logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256; № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4744:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то чил» ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» ба калимаҳои «аз дусад то сесад» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 476:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз чорсад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» ва «аз ҳафтсад то як ҳазор» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз сад то дусад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз чорсад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз сад то дусад» ва «аз ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 477:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то панҷоҳ» ба калимаҳои «аз сад то дусад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то ҳафт» ба калимаҳои «аз ҳафтод то сад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз чил то панҷоҳ» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз чил то панҷоҳ», «аз сад то дусад» ва «аз ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 478:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз понздаҳ то бист», «аз сӣ то чил» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад», «аз сесад то панҷсад» ва «аз ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз бист то сӣ» ва «аз сесад то чорсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз дусад то сесад» ва «аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз чорсад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз сесад то панҷсад» ва «аз ду ҳазор то се ҳазор» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5271:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд;
- дар санксия калимаҳои «аз панҷоҳ то сад», «аз сад то дусад» ва «аз дусад то панҷсад» мувофиқан ба калимаҳои «аз сад то дусад», «аз сесад то панҷсад» ва «аз як ҳазор то ду ҳазор» иваз карда шуда, калимаҳои «бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» хориҷ карда шаванд. 
6. Дар моддаи 566:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то панҷоҳ» ба калимаҳои «аз ҳафтод то сад» иваз карда шаванд; 
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз сӣ то чил» ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» иваз карда шаванд. 
7. Қисми 4 моддаи 578 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эъломия накардан ё носаҳеҳ эъломия кардани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, ки бояд ҳатман ва ба таври хаттӣ мавриди эъломиякунӣ қарор гирад, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ҳангоме ки пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи эъломиянашуда ё носаҳеҳ эъломияшуда бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд бошад ё дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои асосӣ ба даст оварда шуда бошад, инчунин бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъйин карда мешавад. 
Эзоҳ: Воситаҳои гардони манзуршаванда - коғазҳои қиматноки манзуршаванда (саҳмияҳо, вомбаргҳо, чекҳо, векселҳо, пардохтҳои пулӣ) ё коғазҳои қиматноки дигаре (чекҳо, уҳдадориҳо ва пардохтҳои пулии пур накарда), ки ҳуқуқ ба онҳоро бо пешниҳод намудан бе нишон додани номи гиранда медиҳад.».
8. Дар моддаи 6031:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз ду то се», «аз панҷ то даҳ», «аз даҳ то понздаҳ» ва «аз бист то сӣ» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ», «аз бист то сӣ», «аз сӣ то чил» ва «аз сад то дусад»  иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз панҷ то ҳафт», «аз даҳ то бист», «аз бист то сӣ» ва «аз чил то панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то понздаҳ», «аз сӣ то панҷоҳ», «аз панҷоҳ то ҳафтод» ва «аз дусад то сесад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз ҳафт то даҳ», «аз понздаҳ то бист», «аз сӣ то сию панҷ» ва «аз панҷоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз бист то сӣ», «аз панҷоҳ то ҳаштод», «аз сад то дусад» ва «аз чорсад то панҷсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 4 калимаҳои «аз бист то сӣ» ва «аз чил то панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷоҳ то сад» ва «аз сад то дусад» иваз карда шаванд.
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан, сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1659
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 2019, № 1529
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 718

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 2437
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед