фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Мухлисони азиз, яке аз навгониҳои солинавии мо ин аст, ки рубрикаи дӯстдоштаи шумо - «Интеллект» аз ин ба баъд бо номи «Интеллект +» пешниҳод хоҳад шуд. Мепурсед, ки чаро? Пеш аз ҳама ба хотири эҳтироми якояки шумо, ки сол ба сол фаъол шудан доред. Маҳз бо назардошти завқи баланди шумо ҳайати эҷодии рӯзнома тасмим гирифт, ки бо ёрии худи иштирокчиён доираи фарогирии мавзӯъҳои рубрикаи мазкурро тавсеа бахшад ва дар баробари муаммоҳои математикӣ ба бахшҳои дигари муҳиму донишафзо, ба монанди адабиёту санъат, таъриху меъморӣ ва физикаю кимиё, дахл карда, мисолу масъалаҳои ҷиддитареро мавриди пурсишу посух қарор диҳад.
Акнун, шумо имкон доред, ки на танҳо дар ҳалли муаммоҳои рубрика, балки дар таҳия ва пешниҳоди саволу муаммо, мисолу масъалаҳо ва филворду кроссвордҳои ҷолиб бевосита ширкат намоед.
Нафарони дар ҳар ду бахш фаъол охири ҳар моҳ дар ҳаҷми 500 сомонӣ қадр мешаванд.
Фаромӯш накунед! «Интеллект +» чун ҳамешагӣ аз Шумо ва барои Шумост!!!
БОЗӢ БО АДАДҲО
1. Рақамҳои 1 ва 5 - ро истифода бурда, адади 11- ро ҳосил кунед.
2. Рақамҳои 3 ва 5 - ро истифода бурда, адади (0,2)3 - ро ҳосил кунед.
3. Рақамҳои 1, 3 ва 5 - ро истифода бурда, адади 19 - ро ҳосил кунед.
4. Рақамҳои 0, 4 ва 5 - ро истифода бурда, адади 16 - ро ҳосил кунед.
5. Рақамҳои 2, 5 ва 7 - ро истифода бурда, адади 13 - ро ҳосил кунед.
6. Рақамҳои 5 ва 4 - ро истифода бурда, адади 12 - ро ҳосил кунед.
7. Рақамҳои 6 ва 5 - ро истифода бурда, адади 12 - ро ҳосил кунед.
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...
Дар рубрикаи нави «Шоми шанбе» таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба хонандагони доимии мо, ки мехоҳанд донишашонро сайқал диҳанд, аз осори адибони тоҷику ҷаҳон порчаҳои назмиву насрӣ пешниҳод мегардад. Мувофиқи талабот, муштариён бояд номи муаллифони онҳоро пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Рубрика охири ҳар моҳ ҷамъбаст шуда, ғолибон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Инак, ду саволи аввал бо умеди пирӯзии шумо пешниҳод мегардад:
Ватан, мактуби ишқи нокушода,
Ватан, сӯзи наҷиби беифода.
Чӣ маъсумӣ, чӣ пайвандӣ, чӣ нағзӣ,
Чун паҳнозори гулҳои пиёда.
* * *
... Ман ба ёбон баромадам. Ёбон аз рӯи даричаи мо васеъ ва хушҳавотар буд, боди сабуке мевазид ва ба димоғи кас як бӯи хуши нозукеро меовард. Майсаҳои ҷаву гандуми тирамоҳ кишташуда замини сиёҳро пӯшонда сабзу хуррам карда буданд. Сабза ва себаргаҳои лаби ҷӯй ва дигар алафҳои худрӯ ба назари кас ҳим – ҳим тофта чашми одамро мебурданд. Ҳаво на сард буду на гарм ва бағоят форам буд...
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40; Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
ШИТОБЗАДА НАБОШ!
Шогирде бо эътироз аз устод пурсид, ки чаро ба ӯ дарсу супоришҳои кам медиҳад?
- Ба саволат баъди бо ҳам хӯрок хӯрдан ҷавоб медиҳам, - гуфт устод.
Ҳангоми таом хӯрдан, муаллим аз шогирд хоҳиш кард, ки ошро бо дастони худаш ба ӯ хӯронад. Чун шогирд розӣ шуд, устод қошуқи пур аз ошро ба даҳони шогирд гузошт. Онро ҳанӯз фурӯ набурда буд, ки луқмаҳои дигарро ба даҳонаш пеш кардан гирифт.
- Намешавад, ки бо оҳистагӣ хӯрем ва аз мазаи хӯрок лаззат барем, - гуфт шогирд.
- Мешавад, аммо худат инро хостӣ, - ҷавоб дод устод.
- Чӣ хел?
- Ним соат пеш гуфтӣ, ки ба ман дарсҳои наву супоришҳои бисёр деҳ. Дарсҳои пешинаро аз худ накарда, сабақи нав талаб намудан ба монанди пеш кардани луқма ба даҳони пур аз хӯрок аст, ки оқибат фурӯ бурданаш номумкин мегардад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
РӮНАМОИИ “ДЕВОН” - И ҲОФИЗ ДАР ИСРОИЛ
Санаи 17 декабр дар Қасри Эшколи Донишгоҳи шаҳри Ҳайфои Исроил рӯнамоии “Девон” - и Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд. Чопи ғазалиёти шоир ба забони ибрӣ бори аввал сурат гирифт.
Тайи 7 соли ахир ин марказ ҳафт шоҳкори адабиёти форсу тоҷик, назири “Маснавии маънавӣ” - и Ҷалолиддини Балхӣ, “Бӯстон” - у “Гулистон” - и Саъдиро манзури мардуми Исроил кардааст. Мутарҷими “Девон” - и Ҳофиз Раҳмон Ҳайим, доктори улуми матншиносӣ, аст.
Мавсуф сари тарҷумаи “Девон” - и Ҳофиз се сол кор карда, моҳи апрели соли равон онро ба анҷом расонд. Як китоби иборат аз 580 саҳифа, ба шумули 495 ғазали “Лисонулғайб” омода шуд. Дар китоб пешгуфтори мутарҷим, шарҳи ҳоли Ҳофиз ва шарҳҳое барои фаҳмидани маънои ғазалҳо ҷой дода шудаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МУШАКПАРТОБИ НАТО БАРОИ…
Дар Норвегия Торнстейн Селе ном деҳқони деҳаи Орре бо як амалаш ном баровард. Вай хоҷагии калоне дошт, рӯзе ба як қитъаи дурдасташ омад ва чашмаш ба дастг оҳи аҷибе афтод. Маълум гардид, ки мушакандози худҳаракаткунандаи зарбазани НАТО будааст. Баъди машқи ҷангӣ дастгоҳи ракетапарронӣ шояд аз ёдҳо баромад ва ё ба касе даркор нашуд, ки дар саҳро монд. Деҳқон баъди чанде андеша рондан барои ин дастгоҳ «кор» ёфт. Вай ба ҷойи тир ба олоти ҷангӣ пору пур карду тугмачаи «пуск» - ро пахш намуд, «заряд», яъне пору ба мисли ракетаҳо мепарид ва дар замини даҳгектара баробар тақсим мешуд. «Порупарто» - и ғалатӣ ҳатто дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагиҳои деҳот дар Дания ба маъраз гузошта шуд ва баҳои баландтаринро соҳиб гашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аристотел
Вақте аз Аристотел пурсиданд, ки бо чӣ аз дигарон фарқ мекунад, чунин посух дод:
- Аксарият барои он зиндагӣ мекунанд, ки хӯранд, ман мехӯрам, то зиндагӣ кунам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
15. Пул – ибодатхонаи Лас – Лахас, Колумбия
Боз як далели равшан, ки пулҳо пайвандгари қалбҳоянд. Пул – ибодатхона дар миёнаи асри ХХ сохта шудааст. Маъбаде, ки ин пул мардумро ба он ҷой роҳнамоӣ менамояд, рамзи ризоияти байни халқҳои Колумбия ва Эквадор мебошад. Ва дақиқан, агар андеша ронем, худи пул воқеан маъбад аст ва маъбад ҳам пулест, ки ду халқро ба ҳам пайвастааст. Ана ин аст як навъ пайвасткунии ғайриодӣ. Манзараи фаромӯшнопазир!
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
АЗ ТАЪРИХИ СОАТ
Аввалин соатҳо соатҳои офтобианд. Намунаҳои қадимтарини онҳоро бостоншиносон дар Мисри Қадим пайдо кардаанд, ки ба асри XV пеш аз милод тааллуқ доранд.
Аввалин соатҳои дастӣ соли 1812 сохта шудаанд. То ин дам танҳо соатҳои кисагӣ истифода мешуданд.
Аввалин соати рӯимизии зангдор соли 1787 ихтироъ шуд. Он соати 4-и саҳар занг мезад ва тағйир додани вақти занг ғайриимкон буд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
СОФИЯ КОВАЛЕВСКАЯ
ВА МУБОРИЗАИ ЗАНОН БАРОИ УЗВИЯТ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
София Ковалевская ҷоизаи Бордени Академияи илмҳои Франсияро соҳиб гашт. Баъди як сол ҷоизаи Академияи илмҳои Стокголмро ба даст овард.
Соли 1889 ӯ якумин зане гардид, ки барои узвият ба Академияи илмҳои Петербург ариза дод. Ба шарофати ӯ оинномаи Академияи илмҳои Россия аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт ва занҳо имконият пайдо карданд, ки узви он интихоб шаванд. Вале ин ишора номиналӣ монд. Дар академия занҳоро барои машғул шудан ба илм роҳ намедоданд.
Мушкили дигар он гашт, ки тибқи қоидаҳои мавҷудаи он замон, унвони академикро танҳо пас аз марги яке аз аъзоёни аслӣ дарёб кардан мумкин буд. Замоне, ки ноиби президенти академия Виктор Буняковский фавтид, Ковалевская ба умеди он ки ӯро ба ҷойи академик интихоб мекунанд, ба Россия омад. Вай умед дошт, ки билохира дар кишвари хеш ба илм машғул мешавад. Президенти академия Ковалевскаяро ба хушнудӣ пазируфт. Вале вай замоне, ки иҷозаи дар ҷаласа ширкат намуданро кард, ҷавоби рад гирифт. Ба ӯ фаҳмонданд, ки тибқи қоида ширкати зан дар ҷаласа ба назар гирифта нашудааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Аз издивоҷи Лев Толстой ҳамагӣ чанд рӯз гузашта буд, ки дӯсти нависандааш Сологуб дидорбинӣ омад:
- Шумо одами хушбахтед,- гуфт ӯ,- ҳама чизеро, ки дӯст медоштед, доред.
- Не, ман ҳамаи он чизҳоеро, ки дӯст медорам, надорам, вале он чизе, ки дорам, дӯст медорам, - мегӯяд Толстой меҳмонро ислоҳ карда.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ЗЕБОТАРИН ДЕҲАҲОИ ҶАҲОН
Куа Ван (Ветнам)
Маҳз Ҷумҳурии Ветнам бо табиати афсонавиаш сабаби офаридани манзараҳои зебои филми фантастикии «Аватар» шудааст. Чунин манзараҳои зеборо дигар дар ягон гӯшаи олам дидан мумкин нест. Байни сайёҳону ҷаҳонгардон, махсусан деҳаи моҳигирон бо номи Куа – Ван машҳур аст. Хонаҳои он дар болои об сохта шудаанд. Дар чунин як хона мактаби деҳа низ ҷойгир аст, ки хонандагон ба он ҷо бо қаиқҳо меоянд. Дар деҳа аз хона дида қаиқ бисёр аст.
Таҳияи Комрон САФАР
НИГОҲИ МОДАР
Воқеае, ки дар бозии футбол миёни дастаҳои «Интер» ва «Ҷеноа» (Сериа А, чемпионати Италия) ба вуқуъ омад, таваҷҷуҳи тамошобинон ва рӯзноманигоронро ба худ кашид ва дар сархати хабарҳои расонаҳои варзишии Аврупо қарор гирифт. Дар дақиқаи 62 - юми бозӣ, пас аз қоидавайронкунӣ аз ҷониби бозигарони тими «Ҷеноа», довар ҷаримаи 11-метра таъйин намуд. Рамео Лукаку, ҳамлавари асосии тими «Интер», амали ҷавонмардонаро иҷро кард. Ӯ тӯбро ба бозигари 17 - солаи даста Себастяно Эспозито дод. Ва Себастяно тӯбро ба нуқтаи пеналти гузошту пеш аз иҷрои зарба ба кунҷи майдон нигоҳ кард, ки дар аввал касе пай набурд чаро ӯ ба кунҷи майдон назар намуд. Себастяно гол зада, давон ба кунҷи майдон рафт. Ӯ голи аввалини худро дар футболи бузург бо ашки шодӣ дар оғӯши модараш ҷашн гирифт. Баъд аз ин, ҳамагон чаро маҳз ба кунҷи майдон нигоҳ карданашро фаҳмиданд.
Пас аз ин голи задааш Себастяно дар таърихи чемпионати Италия дувумин ҷавонтарин голзан шуд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
РАССОМИ НОДИР
Сяонан Сун, рассоми ҷавони чинӣ, баъд аз он, ки ҳунари ғайриодии худро дар шабакаи иҷтимоии «YouTube» гузошт, машҳур шуд. Ӯ дар видеоролики худ рафти офарида шудани портрети ҳунармандони машҳури Ҳолливуд Морган Фримен ва Тима Роббинсро, ки дар филми “Гурез аз Шоушенк” нақши асосиро иҷро мекунанд , тасвир кардааст.
Расмҳои кашидаи ӯ воқеӣ буда, хеле зебо ба чашм мерасанд. Ҷиҳати фарқкунандаи ин рассоми 20 - сола аз дигарон дар он аст, ки ӯ худомӯз буда, тамоми эҷодиёташро дар як вақт бо ҳар ду даст рӯи коғаз меорад. Сун расмҳояшро барои эҷоди як асар ҳамагӣ 2 – 3 соат сарф мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки рассомони машҳури олам барои офаридани як мусаввара солҳо заҳмат мекашанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ДУ ПАҲЛУИ ЯК МАСЪАЛА
Аз марде, ки мушкили хонаводагӣ дошт, пурсиданд:
- Ҳамсарат чӣ камбудӣ дорад, чаро мехоҳӣ ӯро раҳо намоӣ?
Посух дод: «Марди ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ айбу ҷурми ҳамсарашро ба дигарон намегӯяд».
Пас аз чанд моҳ ҳамсари мард оилаи нав барпо кард. Дар ин ҳол як зумра мардуми кунҷков боз аз ӯ дар хусуси ҳамсари пешинааш пурсиданд ва ҷавоб шуниданд: «Марди ҳақиқӣ дар бораи зани бегона ҳеҷ гоҳ сухан намегӯяд».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ПАРАНДА ВА ШИКОРЧӢ
Як шикорчӣ парандаеро ба дом андохт. Паранда гуфт: «Ай марди бузургвор! Ту дар тӯли зиндагии худ бисёр гӯшти гову гӯсфанд хурдаӣ, аммо ҳеҷ вақт сер нашудаӣ. Аз хӯрдани ман ҳам сер намешавӣ. Агар маро озод кунӣ, се панди арзишманд ба ту медиҳам, то ба саодат ва хушбахтӣ бирасӣ. Панди аввалро дар дастони ту медиҳам. Панди дувумро вақте, ки болои боми хонаат биншинам, мегӯям. Панди савумро замоне медиҳам, ки бар рӯи шохи дарахт биншинам». Мард қабул кард. Паранда гуфт: «Панди аввал ин аст: Сухани ҳеҷ касро бовар макун!» Паранда баъд ба сари бом нишасту изҳор дошт: «Панди дувумамро бишнав: «Ҳаргиз ба он чӣ, ки аз даст додаӣ, ҳасрат махӯр».
Паранда пас аз он бар рӯи шохи дарахт нишаста гуфт: «Эй бузургвор! Дар шиками ман як марвориди гаронбаҳо ба вазни 20 грамм аст. Афсӯс, он рӯзӣ ва қисмати фарзандонат набудааст, вагарна сарватманд ва хушбахт мешудӣ». Марди шикорчӣ аз шунидани ин сухан бисёр нороҳат гардид ва то ҷое, ки оҳу нолааш баланд шуд. Паранда ба ӯ гуфт: «Магар туро насиҳат накарда будам, ки бар он чӣ, ки аз даст додаӣ, афсӯс махӯр? Ва ҳам, эй содалавҳ, вазни ман ҳамагӣ 10 грамм аст, чӣ гуна мумкин аст, ки як марвориди 20 - грамма дар шиками ман бошад?» Мард ба худ омаду гуфт: «Эй парандаи доно, пандҳои ту бисёр гаронбаҳост. Мехоҳам панди сеюмро ҳам бигӯӣ».
Паранда гуфт: «Оё ба он ду панд амал кардӣ, ки панди сеюмро ҳам хосторӣ? Панд додан ба нодоне чун ту мисли он аст, ки дар замини регзор гул шинонӣ».
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода
ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
8. Ракетаавтомобил – Thrust SSC (1228 км /соат)
Ин автомобили реактивии фавқулсадо сохти британӣ буда, аз ҷониби Ричард Нобл, Глин Боуш, Рон Айерс ва Ҷерем Блисс сохта шудааст. 15 октябри соли 1997 ҳангоми озмоиш суръати ниҳоиаш ба 1228 км/соат расид, ки рекорди нав ба шумор меравад. Ягона автомобилест, ки расман монеаи овозиро убур кардааст. Мошинро Энди Грин дар биёбони Блэк Роки иёлати Невада ронд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
АНТИЛИЯ
ХОНАЕ, КИ ЗЕБИ ТАМОШО ДОРАД
Яке аз калонтарин хонаҳои дунё дар Ҳиндустон сохта шудааст. Он ба хонаи одӣ монанд набуда, бурҷи мураббаъро мемонад. Бино аз 27 ошёна иборат аст.
Мукеш Амбани, сарватмандтарин марди Ҳиндустон, дар он бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Биноро "Антилия" меноманд. Баландии он 173 метр ва масоҳаташ 37000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар ин хонаи бузург 6 нафар зиндагӣ мекунад: Мукеш, модараш, зан ва се фарзандаш. Новобаста аз ин, дар нигоҳубини бино 600 нафар масъуланд.
Он аз ҷониби меъморони ширкати «Perkins & Will» (Америка) тарҳрезӣ шудааст. Ҳар як ошёна тарҳ ва намои худро дорад.
Дар бино 9 лифт, таваққуфгоҳ барои 168 мошин, кинотеатри хонагӣ барои 50 тамошогар, SPA - салон, толори балет, фитнес - клуб, якчанд ҳавзи шиноварӣ ва боғҳои «муаллақ» мавҷуданд.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.01.2020 №: 2 Мутолиа карданд: 1025