назар мерасад. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд.

Номвар ҚУРБОН, раиси шӯрои олимони ҷавони
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 2501
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед