иқтисод
УРМЕТАН. ВАҚТЕ ОБИ ПОЛИЗӢ НАМЕРАСАД…
Шукри истиқлолият, ваҳдати миллӣ, оромию осудагӣ, ки дар пайи талошу такопӯи Сарвари хирадманди давлат ва заҳмати содиқонаи мардум Тоҷикистон рӯз ба рӯз рушд мекунад, зебою шукуфон мешавад. Рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, хусусан дар бахши энергетика, басо назаррас аст. Бо ба кор даромадани иқтидорҳои азими энергетикӣ дар кишвар садҳо корхонаҳои бузурги саноатӣ ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ қомат меафрозанд ва зиндагии мардум беҳтар мешавад. Мутаассифона, аз хунукназарии баъзе масъулон сокинони деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо сабаби набудани тавоноии кофии барқ дар пойгоҳи обкашӣ ва камчинии оби полизӣ аз замин ҳосили хуб гирифта наметавонанд.
Сокинони яке аз калонтарин деҳоти ноҳия– Урметан, асосан, ба боғдорӣ, зироаткорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Соҳибкорӣ низ ривоҷ ёфта истодааст. Теъдоди ошхонаю мағоза, қассобхонаю сартарошхона дорухонаю корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳанӯз соли 1980 бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 60 гектар замини деҳаҳои Урметану Лангар ва обёрӣ кардани 18 гектар замини бекорхобида дар дашти Устообид пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуда буд. Вале муҳаррикҳои пойгоҳи обкашӣ зуд-зуд корношоям мегардиданд. Мутахассисон роҳи асосии ҳалли мушкилро дар кашидани хати барқ аз зеристгоҳи «Кошона» то насоси дашти Устообид медиданд.
Соли 1985 аз зеристгоҳи барқии шаҳри Панҷакент ба масофаи 25 км хати барқ кашида, насоси обкашӣ иваз карда шуд. Он замон пойгоҳи обкашӣ мунтазам кор мекард. Мутаассифона, ба хати барқи алоҳидаи пойгоҳи обкашии дашти Устообид деҳоти Урметан ва якчанд деҳаи шаҳри Панҷакент пайваст карда шуданд ва шиддати барқ кам шуд. Сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Айнӣ Шамсиддин Нуриддинов мегӯяд, ки сабаби асосии кор накардани пойгоҳи обкашӣ паст шудани шиддатнокии барқ аст.
Раисони собиқи ноҳия талаботи аҳолиро ба инобат гирифта, оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ барои сокинони деҳоти Урметан борҳо ба ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат карданд, аммо бенатиҷа. Раиси шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент Н. Ҳикматуллоев бо мақсади таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ ба идораи ҶСК «Энергосет проект» барои тартиб додани харҷнома оид ба зеристгоҳи барқӣ дар деҳоти Урметан 85 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд ва дар мавзеи дашти Устообид 0,5 гектар замин барои бунёди зеристгоҳи барқӣ ҷудо гардид.
Талаботи рӯзафзуни аҳолии деҳоти Урметан ва деҳаҳои Хайрободу Куши деҳоти Дардарро ба инобат гирифта, трансформатори камиқтидори зеристгоҳи «Кошона»-ро ба трансформатори баландиқтидори зеристгоҳи «Зарафшон» иваз карданд. Айни ҳол сокинони деҳоти Урметан ва деҳаҳои Хайрободу Кум шикоят доранд, ки шиддатнокии хати барқ талаботашонро қонеъ карда наметавонад.
Ногуфта намонад, ки ширкати «Барқи тоҷик» шикояти сокинони деҳоти номбурдаро ба инобат гирифта, аз шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан бо мақсади бунёди зеристгоҳи барқӣ трансформатори пуриқтидорро ба мувозинаи шабакаи барқи шаҳри Панҷакент гузаронд. Мутаассифона, мушкил боз ҳал нашуд.
Сарвари давлат ҳамеша масъалаи мақсадноку оқилона истифода бурдани заминҳо, рушди соҳаи картошкапарварӣ, зиёд кардани боғҳои интенсивӣ ва аз як замин гирифтани 2-3 ҳосилро таъкид мекунанд. Аммо дар Урметан оби полизӣ намерасад. Худ қазоват кунед, магар бе оби полизӣ аз замин ҳосили фаровон гирифтан имконпазир аст? Сокинони деҳоти Урметан ва деҳаҳои Куму Хайрободи деҳоти Дардар умед доранд, ки масъулони ниҳодҳои дахлдор арзи онҳоро ба инобат гирифта, дар ҳалли масъала саҳм мегузоранд.
Бовар дорем, ки пас аз нашри мақола роҳбарони Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати «Барқи тоҷик» барои осон кардани мушкили мардуми деҳоти номбурда якҷоя чораҳои мушаххас меандешанд.
М. ҚУЛОВ,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2020 №: 14 Мутолиа карданд: 916