logo

иқтисод

СОҲИБКОРИИ ЗАНОН. МУШКИЛИҲО ҲАНӮЗ КАМ НЕСТАНД

Тибқи маълумоти равзанаи ягонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 72 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Тайи солҳои  2013 – 2019  аз  ҷониби  муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» - и назди Президенти кишвар 30 бонуи соҳибкор дар самтҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ, лампаҳои каммасраф, консерв ва занбӯриасалпарварӣ дастгирӣ ёфт. Бо вуҷуди ин, мушкилоти ҳалталаб дар ҷодаи соҳибкории занон ҳанӯз кам нестанд.

«МЕВА ДАР ДАРАХТ ЯХ БАСТ»
Ба таъкиди мутахассисон, рушди соҳибкории занон неруи муассир буда, имкон медиҳад, ки бахшҳои афзали иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла саноат, ривоҷ ёбанд. Аммо фаъолияти бонувон дар ҷодаи соҳибкорӣ то ҳол хусусияти густурда касб накардааст ва неруи онҳо барои саноатикунонии босуръати кишвар на ҳамеша самаранок истифода мегардад.
Тавре роҳбари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор - «Кадбону» Сабоҳат Раҳимзода иброз дошт, аксари аҳолии қобили меҳнати деҳоти кишвар ба кишоварзӣ машғуланд, вале касе нест, ки маҳсулоташонро ба бозор барорад.
-  Шаш сол пеш дар деҳаи Кабкрези Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод дар масоҳати 6 гектар боғ бунёд кардам. 1800 дарахти олую себу нок ва бодому гелос шинондам. Инак, соли дуюм аст, ки дарахтон ҳосил медиҳанд, лекин харидор пайдо карда наметавонам. Порсол хостам, ки меваҳоро ба хориҷи кишвар фурӯшам, вале набудани маблағ мушкили роҳам шуд. Ба Вазорати кишоварзӣ муроҷиат кардам, аммо афсӯс, ки масъала барояшон муҳим нанамуд. Аз ноилоҷӣ қисми ночизи ҳосили боғро дар бозори «Деҳқон» - и пойтахт бо нархи арзон фурӯхтаму бисёриашро ба хешовандону ҳамсояҳоям тақсим кардам. Боқимондааш дар шохҳои дарахтон ях баст. Агар дар маҳалҳо корхонаҳои консерв ё нуқтаҳои махсуси мевақабулкунӣ мавҷуд мебуданд, кори мо тамоман ранги дигар мегирифт, - гуфт ӯ.

ҲУНАРМАНДОН МАҲСУЛОТРО ФУРӮХТА НАМЕТАВОНАНД
Раъно Назирова, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкори вилояти Хатлон, вазъи соҳибкории занонро дар вилоят ташвишовар арзёбӣ намуда, гуфт, ки аксаран фаъолияти онҳо ба ном асту халос. Дар вилоят барои ба истеҳсолот ҷалб намудани занон имкониятҳо хеле фаровонанд, аммо бонувон ба таври зарурӣ дастгирӣ намеёбанд.
- Иқтидорҳои истеҳсолӣ дар вилоят самаранок истифода намешаванд. Масалан, Темурмалик ноҳияи чорвопарвар аст, аммо пӯсту пашм барбод меравад. Корхонаи коркарди пӯст дар ноҳияи Қубодиён бо сабаби норасоии ашёи хом бекор хобидааст. Ягон корхонаи коркарди шир ҳам нест. Бо таъсис додану ба кор даровардани чунин корхонаҳо занонро бо ҷойи кори хуб таъмин сохтан имконпазир аст, - гуфт ӯ.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки на ҳамаи занони ҳунарманд имкони фурӯши маҳсулоти дар хонаашон истеҳсолкардаро доранд. Сокини деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Дӯстӣ Сабоҳат Қушоқова аз зумраи занони ҳунарманди вилоят аст, ки маҳсули дастонаш намоишгоҳҳои ноҳияву вилоятро зеб медиҳанд. Ӯ чунин гила кард:
– Мо, аҳли оила, ҳунармандем ва аз ҳамин ҳисоб рӯзгор пеш мебарем. Зиёда аз 20 сол аст, ки гилембофӣ мекунему гулдӯзӣ. Аммо мағозае нест, ки онҳоро ба харидор пешниҳод созем. Соле пеш дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди мағоза ба масъулони ноҳия муроҷиат кардам, аммо то ҳол садое нест.

