иқтисод
СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА АНДОЗАИ 7 МИЛЛИАРДУ 494 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Кишоварзони вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуданд, ки дар натиҷа тайи ёздаҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 7 миллиарду 494 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хабарнигори «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи рустанипарварӣ 5595,8 миллион сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 1898,2 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш мутаносибан ба 107,5 ва 113,3 дарсад баробар шуд.
Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли сабзавот ба 484,4 ҳазор тонна, картошка ба 450,3 ҳазор тонна, полизӣ ба 125,9 ҳазор тонна, мевагӣ ба 147,3 ҳазор тонна, ангур ба 61,6 ҳазор тонна, гӯшт ба 41,6 ҳазор тонна, шир ба 238,8 ҳазор тонна, асал ба 1391,6 тонна, пашм ба 1513,2 тонна ва тухм ба 383,3 миллион дона расид. 323,6 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2019 №: 252 Мутолиа карданд: 691