қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон –маҷмӯи фаъолияти инфиродӣ ва дастаҷамъонаи субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд;
- субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон – мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки барои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд;
- кирдорҳои зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғ – кирдорҳое, ки дар машғул шудан ба оворагардӣ, талбандагӣ ё фоҳишагӣ, истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда, кашидани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ ва нӯшокиҳои дар асоси он тайёркардашуда, инчунин кирдорҳои дигари поймолкунандаи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар ва давлат зоҳир мегарданд;
- пешгирии инфиродӣ – фаъолияти доимии субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ки таҳия ва татбиқи чораҳои махсусро оид ба огоҳонии намудҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкунӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, инчунин муайян ва таъсир расондан ба категорияҳои алоҳидаи ноболиғони содирнамудаи ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо пешбинӣ менамояд, ҳамчунин фаъолият оид ба сари вақт муайян намудани ноболиғон ва оилаҳое, ки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд, пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) аз тарафи ноболиғон ва фаъолият оид ба барқарорсозии ҳолати минбаъдаи иҷтимоӣ-омӯзгории онҳо;
- ноболиғи беназоратмонда – ноболиғе, ки рафтори ӯ дар натиҷаи иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбия ва ё нигоҳубини ӯ аз ҷониби падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда бе назорат мондааст;
- бепарастор – ноболиғе, ки бинобар сабаби фавти падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардани падару модар, маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, ғайриқобили амал эътироф шудани падару модар, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ҳозир набудани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бесаробон мондааст;
- душвортарбия – ноболиғе, ки мунтазам ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ)-ро содир менамояд;
- шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд – васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома ноболиғро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии ӯ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ноболиғ дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад;
- ноболиғ – шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;
- ноболиғи дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта – ноболиғе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатии ӯ хавфнок ё барои тарбия ва нигоҳубини ӯ ҷавобгӯнабуда қарор дорад, ки он ба монеъ шудан ба таҳсил ва инкишофи маънавии ӯ таъсир мерасонад;
- оилае, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор дорад – оилае, ки дар он падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадориҳои худро ҷиҳати таълиму тарбия ва ё нигоҳубини ноболиғ иҷро намекунанд ё худ ба ӯ таъсири манфӣ расонда, муносибати бераҳмона доранд, инчунин ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ, ҳолати бади саломатии падару модар, мубтало будан ба бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ ва содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) аз ҷониби онҳо;
- пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон – маҷмӯи чорабиниҳои дастаҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, ки аз ҷониби субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ карда мешаванд;
- огоҳонӣ – фаъолияти тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба татбиқи чораҳои умумӣ ва инфиродӣ ҷиҳати аз ҷониби ноболиғон содир накардани ҳуқуқвайронкуниҳою кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ва пешгирӣ намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидаткунанда.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон;
- қонуният;
- адолат;
- инсондӯстӣ;
- махфият;
- муносибати инфиродӣ ба тарбияи ноболиғон, аз ҷумла ноболиғони дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта;
- дастгирӣ ва таъмини пойдории оила;
- иштироки ҷомеа дар низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон;
- афзалияти чораҳои огоҳонӣ нисбат ба чораҳои ба ҷавобгарӣ кашидан.
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН
Моддаи 4. Субъектҳое, ки фаъолияти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро амалӣ менамоянд
1. Ба субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дохил мешаванд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти васоят ва парасторӣ;
- мақомоти маориф ва илм;
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- мақомоти кор бо занон ва оила;
- мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш;
- мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин;
- мақомоти фарҳанг;
- мақомоти прокуратура;
- мақомоти амнияти миллӣ;
- мақомоти назорати маводи нашъаовар;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак;
- мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷом дода мешавад.
3. Субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон аз ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқвайронкунӣ, азобу шиканҷа, зӯроварии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, муносибати бераҳмона, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истисмор, муайян намудани ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордошта уҳдадоранд ва бояд ба мақомоти зерин хабар диҳанд:
- ба мақомоти прокуратура – дар бораи риоя нагардидан ва вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак;
- ба мақомоти васояту парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак – дар бораи фаъолияти номуносиби мақомот ва ташкилотҳое, ки фаъолиятро оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамоянд ва дар бораи кӯдакони ятим, бепарастор ва ноболиғоне, ки дар вазъияти ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатардошта қарор доранд;
- ба мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – дар бораи ба касбомӯзӣ ҷалб кардани ноболиғони аз синни шонздаҳ боло дар муассисаҳои таълимии касбомӯзии соҳаи мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ба меҳнат ҷалб намудан ва пешгирии меҳнати маҷбурии ноболиғон;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ – дар бораи ноболиғоне, ки ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) содир намудаанд, оид ба падару модар ва шахсони дигаре, ки ноболиғонро ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ҷалб менамоянд, ё ин ки нисбати ноболиғон чунин кирдорҳоро содир менамоянд, инчунин оид ба зӯроварӣ дар оила нисбат ба ноболиғон;
- ба мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – дар бораи ноболиғоне, ки ба муоинаи тиббӣ ва табобат ниёз доранд;
- ба мақомоти маориф ва илм – дар бораи ноболиғоне, ки худсарона муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, махсус ва муассисаҳои дигари кӯдаконаро тарк намудаанд, ё ин ки мунтазам бе сабабҳои узрнок дар дарсҳо иштирок намекунанд;
- ба мақомоти назорати маводи нашъаовар – дар бораи ноболиғоне, ки маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин оид ба шахсони дигаре, ки ноболиғонро ба содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷалб мекунанд;
- ба мақомоти кор бо занон ва оила – оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғоне, ки оилаҳои онҳо дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти зерин мебошад:
- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- тасдиқи барномаҳои миллӣ ва давлатӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо пешниҳоди субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- назорати фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 6. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо (комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) иборат мебошанд.
2. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- андешидани чораҳо вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- ташкили назорат ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдаконе, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд;
- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои миллӣ ва давлатӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, беҳтар намудани шароити зисташон, тарбия, таълим, меҳнат ва истироҳати онҳо, пешгирии кирдорҳои ноболиғони беназоратмонда, бепарастор ва назорати амалишавии онҳо, бо тартиби муқарраршуда ташкили чорабиниҳо дар вақти холигии ноболиғон;
- пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- муайян намудан ва ба қайд гирифтани кӯдакони аз падару модар маҳрумгардида, ба муассисаҳои дахлдори таълиму тарбия супоридани чунин кӯдакон ва назорати шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини онҳо;
- мусоидат барои бо кор таъмин намудани ноболиғони аз синни шонздаҳ боло;
- баррасии мавод нисбати ноболиғоне, ки то расидан ба синни ҷавобгарии ҳуқуқӣ кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ё рафтори хилофи меъёрҳои ахлоқ ва зиддиҷамъиятӣ содир кардаанд;
- расонидани ёрии амалӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкили корҳои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани маълумот ҷиҳати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
- қабул намудани қарор оид ба эътироф намудани ноболиғ ва оилаи дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта дар асоси пешниҳоди субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакро таъсис дода, бо тартиби муқарраршуда ҳамкории субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғонро дар ҳудуди дахлдор таъмин мекунанд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти васоят ва парасторӣ
Мақомоти васоят ва парасторӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- бо мақсади беназорат намондани ноболиғон ва пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо, кӯдакони аз падару модар маҳрумгардидаро муайян ва ба қайд гирифта, бо дар назар доштани шароити мушаххаси маҳрум гардидани кӯдакон аз саробонии падару модар тарзи ҷойгиркунии кӯдаконро интихоб намуда, ба шароити нигоҳубин, тарбия ва таълими онҳо назорат мебаранд;
- бо мақсади пешгирии истифодаи маблағҳо ҷиҳати хариди машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва маводи дигари фурӯшашон барои ноболиғон манъгардида ба мақомоти судӣ оид ба маҳдуд ва ё маҳрум намудани ноболиғи аз синни чордаҳ то ҳаждаҳ аз ҳуқуқи мустақилона истифода бурдани маош, идрорпулӣ ва намуди дигари даромадҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ноболиғ бо тартиби муқарраршуда мавриди қобили амал ҳисобида шудааст, муроҷиат мекунанд, агар ноболиғ маблағҳои гирифтаашро барои хариди маводи зикршуда истифода бурда бошад;
- дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардани падару модар ба суд муроҷиат менамоянд;
- дар мурофиаҳои судӣ оид ба баррасии парвандаҳо дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум ё маҳдуд намудан ё барқарор кардани ҳуқуқи падарию модарӣ иштирок менамоянд;
- барои аз ҳуқуқи васоят ва парасторӣ маҳрум намудан ҳангоми ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) моил ё ҷалб намудани ноболиғон ва дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешанд;
- ноболиғони дар тарбияи васӣ ва парастор қарордоштаро ба қайд гирифта, бо мақсади пешгирии истифодаи ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) шароити нигоҳубин, тарбия ва таълими онҳоро якҷоя бо намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, раисони маҳаллаҳо таҳти назорат мегиранд ва аз шароити нигоҳубини ҳар як кӯдаке, ки таҳти тарбияи васӣ ва ё парастор қарор дорад, тибқи тартиб ва муҳлати муқарраргардида ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисобот пешниҳод менамоянд;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маориф ва илм
1. Мақомоти маориф ва илм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба рушди муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бе парастории падару модар монда, инчунин муассисаҳои таълимие, ки ноболиғони маъюб ва бемор ба таҳсил фаро гирифта мешаванд;
- ташкили ҷараёни таътили тобистона ва машғулиятҳои илмию адабӣ, варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои ноболиғон;
- ба қайд гирифтан ва ба субъектҳои дахлдори низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳод намудани маълумот оид ба ноболиғони аз таҳсил саркашинамуда ва дурмонда, ба таври мунтазам аз машғулиятҳо беасос дермонда ва ноболиғоне, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) майл доранд;
- таъсиси комиссияҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва равонӣ якҷоя бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо мақсади ошкор намудан ва расонидани кумакҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва равонӣ ба ноболиғон;
- амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ барои ноболиғони дорои имкониятҳои маҳдуд ё дорои рафтору ахлоқи ғайримуқаррарӣ ва ноболиғони дар таҳсил мушкилидошта;
- муайян намудани оилаҳо ва ноболиғоне, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва расонидани ёрӣ ба онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон;
- ҷалби ноболиғон ба маҳфилҳои забономӯзӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, техникӣ ва намудҳои дигари таҳсилоти иловагӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии тарбиягирандагони муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои инфиродии пешгирикунанда;
- таъмини дастрасии таҳсил ба ноболиғон;
- таҳия ва татбиқи барномаи тарбиявӣ ва дастурҳои методӣ бо ҷалби субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равоншиносон;
- таъмини шароити моддӣ, маънавӣ, нигоҳубин ва амнияти шахсии ноболиғон, муҳофизати онҳо аз таъсири омилҳои манфӣ, маҳдуд сохтани воридшавии озодонаи шахсони бегона ба муассисаи дахлдор, ки ба рафтору ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ расонда метавонанд;
- пешниҳоди маълумот ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳое, ки кӯдак аз ҷониби парастор таҳти шиканҷа қарор дода мешавад;
- пешниҳоди маълумот ба мақомоти корҳои дохилии маҳали ҷойгиршавии муассиса дар бораи ҳодисаҳои худсарона аз ҳудуди муассисаи дахлдор баромада рафтани ноболиғон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷустуҷӯ, дарёфт ва баргардондани онҳо ба муассисаи дахлдор;
- пешниҳоди маълумот ба комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани муҳлати нигоҳ доштани ноболиғ ё ба муассисаи дигари махсуси таълимиву тарбиявии шакли пӯшида гузаронидани ӯ;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ
1. Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамояд. Дар мақомоти корҳои дохилӣ хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон, ҳамчун воҳидҳои махсус вобаста ба пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон фаъолият мекунанд.
2. Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва сохторҳои он дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- амалӣ намудани корҳои умумӣ ва инфиродии пешгирикунанда;
- андешидани чораҳо нисбат ба ноболиғоне, ки дар кофтуков ё дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва бо тартиби муқарраршуда фиристонидани онҳо ба субъектҳо ё муассисаҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- ирсол намудани пешниҳод ба ҷои кор ё таҳсил, маҳали зист ҷиҳати муҳокима ва андешидани чораҳои таъсиррасонии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки ноболиғонро ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ҷалб мекунанд ва ё нисбати ноболиғон кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ)-ро раво мебинанд;
- баррасии арзу шикоятҳои ноболиғон ва падару модар вобаста ба вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҷойгир намудани ноболиғон дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ;
- ба субъектҳои дахлдори низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳод намудани маълумот оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғон, инчунин сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани онҳо мусоидат мекунанд;
- ба қайд гирифтани ноболиғони душвортарбия ва бо онҳо гузаронидани чораҳои инфиродии огоҳонӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти васоят ва парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҷойгир намудани кӯдакони ятим ва бепарастормонда дар муассисаҳои дахлдор;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани фаъолият оид ба қабули шабонарӯзӣ ва нигоҳдошти муваққатии ноболиғони аз синни се то ҳаждаҳ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни онҳо;
- гузаронидани чораҳои инфиродии пешгирикунанда бо ноболиғони овардашуда, муайян намудани сабаб ва шароите, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ, беназоратӣ ва кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) оварда мерасонанд ва пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти дахлдор;
- огоҳ намудани падару модари ноболиғон дар бораи овардан ва нигоҳ доштани онҳо дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон;
- ҳамкорӣ бо мақомоти васоят ва парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати дар муассисаҳои дахлдор ҷойгир кардани ноболиғони бепарастор;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
4. Ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон ба таври шабонарӯзӣ бо тартиби муқарраршуда ноболиғони зерин оварда ва қабул карда мешаванд:
- ноболиғоне, ки бинобар сабаби марг ё маъюбшавӣ ва ё корношоямии муваққатии падару модар бе парастор мондаанд;
- ноболиғоне, ки дар оилаҳои дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта зиндагӣ мекунанд;
- ноболиғоне, ки худсарона аз хона баромада рафтаанд ва ё муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва бепарастормонда ё муассисаҳои дигари кӯдаконаро тарк кардаанд, ба истиснои кӯдаконе, ки муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии навъи пӯшидаро тарк кардаанд;
- ноболиғоне, ки ҷойи муқимии зист ё ҷойи истиқомат ва воситаи рӯзгузаронӣ надоранд;
- ноболиғоне, ки ба вазъияти дигари душвори зиндагӣ дучор гардидаанд ва ба кумаки иҷтимоӣ ё барқарор сохтани шароити беҳтари зиндагӣ эҳтиёҷ доранд;
- ноболиғоне, ки аз ҷониби падару модарон ё парасторони онҳо таҳти зӯроварӣ қарор гирифта, ба ҷойи зист баргаштан намехоҳанд;
- ноболиғоне, ки то синни шонздаҳ ҳуқуқвайронкунӣ содир намуда, аз таҳти назорати падару модар баромадаанд;
- ноболиғоне, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия муҳтоҷанд ва бо ин сабаб ба муассисаҳои махсуси тарбиявӣ фиристонида мешаванд;
- ноболиғоне, ки ба омӯзишгоҳҳои махсуси касбию техникӣ фиристода мешаванд;
- ноболиғоне, ки ба муассисаҳои табобатию тарбиявӣ фиристода мешаванд;
- ноболиғоне, ки шахсан барои кумак муроҷиат намудаанд ё аз ҷониби шаҳрвандон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва худи қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон, ки дар кӯча ва ҷойҳои дигар бе назорат мондаанд ё ба оворагардӣ машғуланд, оварда шудаанд;
- ноболиғоне, ки бо қарори суд ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии навъи пӯшида фиристода мешаванд;
- ноболиғоне, ки ба синни ҷавобгарии ҳуқуқӣ нарасидаанд, вале кирдорҳои ба ҷамъият хавфнокро содир намудаанд, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо ё пешгирии содиркунии амалҳои такрории ба ҷамъият хавфнок, инчунин дар ҳолатҳое, ки шахсияти онҳо маълум нест.
5. Тартиби ворид намудан ва муҳлати нигоҳдошт дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани донишҳои санитарию беҳдоштӣ дар байни ноболиғон ва падару модарон;
- таъсис ва рушди муассисаҳое, ки ба кӯдакону наврасон кумаки наркологӣ ва равонӣ мерасонанд;
- қабули шабонарӯзӣ ва дар муассисаҳои табобатию иҷтимоии махсусгардонидашудаи (хонаҳои кӯдакон) мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳ доштани кӯдакони бесоҳиб дарёфтшуда ё кӯдакони аз муҳити хатарнок гирифташуда, аз ҷумла ҷабрдидаи ҷиноят, зӯроварӣ ва кӯдакони дигари то синни се, ки бе парастории падару модар мондаанд;
- пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти назорати маводи нашъаовар дар бораи ноболиғоне, ки маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани онҳо мусоидат мекунанд;
- муоинаи тиббии ноболиғони бе парастории падару модар монда ва бо дар назар доштани вазъи саломатии онҳо пешниҳод намудани тавсияҳо барои ҷойгир кардани чунин кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ;
- қабули шабонарӯзии ноболиғони дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва воситаҳои нашъадор қарордошта дар муассисаҳои мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои расондани кумаки тиббӣ;
- пешниҳод намудани хулоса дар бораи вазъи саломатии ноболиғони ҷиноятсодирнамуда ё амали дигари хавфноки ҷамъиятиро анҷомдода бо мақсади муайян намудани мавҷудияти бемориҳои хавфнок ҷиҳати фиристодани ноболиғон ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии шакли пӯшида;
- ошкор, бақайдгирӣ, муоина ва табобати ноболиғоне, ки машруботи спиртӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда истеъмол кардаанд, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин амалҳо;
- мусоидат ба фаро гирифтани ноболиғони маъюб бо тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ;
- мусоидат ба фаро гирифтани ноболиғони дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта бо хизматрасонии иҷтимоӣ дар маҳалли зист;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти кор бо занон ва оила
Мақомоти кор бо занон ва оила дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ оид ба мавқеи занон дар оила ва тарбияи ноболиғон, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, асосҳои баробарҳуқуқии гендерӣ, тарзи ҳаёти солим;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳия, ҳамоҳанг ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ барои духтарони ноболиғи ятиммонда ва ноболиғоне, ки қурбонии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона гардидаанд;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини фазои якдигарфаҳмӣ дар оила ва фаъолгардонии иштироки фарзанд дар ҳаёти оилавӣ;
- таҳияи дастурҳои методӣ ва маводи тарғиботӣ оид ба одоби оиладорӣ, муносибати байни падару модар ва фарзандон, эҳтироми падару модар, мушкилоти оилавӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар оила;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати касбомӯзии духтарони ноболиғи аз таҳсил дурмонда, инчунин гирифтори зӯроварӣ ва зери хатар қарордошта;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон андешидани чораҳо оид ба муайян намудани оилаҳое, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд;
- гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти дахлдор дар бораи ҳуқуқвайронкунии духтарони ноболиғ, инчунин оид ба ҳодисаҳои номатлуб (суиқасди худкушӣ, аз хона гурехтан ва дигар ҳолатҳо) ва гузаронидани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ бо онҳо;
- аз суд ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гирифтани маълумот оид ба бекоршавии ақди никоҳи оилаҳое, ки фарзандони ноболиғ доранд ва андешидани чораҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш
Мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- иштирок ва ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муассисаю ташкилотҳои мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш ва ба роҳ мондани фаъолияти ташкилию методӣ бо онҳо дар огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- дар доираи барномаҳои дахлдор аз ҷиҳати молиявӣ ва моддӣ дастгирӣ намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакону ҷавонон, ки фаъолияти онҳо ба амалӣ сохтани тадбирҳо вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии хуқуқвайронкунии ноболиғон равона гардидааст;
- гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ доир ба масъалаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- дар доираи барномаҳои дахлдор ба роҳ мондани хизматрасониҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ ба ноболиғон;
- таҳия ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабул пешниҳод намудани тартиби истифодабарии майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон таҳлил ва муайян намудани сабаб ва омилҳои ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидаткунанда;
- манзур намудани пешниҳод ба субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- мунтазам баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва спартакиадаҳо дар байни ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ ва давлатӣ оид ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти дахлдор;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- ҷорӣ намудани низоми омӯзиши касбии ноболиғон дар муассисаҳои таълимии мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- андешидани тадбирҳо якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати аз байн бурдани меҳнати маҷбурии кӯдакон;
- андешидани чораҳо ҷиҳати ҷойгир кардани ноболиғони душвортарбия дар муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ;
- андешидани тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани савдои кӯдакон, инчунин ҷалб намудан ба меҳнати маҷбурии кӯдакон;
- андешидани тадбирҳо дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак ва истифодаи меҳнати маҷбурӣ;
- ташкил намудани курсҳои касбомӯзӣ барои ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордошта;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани шаклҳои меҳнате, ки ноболиғон ба он метавонанд дар вақтҳои холӣ машғул шаванд;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- иштирок дар амалигардонии барномаҳои субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- гузарондани чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ ҷиҳати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- ошкор ва бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон дар самти озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти фарҳанг
Мақомоти фарҳанг дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон истифодаи мероси фарҳангӣ дар тарбияи ахлоқии онҳо ва таъмини дастрасии ноболиғон ба муассисаҳои фарҳангӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти прокуратура
Мақомоти прокуратура дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- муроҷиат намудан ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- дар як сол на кам аз як маротиба таҳлилу ҷамъбаст намудани вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигари ноболиғон, сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда, ҳолатҳои дигари риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ноболиғон ва вобаста ба натиҷаи онҳо андешидани чораҳо ва охири ҳар сол пешниҳод намудани маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои зикргардида;
- қабул намудани санадҳои эътиноии прокурорӣ ҷиҳати бекор намудан, тағйир додани санадҳои ғайриқонунӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин бо дар назар доштани хусусияти қонунвайронкунӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё шаҳрванд оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашидан ё дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба риоя ва иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақомоти амнияти миллӣ
Мақомоти амнияти миллӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷалби ноболиғон ба фаъолияти террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои дигар, ки пешбурди таҳқиқ ва тафтишоташон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ дохил мебошанд, инчунин аз байн бурдани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти назорати маводи нашъаовар
Мақомоти назорати маводи нашъаовар дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани корҳои умумӣ ва пешгирии инфиродии нашъамандӣ дар байни ноболиғон;
- бақайдгирии ноболиғони нашъаманд ва ирсол намудани пешниҳод ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати андешидани чораҳои таъсиррасонии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ноболиғони нашъаманд;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҷойгир намудани ноболиғони нашъаманд дар муассисаҳои махсуси тиббӣ;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 20. Ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи ваколаташ:
- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумоти дастрасшударо вобаста ба вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон баррасӣ менамояд;
- аз мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, бо мақсади баррасии масъалаҳои ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак алоқаманд маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб мекунад;
- дар фаъолияти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 21. Мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ширкат меварзанд
Иштироки мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ширкат меварзанд
Маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ширкат меварзанд, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои дахлдори буҷетӣ пешбинишуда ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигари молиявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
БОБИ 3. ПЕШГИРИИ УМУМӢ ВА ИНФИРОДӢ
Моддаи 23. Пешгирии умумӣ
1. Пешгирии умумӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое мебошад, ки дар амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва бартарафсозии сабаб ва шароити мусоидаткунанда ба содиршавии онҳо иштирок менамоянд.
2. Ба шаклҳои асосии амалигардонии пешгирии умумӣ дохил мегарданд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои дигар оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- гузаронидани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- муайян ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба бартараф намудани сабаб ва шароите, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон мусоидат мекунанд.
3. Пешгирии умумӣ метавонад дар навбати худ чораҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи дорои хусусияти иқтисодию иҷтимоӣ, ташкилию идоракунӣ, мафкуравӣ, техникӣ ва ҳуқуқиро дар бар гирад.
Моддаи 24. Пешгирии инфиродӣ
1. Пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғони зерин амалӣ карда мешавад:
- беназоратмонда ё бепарастор;
- ба оворагардӣ ё талбандагӣ машғулбуда;
- дар вазъияти носолими иҷтимоӣ қарордошта;
- онҳое, ки бе сабабҳои узрнок ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳозир намешаванд;
- тарбиягирандагони марказҳои иҷтимоиву барқароркунии ноболиғон, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон, муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ ва муассисаҳои дигари барои ноболиғони ба кумаки иҷтимоӣ ва барқароршавӣ эҳтиёҷдошта;
- истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда;
- онҳое, ки то расидан ба синну соли ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кирдорҳои ба ҷамъият хавфнокро содир намудаанд;
- айбдоршавандагон ё гумонбаршудагон, ки барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ нагаштааст;
- онҳое, ки аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шартан пеш аз муҳлат ё бо сабаби қабули санади авф ё бахшиши ҷазо озод гардидаанд;
- онҳое, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баъди адои ҷазо озод гардидаанд, агар ба балоғат нарасида бошанд;
- онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои категорияҳои начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна гунаҳгор дониста шудаанд ва бо ҳукми суд бо истифода аз чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ аз адои ҷазо озод гардидаанд;
- онҳое, ки нисбаташон ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ба корҳои ҳатмӣ, ислоҳӣ ва ё ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум гардидаанд;
- ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Пешгирии инфиродӣ, инчунин нисбат ба падару модари ноболиғоне, ки вазифаҳои худро оид ба таълим, тарбия ва нигоҳубини ноболиғ иҷро накарда, ба рафтори онҳо ба таври манфӣ таъсир расонида, бо онҳо муносибати бераҳмона доранд, гузаронида мешавад.
Моддаи 25. Асосҳои гузаронидани пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон
1. Асосҳои гузаронидани пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон афзоиши сатҳи содиркунии намудҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳдидҳо ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шахсони алоҳида шуда метавонанд.
2. Асосҳои бевосита барои гузаронидани пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон инҳоянд:
- аризаи ноболиғ, падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар бораи расонидани кумак оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати мақомоти давлатӣ дохил мешаванд;
- санадҳои судӣ;
- қарори комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, прокурор, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ;
- маълумотнома ё мактуби муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нисбати ноболиғоне, ки аз ин муассиса озод гардидаанд;
- хулосае, ки дар натиҷаи гузарондани санҷиши муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла маълумоти аз васоити ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ бадастовардашуда аз тарафи субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тасдиқ шудааст.
3. Пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон, падару модар то лаҳзаи зарурӣ барои расонидани кумаки иҷтимоӣ ва кумаки дигар ба ноболиғон, бартарафкунии сабаб ва шароити мусоидаткунанда ба беназоратӣ, бепарасторӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноят, кирдорҳои зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғон ё то расидан ба синни ҳаждаҳ ва ё ҳолатҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 26. Чораҳои инфиродии огоҳонӣ
1. Ба чораҳои инфиродии огоҳонӣ дохил мешаванд:
- суҳбати пешгирикунанда;
- таҳти назорати пешгирикунанда қарор додан;
- ирсол намудани пешниҳод барои бартараф намудани сабаб ва шароити ба ҳуқуқвайронкунӣ мусоидаткунанда;
- тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ;
- чораҳои таъсиррасонии тарбиявӣ;
- амрномаи муҳофизатӣ;
- чораҳои дорои хислати маҷбуркунӣ ва маҳдудсозанда (табобати маҷбурӣ, маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, дастгирикунии маъмурӣ ва чораҳои дигари таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳти парасторӣ супоридани ноболиғ ва чораҳои дигари пешгирии мурофиавии ҷиноятӣ, татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хислати тарбиявӣ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ).
2. Чораҳои мушаххаси инфиродии огоҳонидан бо дар назар доштани дараҷаи ба ҷамъият хавфноки кирдор ва хусусиятҳои инфиродии шахс тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои шахсоне, ки нисбат ба онҳо пешгирии инфиродӣ гузаронида мешавад
1. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо пешгирии инфиродӣ гузаронида мешавад, метавонанд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
2. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарорҳо вобаста ба татбиқи чораҳои пешгирии инфиродӣ нисбати ноболиғ шикоят кунанд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1658
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 2019, № 1537
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 715
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2020 №: 4-7 Мутолиа карданд: 2755