logo

иқтисод

ОБ. ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МАНФИАТИ АҲЛИ БАШАР

Соли 2019 чун солҳои қаблӣ дар тақвими зиндагии мардуми сарбаланди тоҷик бо таҳаввулоту навгониҳо ва дастовардҳои муҳими таърихӣ бешак сабт мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалиеро мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он ба нафъи тамоми мардуми сайёра хоҳад буд.
Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16 - 17 майи соли равон бо ҳузури намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам, 37 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, намунаи барҷастаи иқдомоти сатҳи байналмилалии кишвари соҳибистиқлоли мост. Ин ҳамоиши байналмилалиро беш аз 200 хабарнигори ватанию хориҷӣ дар расонаҳои гуногуни олам бозтоб намуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи миллионҳо сокини сайёра гардид.
Пешоҳангии давлати мо дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳолест, ки соли дуввум аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ саргарми амалӣ намудани ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти об дар сайёраи замин мебошад. Воқеан, пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018 – 2028» ба касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар арсаи олам далолат мекунад, ки боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳи ин сарзамини биҳиштосо аст.
Ингуна ташаббусҳои фарогири Пешвои муаззами миллати мо дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон 5 миллион нафар бар асари истифодаи оби ифлос вафот мекунад ва 3 миллиони дигар  ба маризиҳои гуногун гирифтор мешавад. Далели аз ин ҳам ҳайратовар он аст, ки айни замон дар ақсои олам 1,2 миллиард нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасии дуруст надоранд. Ин аст, ки тамоми сокинони сайёра аз иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мекунанд.
Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, изҳори бовар намуда буд, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015 - ро тақвият мебахшад. Дигар сиёсатмадорону коршиносони умури байналмилалӣ низ пешбинӣ мекунанд, ки ташаббуси пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос нақши муҳимеро иҷро хоҳад кард.
Ҳамин тавр, нуфусу эътибори афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳнамоии оқилонаи Пешвои муаззами миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки новобаста аз мавқеи сиёсиву иҷтимоии худ дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии Президенти мамлакат саҳм гузошта, ҳар сол ба пешрафтҳои нав ба нав мушарраф гардем.

Бибивисол ОЧИЛДИЕВА,
омӯзгори гимназияи № 74 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед