logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46;       с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаҳои «иншооти» ва «Иншооти» мувофиқан ба калимаҳои «объектҳои» ва «Объектҳои» иваз карда шаванд.
3. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини  бехатарии объектҳои истеҳсолии хатарнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ба ошкор кардан ва ҳифзу пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар объекти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда равона шудааст.».
4. Дар тамоми матни Қонун қисмҳои моддаҳо рақамгузорӣ карда шаванд.
5. Дар моддаи 1:
- сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд;
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- таҷҳизоти техникӣ – қисмҳои эҳтиётӣ, агрегат, механизм, таҷҳизот, системаи мошин, ки дар фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд; 
 - Феҳристи  давлатии  объектҳои  истеҳсолии хатарнок – махзани ягонаи маълумот (низоми идоракунии иттилоот ва маълумоти ягона оид ба объектҳои истеҳсолӣ), ки иттилоотро оид ба объектҳои истеҳсолии хатарноки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифодашаванда дар бар мегирад;
- ҳаммонандкунии (идентификатсияи) объектҳои истеҳсолии хатарнок – ошкор намудани объекту ташкилотҳо бо мақсади ворид кардани онҳо ба гурӯҳи (категорияҳои) объектҳои истеҳсолии хатарнок ва муайян намудани навъи онҳо мувофиқи талаботи Қонуни мазкур;
- объекти истеҳсолии хатарнок – объекти истеҳсолӣ (корхона, коргоҳ,  қитъа, майдонча, инчунин объектҳои дигари дорои хатарнокии  баланд), ки дар натиҷаи сар задани садама дар он ба ҳаёт,  саломатии аҳолӣ ва (ё) молу мулки он ва муҳити зист таҳдиди эҳтимолӣ ба вуҷуд меояд.».
 6. Дар моддаи 2:
- дар зербанди а) калимаи «мӯътадил» ба калимаи «муътадил» иваз карда шавад;
 - дар зербанди б) калимаҳои «сӯхтанро қувватдиҳанда», «сӯхтанро бавуҷудоваранда» ба калимаҳои «қувватдиҳандаи  сӯхтан», «бавуҷудоварандаи сӯхтан» иваз карда шаванд. 
7. Ба Қонун моддаи 21 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 21. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои ба таъмини бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок ва (ё) ба объектҳои хатарноки эҳтимолӣ вобастаро ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ, лоиҳакашӣ ва банақшагирии онҳо, омодасозӣ, сохтан, таҷдид ва нав кардан, қабул ва ба истифода додан, танзим, хизматрасонӣ, таъмир, ташхиси техникӣ, озмоиш, азнавтаҷҳизонии техникӣ, консерватсия, аз истифода баровардан, инчунин бо маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садама дар соҳаи мазкур ба амал меоянд, танзим менамояд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликият, ки фаъолиятро дар соҳаи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегарданд.».
8. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
9. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда,» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқие,» иваз карда шаванд.
10.Сархати сеюми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ;».
11. Дар ном ва қисми якуми моддаи 6 калимаҳои «махсуси давлатии» ба калимаҳои «давлатӣ дар» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 7:
       - ном ва қисми муқаддимавии модда дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдор
    Мақоми ваколатдор дорои ваколатҳои зерин мебошад:»
- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум хориҷ карда шаванд;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок;». 
13. Дар ном ва матни моддаи 8 калимаҳои «Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии)» ба калимаҳои «Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) ба» иваз карда шаванд.
 14. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои «дар соҳаи иншооти истеҳсолии хатарнок» ба калимаҳои «дар соҳаи бехатарии саноатӣ» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 10 калимаҳои «мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шаванд.  
16. Дар моддаи 12:
- сархатҳои шашум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
 «- кормандонро бо либоси махсус ва воситаҳои дигари муҳофизатии инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин намояд;»;
 «- риояи талаботи бехатарии саноатиро ҷиҳати нигоҳдории моддаҳои хатарнок таъмин намояд;»;
- дар сархати чордаҳум калимаи «ногувор» ба калимаи «нохуш» иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 14:
- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаи «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаи «акти» ба калимаи «санади» иваз карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «техники» ва «рӯй» мувофиқан ба калимаҳои «техникии» ва «рух» иваз карда шаванд.
18. Дар қисми якуми моддаи 16 калимаи «рӯй» ба калимаи «рух» иваз карда шавад.
19. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «бояд ҳатман» ба калимаҳои «уҳдадор аст» иваз карда шаванд. 
20. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои «мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» иваз карда шуда, ба сархати панҷум пас аз калимаи «объектҳои» калимаи «истеҳсолии» илова карда шавад.
21. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1682
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2019, № 1490
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 742

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 1956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед