иқтисод
ХАТЛОН. ИҶРОИ БАРЗИЁДИ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА
Деҳқонони вилояти калонтарини пахтакори мамлакат - Хатлон соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар (70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳурӣ) тухмии аълосифати навъҳои «Хатлон - 2011», «Хатлон - 2012», «Хатлон - 2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ», «Хуҷанд - 67», «Ирам - 1 МН», «Тобон» ва навъҳои дигари серҳосил кошта, барои истеҳсоли 275 ҳазору 200 тонна пахта камар бастанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба эҳё ва рушди пахтакорӣ, хусусан коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд: «Ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ, ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, солҳои охир ҳамагӣ 10 - 12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад». Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки майдони кишти пахта зиёд ва ҳаҷми коркарди ҳосил дар дохили ҷумҳурӣ то ҳадди ниҳоӣ расонда шавад.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки рушди соҳаи пахтакорӣ пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад. Дар ҳақиқат, равнақи соҳа афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишварамон, хусусан саноат, таъсири мусбат мерасонад.
Ҷиҳати ҳавасмандсозии пахтакорон ба ҷамъоварии саривақтии ҳосил аз 1 сентябри соли равон сар карда, байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор» эълон гардида, мусобиқаи меҳнатӣ ба роҳ монда шуд. Мусобиқа дар ҳар 15 рӯз ҷамъбаст гардида, ғолибони се ҷойи аввал дар ҳаҷми 15 ҳазор, 10 ҳазор, 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтанд. Дар ҷамъбасти умумии мусобиқа, барандаи ҷойи аввал бо мошини сабукрав ва ғолибони дигар бо туҳфаҳои арзишманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонда мешаванд.
Дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро то 13 декабр шаҳру ноҳияҳои Данғара 115,9, Бохтар 108, Дӯстӣ 107,2, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 106,7, Ёвон 104,3, Шаҳритуз 104, Қубодиён 103, Ҷайҳун 103, Панҷ 102,9, Носири Хусрав 102,6, Левакант 102,6, Хуросон 102,1, Кӯшониён 101,8, Кӯлоб 100,3, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ 100 - дарсадӣ иҷро намуданд.
Пахтакорони зафарманди вилоят то 13 декабр 276 ҳазору 290 тонна ашёи гаронбаҳои саноатӣ истеҳсол намуданд, ки 100,4 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Ҳаҷми ҳосили бадастомада назар ба соли гузашта 86443 тонна зиёд мебошад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2019 №: 248 Мутолиа карданд: 1032