logo

иқтисод

ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Паёми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ тамошо карда, рӯҳу илҳоми тоза гирифтем. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро баҳри рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодию хоҷагии мамлакат доир ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ возеҳу равшан баён намуд.

Дар ин замина роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар Паём масъалаи бо сабабҳои гуногун коҳиш ёфтани содироти нахи пахта, меваю сабзавот ва консерва зикр шуд.
Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба шумор рафта, дар заминаи он сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд. Соҳаи пахтакорӣ манбаи асосии таъмини аҳолии деҳот бо ҷойи кор, ашёи хоми саноатӣ ва воридкунандаи асъори хориҷӣ мебошад.
Деҳқонони вилояти калонтарини пахтакори мамлакат - Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бобати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар майдони 122097 гектар (70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳурӣ) пахта кошта, иҷроиши дурнамои пешбинигардидаро 100,1 дарсад таъмин намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, ҳалли масъалаҳои ҳавасмандгардонии кишоварзони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят ситоди  вилоятии “Ҳосил - 2019” – ро таъсис дод.
Дар натиҷаи роҳандозии дурусти як қатор тадбирҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 276 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, дурнамою истеҳсол 100,4 дарсад таъмин гардид. Ҳаҷми ҳосили бадастомада дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳазору 443 тонна зиёд мебошад.
Аз як қитъаи замин гирифтани чанд ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз нуктаҳои муҳими Паём буда, минбаъд бояд самти асосии фаъолияти олимон ва кишоварзон қарор гиранд.
Бо вуҷуди ин, барои расидан ба мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фароҳам овардани шароити созгор барои зиндагии ҳар фарди Тоҷикистон нигаронда шудаанд, бояд бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва пурсамар талош варзем.

Умед ЗОҲИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2020    №: 1    Мутолиа карданд: 748
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед