қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ
ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2011, № 6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883; с. 2016, № 3, мод. 135, № 5, мод. 363) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 ва қисми 2 моддаи 6 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба моддаи 32 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Ҳангоми ворид гардидани муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ, аз ҷониби на кам аз се корманди тиббие, ки дар тобеияти муассисаи ҷойи нигоҳдории гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ нестанд, ҷиҳати муайян намудани дараҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ, нишонаҳои зӯроварӣ, истифодаи шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронида мешавад.».
3. Аз сархати дуюми банди 1) қисми 2 моддаи 34 калимаҳои «, дар ҳолатҳои истисно бо розигии прокурор дар камераҳое, ки ноболиғон нигоҳ дошта мешаванд, ҷойгир кардани калонсолони хислати мусбат зоҳирнамуда, ки бори аввал ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ҷинояти содиркардаи онҳо аз қабили ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нест, иҷозат дода мешавад» хориҷ карда шаванд.
4. Сархати дуюми моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҷойгир кардан дар карсер, камераи якнафара ва гауптвахта ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз, ба истиснои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1665
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2019, № 1522
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 724
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2020 №: 4-7 Мутолиа карданд: 1856