МУАММОИ СОДИРОТ
Роҳбари ҶДММ «Насим» - и шаҳри Хоруғ Набот Додхудоева ба соҳибкории истеҳсолӣ машғул аст.
- Меваи хушки мо, хосса тутмавиз, дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб ва Россия, талабгорони зиёд дорад, лекин барои содирот мушкилӣ мекашем. Пеш аз ҳама, ташкили хизматрасонии  нақлиётӣ беҳбудӣ мехоҳад. Масалан, соҳибкорони мо аз Туркия борро харида, ба нуқтаи боринтиқолдиҳӣ месупуранд ва онҳо худашон дар муддати муайяншуда маҳсулотро ба ҷои даркорӣ мерасонанд. Чунин шеваи кор дар мо нест. Соҳибкор ҳайрон мемонад, ки барои содирот ба куҷо муроҷиат кунад. Марказ ё равзанаи ягонае нест, ки ба мо маслиҳат диҳад. Ҳатто барои ба Душанбе расондани 15 - 20 қуттӣ мол ҳам мушкил пеш меояд. Гирифтани мошини алоҳида ҳам ба манфиати кор нест. Иқтидори истеҳсолиро ба 60 – 70 тонна расонданием, аммо ба хориҷ содирот намуданаш то ҳанӯз муаммост. Хуб мешуд, ки дар кишвар марказҳои боринтиқолдиҳӣ (логистикӣ) таъсис меёфтанду соҳибкорон барои аз як минтақа ба минтақаи дигар ё кишварҳои хориҷ бурдани мол сарсону саргардон намегаштанд, - иброз дошт Н. Додхудоева.

ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ СОҲИБКОРЗАНОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД, МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ ЧӢ?
Соҳибкори ноҳияи Ашт Нодира Муъминҷонова соли 2015 коргоҳи дӯзандагии «Дурахшон» - ро, ки барои дӯхти либосҳои мактабӣ махсус гардонда шудааст, таъсис дод. 20 бонуи бекор, аз ҷумла маъюбонро, ба шуғл фаро гирифта, соле то 10 ҳазор либос истеҳсол мекунад. Нодира бар он аст, ки дастгирии бонувони соҳибкор аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, аммо мақомоти маҳаллӣ дар бисёри мавридҳо хунукназарӣ зоҳир менамоянд.
- Бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бинои фарсудаи маркази алоқаи ноҳияро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ таъмир ва дар он сехи дӯзандагӣ ташкил кардам. Тибқи шартнома бо маркази алоқаи ноҳия, ки моҳона 250 сомонӣ муайян шудааст, иҷорапулӣ бояд аз ҳисоби таъмир кам карда мешуд. Лекин масъулон соли равон иддао пеш оварданд, ки бино дар тавозуни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ қарор дораду бояд аз нав бо онҳо шартнома бандем. Сухан ду кардани онҳо ба ман 18 ҳазор сомонӣ зарар меорад! - гуфт Нодира. 

СОҲИБКОРӢ БЕ ДОНИСТАНИ АСОСҲОИ БИЗНЕС?
Аз суҳбат бо соҳибкорону коршиносон маълум гашт, ки занони соҳибкор бо проблемаҳои зиёде рӯ ба рӯянд. Онҳо баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда, пеш аз ҳама, таҷрибаи кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистони дӯсту бародарро дар самти дастгирии занони соҳибкор ба манфиати кор мешуморанд.
Барои занони соҳибкор бояд аз сатҳи маҳал сар карда, курсҳои махсуси омӯзишӣ ташкил карда шаванд. Зеро роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ аз қувваи ҷисмонӣ дида, бештар неруи зеҳниро тақозо дорад. Мутаассифона, дар кишвар бисёри занон асосҳои бизнесро наомӯхта, ба соҳибкории истеҳсолӣ шурӯъ мекунанд ва дар охир муфлис мешаванд. Аз ин лиҳоз, ташкили курсҳои доимамалкунанда барои 15 - 20 зан дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳру навоҳӣ метавонанд ин мушкилро бартараф созанд.
Ҳамчунин, таъсис додани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ зарур аст, то ҳунармандон барои ёфтани харидор овораву сарсон нашаванд. Дар баробари ин, Набот Додхудоева пешниҳод менамояд, ки бонувон аз қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок баҳраманд гарданд, зеро фоизи баланди қарзӣ низ аз омилҳои манфии таъсиррасон ба рушди соҳибкории занон аст.
Чуноне аз таҳлили мавзӯъ бармеояд, мушкилиҳои соҳибкории занонро зудтар бартараф сохтан ба нафъи кор мебошад. Ассотсиатсияи занони соҳибкор дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дигари масъул бояд ҳарчи зудтар ба ин амали барои ҷомеа муфид даст зананд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2020    №: 3    Мутолиа карданд: 899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед