қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №3, мод. 207) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сирри давлатӣ – маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;»;
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаи «маълумот» калимаҳои «ва ҳомилҳои онҳо» илова карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда – маҷмӯи дараҷаҳои маълумот, ки мувофиқи онҳо маълумот ба сирри давлатӣ мансуб дониста, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ гардонида мешавад;
- дараҷаи махфият – дараҷае, ки муҳимияти маълумоти махфӣ, маҳдудияти дастрасӣ ва сатҳи ҳифзи он аз тарафи давлат муқаррар гардидааст;
- ҳифзи сирри давлатӣ – маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, техникӣ, криптографӣ ва оперативӣ, ки барои ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар карда шудаанд.».
2. Аз матни моддаи 2, сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 6, сархати дуюми қисми 1, сархати чоруми қисми 2 моддаи 7 ва сархати шонздаҳуми моддаи 8 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Ба ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 4 пас аз калимаи «роҳбарони» калимаи «аввали» илова карда шавад.
4. Дар моддаи 5 ва қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «қаламрави» ва «ва шаҳрвандон» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;».
6. Дар моддаи 10:
- дар сархати дуюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;».
7. Дар моддаи 18:
- дар банди 21) калимаи «пинҳонӣ» ба калимаи «махфӣ» иваз карда шавад;
- ба банди 24) пас аз калимаи «ташкил» калимаҳои «, воситаҳо ва усулҳои низоми махфият» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 20:
- дар қисми 2 калимаҳои «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад.
9. Ба моддаи 24 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Муҳлати раванди махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ аз лаҳзаи ба ҳомилҳои онҳо гузоштани муҳри махфият оғоз мегардад.».
10. Ба қисми 1 моддаи 37 пас аз калимаҳои «ба сирри давлатӣ» калимаҳои «ихтиёрӣ буда,» илова карда шаванд.
11. Қисми 4 моддаи 39 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1664
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2019, № 1520
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 723
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2020 №: 4-7 Мутолиа карданд: 1974