қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз 26 ноябри соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №11, мод.683; с. 2019, №4-5, мод.232, №6, мод.309, №7, мод.463; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2019, №1647; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2019, № 1649) қисми 16 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«16. Дар соли 2019 воридоти пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ, таҷҳизоти зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии онҳо ва қубурҳои баландфишори пластикии аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой «Чжунтай Хатлон Син Силу» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин», ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2019, № 1651
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 2019, № 1527
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2019 №: 248 Мутолиа карданд: 1069