иқтисод
ЧОЙ. КАЙ АЗ ВОРИДОТ БА СОДИРОТ МЕГУЗАРЕМ?
Дар сарзамини биҳиштосои мо – Тоҷикистони азиз қариб ҳама гуна рустаниҳои шифобахшу ғизоӣ мерӯянд, яъне рустаниҳоеро парвариш карда метавонем, ки аз онҳо чойҳои хушбӯю бомаза ва назар ба навъҳои воридотии он беҳтар омода кардан мумкин аст. Як қисми рустанию гиёҳҳои худрӯи диёрамон низ ба ин имкон медиҳанд. Аммо имрӯзҳо сари дастархони ҳамватанонамон бештар чойҳои ҳиндию арабӣ, чинию таиландиро мебинем, ки нархи баланд доранд.
Таассуфовар аст, ки бо вуҷуди фаровонии имконияти истеҳсоли чойи аълосифат дар мамлакат ҳанӯз дар ин самт корхонаи махсус надорем. Ҳоло як килограмм чойи босифат аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Тайланд ва мамлакатҳои дигар бо арзиши 100 - 150 сомонӣ ба ҷумҳурии мо ворид мегардад. Дар рӯи мизи утоқи кории бархе роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, тарабхонаҳои боҳашамат бештар чунин навъҳои чойро мебинем. Илоҷи чойро бо нархи баланд нахаридан ҳам нест. Зеро талаботи мардуми ҷумҳурӣ ба истеъмоли чой хеле зиёд аст.
Барои чӣ дар Тоҷикистони офтобрӯяи табиаташ ба парвариши ниҳоли чой мусоид ин маҳсулот истеҳсол намешавад?
Бо назардошти иқлими мусоид ва табиати кишвар мо имкон дорем, ки бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ тарзу усули нигоҳубини ниҳолҳои чойро дар кишварҳои Ҳиндустону Чин омӯхта, онро дар кишвар парвариш намоем. Дар мамлакатҳои Эрону Туркия барои истеҳсоли чой бо харҷи зиёд ниҳоли зайтун парвариш карда мешавад. Ба андешаи ман, ниҳоли зайтун дар Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои номбурда беҳтар инкишоф меёбад.
Ҳангоми саёҳат дар шаҳри Батумии Гурҷистон аз майдони таҷрибавии парвариши ниҳоли чой дидан намудам. Он аз буттаи пахтаи мо фарқе надорад. Кош дар Тоҷикистони мо низ чунин майдонҳои парвариши ниҳоли чой мавҷуд мебуд. Ҳоло зарур омадааст, ки заминҳои бекорхобидаи домони кӯҳу теппаҳоро ба майдони кишти чой табдил диҳем. Соҳили сангобҳои кӯҳистони кишварамон низ барои парвариши ниҳоли чой бисёр мувофиқ ва мусоид аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Ин иқдом аз ояндаи дурахшон башорат медиҳад, зеро ҳадаф аз ин ташаббуси некбинона, пеш аз ҳама, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани захираҳои нуҳуфтаи ҷумҳурӣ аст. Дар ин роҳ барои дастгирии соҳибкорон имкониятҳои зиёд фароҳам гардидаанд. Истеҳсоли чойи ватанӣ аз зумраи масъалҳоест, ки дар раванди саноатикунонии босуръат бояд ҳалли худро ёбанд. Бо вуҷуди мавҷуд будани имкониятҳои фаровон, вазоратҳои саноату технологияҳои нав ва кишоварзии ҷумҳурӣ ҳанӯз дар ин ҷода ягон чораи мушаххас наандешидаанд.
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2019 №: 248 Мутолиа карданд: 1130