порлумон
ИНТИХОБОТ. КМИР ДАР 30 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ 39 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ ТАЪСИС ДОД
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро ташкил намуд. Участкаҳои интихоботӣ дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар амал менамоянд, ки ин амр бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихобот рӯи даст гирифта шудааст.
Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) итиллоъ дода шуд. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, баргузор гардид, ҳамчунин, масъалаи ташкили гурӯҳи кории комиссия оид ба қабул ва таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ ва вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид. Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади таъмини шаффофияти раванди омодагӣ ва баргузории интихобот, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби мушоҳидони байналмилалӣ, аллакай, ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ба як қатор созмону ташкилотҳои бонуфуз даъватномаҳо ирсол намудааст.
Ҳамчунин, КМИР ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти босамари комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ва волонтёрон ду китобчаи «Роҳнамо» таҳия намудааст, ки зимни ҷаласа тасдиқ гардиданд. Ба бовари роҳбарияти комиссия ин дастурамалҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии масъулони комиссияҳои ҳавзавӣ ва таъмини баробарӣ дар раванди интихобот хидмат хоҳанд кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2020 №: 14 Мутолиа карданд: 914