logo

ҳуқуқ

ҒОРАТГАРӢ. СУД ҶИНОЯТКОРРО 5 СОЛ РАВОНАИ ЗИНДОН КАРД

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба  Рустам Деҳқонов, сокини ноҳияи Ёвон, баррасӣ намуда, ӯро барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр ба муддати 5 сол равонаи зиндон кард.
Тафтишот муайян кард, ки Рустам Деҳқонов дар кӯчаи Р. Набиеви пойтахт ба шаҳрванд Оксана Кобес дарафтода, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ аз дасти ӯ ҷузвдонашро дошта, мақсади тасарруф кардан дошт. Ҷабрдида Оксана Кобес муқобилият нишон дода, нагузоштааст, ки Рустам Деҳқонов ҷузвдонро гирад. Бо вуҷуди ин, ҷинояткор ҷузвдони ӯро раҳо накарда, аз ӯ маблағи 300 сомонӣ талаб кардааст. Ҳарчанд шаҳрванд Оксана Кобес исрор кардааст, ки пул надорад, лекин Р. Деҳқонов ба ӯ бовар накарда, маҷбурӣ аз дасти ӯ ҷузвдонашро гирифта, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ амволи дар дохили он бударо дар замин холӣ кардааст.
Дар натиҷа, бо муроҷиати телефонии ҷабрдида кормандони милитсия фавран ба ҷойи ҳодиса омада, ҷинояткорро дастгир намуданд.
Суд кирдори судшаванда Рустам Деҳқоновро бо моддаҳои 32 қисми 3, 248 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо кардани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзӯр таъйин кард.
Бо далели он ки судшаванда Рустам Деҳқонов ҷинояти мазкурро то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 ноябри соли 2019, таҳти № 1648 содир намудааст, суд бо татбиқи моддаи 7 сархати 3 – и қонуни мазкур ҷазои адонагардидаро нисбат ба ӯ аз се як ҳисса кам намуд.

Т. АМИРЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 1176
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед