қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ.1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68, № 7 - 8, мод. 528; с. 2019, № 4, мод. 228, №6, мод. 323), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 57, банди 2) қисми 2 ва қисми 3 моддаи 363, қисми 4 моддаи 375, қисми 4 моддаи 412, қисми 6 моддаи 413, банди 4) қисми 5 ва қисми 6 моддаи 414, қисми 7 моддаи 416, қисмҳои 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17 ва 18 моддаи 417, қисми 8 моддаи 418, қисми 1 моддаи 424, қисми 2 моддаи 434, банди 3) қисми 6 моддаи 4411, банди 3) моддаи 450, қисми 2 моддаи 451, қисми 2 моддаи 452, матни моддаи 454, қисми 3 моддаи 455 ва қисми 2 моддаи 469 калимаҳои «акт», «актро», «Акти», «акти», «Акт», «Актро» ва «акте» мувофиқан ба калимаҳои «санад», «санадро», «Санади», «санади», «Санад», «Санадро» ва «санаде» иваз карда шаванд.
2. Дар банди 6) қисми 3 моддаи 80, матни моддаи 83, ном ва матни моддаи 84, банди 2) моддаи 88, қисми 1 моддаи 89, банди 4) моддаи 94, банди 5) қисми 2 ва банди 3) қисми 3 моддаи 95 калимаҳои «пломбаҳо», «пломбаҳои», «пломба», «пломбаи», «пломбаю» ва «пломбашудаи» мувофиқан ба калимаҳои «тамғаҳо (пломбаҳо)», «тамғаҳои (пломбаҳои)», «тамға (пломба)», «тамғаи (пломбаи)», «тамғаю (пломбаю)» ва «тамғашудаи (пломбашудаи)» иваз карда шаванд.
3. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 86, қисми 1 моддаи 309, қисмҳои 2 ва 5 моддаи 375, қисми 1 моддаи 376, банди 2) моддаи 377, банди 3) қисми 1 моддаи 385, қисмҳои 1 ва 5 моддаи 390 ва қисмҳои 2 ва 4 моддаи 398 калимаҳои «кассаи», «кассавии» ва «касса» мувофиқан ба калимаҳои «хазинаи», «хазинавии» ва «хазина» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 115, қисми 2 моддаи 233 ва банди 7) қисми 2 моддаи 361 калимаҳои «квитансия», «квитансияи» ва «квитансияҳои» мувофиқан ба калимаҳои «расид», «расиди» ва «расидҳои» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 3 моддаи 310 ва банди 9) қисми 2 моддаи 361 калимаҳои «каталогҳои» ва «каталогҳо, спетсификатсияҳо» мувофиқан ба калимаҳои «феҳрастҳои (каталогҳои)» ва «феҳрастҳо (каталогҳо), номнависи (спетсификатсияи) бор» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 4 моддаи 317 калимаҳои «бланкаи» ва «Бланкаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «варақаи» ва «Варақаҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 10:
- дар банди 21) калимаҳои «тадбирҳое, ки» ба калимаҳои «тадбирҳо, аз ҷумла дар асоси арзёбӣ ва идоракунии таваккале, ки» иваз карда шаванд;
- банди 32) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«32) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ – ҳисобнома-фактура (инвойс), номнависи (спетсификатсияи) бор, варақаи бастабандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти савдои хориҷӣ ва дигар фаъолият, инчунин барои тасдиқи аҳдҳо вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукӣ истифода мегарданд;»;
- дар банди 39) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 40) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«40) боҷи гумрукӣ – пардохти ҳатмие, ки дар ҳолати интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти гумрук тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.».
8. Дар моддаи 17 пас аз калимаҳои «мағозаҳои савдои бебоҷ» ва «Реестри соҳибони мағозаи савдои бебоҷ» аломати вергул гузошта шуда, калимаҳои «танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» ва «Реестри танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» илова карда шаванд.
9. Ба қисми 2 моддаи 18 пас аз калимаҳои «воситаҳои ахбори омма» калимаҳои «ва сомонаи расмии интернетии худ» илова карда шаванд.
10. Ба қисми 1 моддаи 23 пас аз калимаҳои «технологияҳои иттилоотӣ» калимаҳои «, тахтаҳои иттилоотӣ, гӯшаи иттилоотӣ, варақаҳои маълумот ва маводи дигари нашрӣ, инчунин воситаҳои техникии видеоӣ, аудиоӣ ва воситаҳои дигари техникии барои пахши иттилоот истифодашаванда» илова карда шаванд.
11. Ба бандҳои 6) ва 7) моддаи 39 пас аз калимаҳои «менамояд» мувофиқан калимаҳои «, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ» илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 40:
- дар қисми 4 калимаҳои «қарор» ва «нашр менамояд» мувофиқан ба калимаҳои «қарорҳо» ва «нашри онҳоро таъмин менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ» иваз карда шаванд;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ташаккули махзани маълумотро оид ба қарорҳо дар бораи таснифоти мол таъмин менамояд.».
13. Ба моддаи 41 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Қарорҳои пешакӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин маълумоти дигари махфӣ (конфиденсиалӣ), ки ба шахси манфиатдор дахл дорад, дар сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дарҷ карда мешаванд.».
14. Дар моддаи 42:
- дар қисми 1 калимаҳои «чошнию намуна» ва «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» мувофиқан ба калимаҳои «чошнӣ ва (ё) намунаи молҳо, номгӯйи тиҷоратӣ, номгӯйи истеҳсолкунандаи мол» ва «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Агар маълумоти дар дархостномаи қабули қарори пешакӣ зикрнамудаи аризадиҳанда барои қабули қарори пешакӣ нокифоя бошад, мақоми гумрук дар давоми 30 рӯз аз санаи гирифтани чунин дархостнома аризадиҳандаро оид ба зарурати пешниҳоди маълумоти иловагӣ огоҳ менамояд ва мӯҳлати пешниҳоди онро муқаррар мекунад, ки ин мӯҳлат набояд аз 30 рӯз зиёд бошад. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани маълумоти иловагӣ, дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ рад карда мешавад.
Дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ дар он сурат рад карда мешавад, агар дар ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида ва маълумоти иловагие, ки бо дархости мақоми гумрукии баррасикунандаи дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ пешниҳод шудааст, маълумоти бо ҳам мухолиф ҷой дошта бошад.
Рад намудани дархостномаи қабули қарори пешакӣ ба муроҷиати такрории аризадиҳанда, ки қабули қарори пешакиро дархост кардааст, монеа намегардад, ба шарти бартараф кардани омилҳое, ки боиси раддияи дархостномаи мазкур гардида буданд.».
15. Дар моддаи 44:
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Қарори пешакӣ дар сурати тағйир ёфтани Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё ошкор гаштани хатоҳое, ки зимни қабули қарори пешакӣ роҳ дода шудаанд, тағйир дода мешавад.
Тағйирот дар мӯҳлати дар қарори тағйир додани қарори пешакӣ зикршуда, аммо на камтар аз 3 моҳи баъди рӯзи қабули қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори пешакӣ эътибор пайдо мекунанд.»;
- дар банди 2) қисми 4 калимаҳои «баъди интишори» ба калимаи «баъди интишори расмии» иваз карда шаванд.
16. Ба ҷумлаи якуми қисми 3 моддаи 63 пас аз калимаҳои «интишор карда шаванд» калимаҳои «, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ» илова карда шаванд.
17. Ба матни моддаи 67 пас аз калимаҳои «дигар моли шабеҳ» калимаҳои «, ҳамчунин нисбати моле, ки аз сарҳади гумрукӣ танзимгари ваколатдори иқтисодӣ интиқол медиҳад,» илова карда шаванд.
18. Моддаи 68 хориҷ карда шавад.
19. Боби 81 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 81. ТАНЗИМГАРИ ВАКОЛАТДОРИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 681. Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ
1. Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ - шахси ҳуқуқии ватание мебошад, ки ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дохил карда шуда, ба шартҳои моддаи 682 Кодекси мазкур ҷавобгӯ буда, ҳуқуқи истифодаи содагардонии махсуси пешбининамудаи моддаи 684 Кодекси мазкурро дорад.
2. Мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ба шахси ҳуқуқии ватанӣ бо роҳи додани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дода мешавад. Шакл ва тартиби додан, бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 682. Шартҳои додани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ
Шартҳои аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ гирифтани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ аз инҳо иборатанд:
1) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 Кодекси мазкур;
2) иҷрои фаъолияти савдои хориҷӣ на камтар аз се сол то рӯзи муроҷиат ба мақоми гумрук;
3) дар рӯзи муроҷиат ба мақоми гумрук мавҷуд набудани уҳдадориҳои иҷронашудаи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо, ҷаримаҳо аз рӯи қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд;
4) мавҷуд набудани ҳолатҳои дар давоми 1 (як) сол пеш аз муроҷиат ба мақоми гумрук ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
5) мавҷуд будани низоми баҳисобгирии молҳо, ки имконият медиҳад маълумоти ба мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол пешниҳодшударо бо маълумот оид ба гузаронидани амалиёти хоҷагидорӣ мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса намояд.
Моддаи 683. Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ
1. Дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дар асоси муроҷиати шахсе, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 681 ва 682 Кодекси мазкур ҷавобгӯ мебошад, амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодиро пеш мебарад ва таъмини нашри онро дар сомонаи расмии интернетии худ анҷом медиҳад.
Моддаи 684. Содагардонии махсуси ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ пешниҳодшаванда
1. Ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ содагардонии махсуси зерин пешниҳод карда мешавад:
1) анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба ворид шудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати мол дар навбати аввал;
2) дар навбати аввал гузаронидани назорати гумрукӣ, дар сурати таъини он дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ;
3) нигаҳдории муваққатии мол дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудуди дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
4) иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ мутобиқи моддаи 150 Кодекси мазкур;
5) анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба иҷозати мол дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудудҳои дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
6) пешниҳод накардани таъмини иҷрои ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки ҳамчун декларант нисбати ин мол баромад мекунад, дар ҳолатҳое, ки пешниҳоди чунин таъминот тибқи моддаи 86 Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст;
7) пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми иҷозати мол, аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки ҳамчун декларант нисбати ин мол баромад мекунад, бо хусусиятҳои пешбининамудаи моддаҳои 151 ва 160 Кодекси мазкур.
2. Содагардониҳои махсусе, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мегарданд, агар танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ҳамчун декларанти моле, ки нисбати он истифодаи чунин содагардониҳои махсус пешбинӣ шудааст, ҳуқуқи баромад карданро дошта бошад.
3. Номгӯйи молҳое, ки нисбати онҳо содагардониҳои махсуси моддаи мазкур пешбинӣ намегарданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
20. Дар қисми 2 моддаи 107 калимаҳои «Биноҳо ё майдончаҳои» ба калимаҳои «Биноҳо ва (ё) майдончаҳои» иваз карда шаванд.
21. Ба қисми 4 моддаи 108 пас аз калимаҳои «нашрияҳои расмии худ» калимаҳои «ва сомонаи расмии интернетии худ» илова карда шаванд.
22. Дар банди 1) қисми 1 моддаи 117 калимаҳои «шахсони алоҳида (моддаи 68)» ба калимаҳои «танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» иваз карда шаванд.
23. Банди 2) қисми 5 моддаи 131 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ;».
24. Дар қисми 6 моддаи 138 калимаи «пина» ба калимаи «фоизҳо» иваз карда шавад.
25. Дар қисми 2 моддаи 143 калимаҳои «ба сифати супоришдиҳандаи шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад» ба калимаҳои «аз ҷониби шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, ба сифати зомин» иваз карда шаванд.
26. Дар қисми 1 моддаи 150 рақами «68» ба рақами «684» иваз карда шавад.
27. Ба матни моддаи 154 пас аз калимаҳои «ба ҳабс гирифта нашуда бошад» калимаҳои «, ба шарти пешниҳод намудани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба маблағи пардохтшавандаи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳо» илова карда шаванд.
28. Ба қисми 4 моддаи 226 пас аз калимаҳои «нашрияҳои расмӣ» калимаҳои «ва сомонаи расмии интернетии худ» илова карда шаванд.
29. Ба моддаи 287 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Декларатсиякунонии гумрукии захираҳо бе ҷойгир намудани молҳо таҳти расмиёти гумрукӣ ба амал бароварда мешавад.
Ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо ба сифати декларатсияи гумрукӣ метавонанд декларатсияи мол, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ), тиҷоратӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигари ҳамроҳикунандаи мол истифода шаванд.
Рӯйхати маълумоте, ки ҳангоми декларатсиякунонии захираҳо дар декларатсияи гумрукӣ дарҷ карда мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мегардад.».
30. Дар моддаи 379:
- бандҳои 3), 4) ва 5) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3) боздошти маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё пардохт аз ҷониби шахси мазкур барои иҷро намудани фармоиши давлатӣ;
4) воридоти молҳои зудвайроншаванда;
5) воридоти ниҳолҳо ё маводи тухмӣ, воситаҳои ҳифзи растанӣ, хӯрокворӣ барои ҳайвонот, ғайр аз гурбаҳо, сагҳо ва парандаҳои ороишӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба фаъолияти кишоварзӣ машғул мебошанд;»;
- банди 3) мувофиқан банди 6) ҳисобида шавад.
31. Дар моддаи 382:
- қисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Таъминоти генералӣ аз ҷониби шахсоне, ки чунин таъминотро пешниҳод намудаанд, метавонад истифода гардад. Таъминоти генералӣ ба як ё якчанд мақоми гумрук метавонад пешниҳод карда шавад. Бо интихоби шахс таъминоти генералӣ метавонад дар шакли гарави пулӣ, замонат ё кафолати бонкӣ пешниҳод карда шавад.
5. Таъминоти генералӣ ба мӯҳлати на камтар аз як сол пешниҳод карда мешавад. Бо дархости шахсе, ки дар қисми 4 моддаи мазкур зикр гардидааст, ҳаҷми таъминоти генералӣ бо чунин воситаҳо метавонад зиёд шавад:
1) ворид кардани гаравҳои иловагии пулӣ;
2) аз нав дида баромадани (иваз намудани) ваколати бонкие, ки мӯҳлати амали он набояд аз мӯҳлати амали кафолати бонкӣ, ки қаблан аз ҷониби мақоми гумрук ҳамчун таъминоти генералӣ қабул гардидааст, кам бошад;
3) ворид намудани тағйироти дахлдор ба шартномаи замонат.
6. Назорат аз болои истифодабарии таъминоти генералӣ аз тарафи мақоми гумруке, ки ин таъминотро қабул кардааст, гузаронида мешавад.
7. Дар ҳолати ба таъминоти генералӣ баргардондани ситониш мақоми гумруке, ки ситониданро анҷом медиҳад, оид ба ин ҳолат шахси таъминоти генералӣ пешниҳоднамударо дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи ба таъминоти генералӣ баргардонидани ситонидан огоҳ мекунад.
8. Андозаи таъминоти генералии пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси маблағи пардохтшаванда бо дар назар доштани талаботи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Нисбати намудҳои алоҳидаи мол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолат ва шароитеро муайян менамояд, ки андозаи таъминоти генералии пешниҳодшаванда метавонад аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳое, ки пардохти онҳо бо чунин таъминоти генералӣ таъмин карда мешаванд, пасттар бошад.»;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
32. Ба моддаи 384:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «мағозаи савдои бебоҷ» калимаҳои «, танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 4) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5) андозаи 8000 – нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои танзимгари ваколатдори иқтисодӣ.».
33. Ба қисми 2 моддаи 387 пас аз калимаҳои «нашрияҳои расмии худ» калимаҳои «ва сомонаи расмии интернетии худ» илова карда шаванд.
34. Дар матни моддаи 391 калимаҳои «муваққатии гумрукӣ» ба калимаи «муваққатӣ» иваз карда шаванд.
35. Дар матни моддаи 405 пас аз калимаҳои «соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ» калимаҳои «, танзимгари ваколатдори иқтисодӣ,» илова ва калимаҳои «шахсони тартиби содагардонидашудаи махсусро истифодабаранда (моддаи 68),» хориҷ карда шаванд.
36. Дар моддаи 417:
- ба банди 2) қисми 2 пас аз калимаҳои «савдои бебоҷ» калимаҳои «, танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 6 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақомоти гумрук дар давоми панҷ рӯзи корӣ қабл аз оғози санҷиш ба таврӣ хаттӣ шахси санҷидашавандаро аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ огоҳ менамояд.».
37. Қисми 2 моддаи 421 бо мазмуни зерин ифода карда шавад:
«2. Дар сурати бо хулосаи коршиноси гумрукӣ аз рӯи экспертизаи аввалия ва (ё) иловагии гумрукӣ розӣ набудани декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ваколатдор ва намояндаҳои онҳо ё мақоми гумруке, ки экспертизаро таъин кардааст, экспертизаи гумрукии такрорӣ гузаронида мешавад. Гузаронидани экспертизаи гумрукии такрорӣ ба комиссияи иборат аз 2 (ду) ва зиёда коршиносон, ба истиснои коршиносе (коршиносоне), ки экспертизаи аввалия ва (ё) иловагиро гузаронидааст (гузаронидаанд), супорида мешавад. Коршиносе (коршиносоне), ки экспертизаи аввалия ва (ё) иловагиро гузаронидааст (гузаронидаанд), метавонад (метавонанд) зимни гузаронидани экспертизаи такрорӣ иштирок намояд (намоянд) ва ба комиссия тавзеҳот диҳад (диҳанд), аммо дар таҳқиқот ва омода намудани хулосаи коршинос иштирок намекунад (намекунанд).».
38. Ба қисми 4 моддаи 439 пас аз калимаҳои «нашрияҳои расмӣ» калимаҳои «ва сомонаи расмии интернетии худ» илова карда шаванд.
39. Моддаи 4701 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 4701. Фаъолияти мутақобила ва ҳамкории мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсоне, ки фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, инчунин шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда
1. Бо мақсади мувофиқати манфиатҳои муҳими ҷамъиятии шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда, мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи чунин шахсон ҳамкорӣ менамояд.
2. Ҳамкории мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда метавонад дар шаклҳои зерин анҷом дода шавад:
1) пешниҳод намудани таклифҳо ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
2) иштирок дар арзёбии самаранокии татбиқи чораҳои маъмурияти гумрукӣ;
3) шаклҳои дигари ҳамкорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Бо мақсади фаъолияти мутақобила ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи усулҳои самараноки барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ, мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат мегузаронад. Тартиби гузаронидани чунин машварат аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.».
40. Дар банди 11) қисми 1 моддаи 488 калимаи «эътибор» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ» иваз карда шавад.
41. Банди 1) қисми 1 моддаи 505 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1) аз тарафи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1678
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2019, № 1518
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 738
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2020 №: 4-7 Мутолиа карданд: 2315