қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 293) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «ғайритиҷоратие, ки» калимаҳои «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал» ва «бақайдгирифташудае» мувофиқан ба калимаҳои «фаъолияти мустақили ба таваккал» ва «ба қайди давлатӣ гирифташудае» иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 3, 5 ва 6 моддаи 5 адад ва калимаҳои «500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ», «15000000 (понздаҳ миллион) сомонӣ» мувофиқан ба адад ва калимаҳои «1000000 (як миллион) сомонӣ» ва «25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати чоруми моддаи 7 калимаи «аз» хориҷ ва калимаи «бешаҳрванд» ба калимаи «бешаҳрвандро» иваз карда шавад.
4. Ба қисми 2 моддаи 11 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- суғуртакунӣ;».
5. Ба сархати сеюм моддаи 14 пас аз калимаи «омӯзиш» калимаи «, мониторинг» илова карда шавад.
6. Дар сархати панҷуми моддаи 17 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».
7. Дар моддаи 20:
- ба номи модда пас аз калимаи «Барномаҳои» калимаи «мақсадноки» илова карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.».
8. Дар матни моддаи 24 калимаҳои «воқеӣ, ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1684
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 2019, № 1543
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 744
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2020 №: 4-7 Мутолиа карданд: 1085