logo

туризм

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ АЗ ОМИЛҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ

20 июни соли 2019 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ба имзо расид, ки заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, то тадбирҳо ва барномаҳои нав баҳри рушди ин соҳа роҳандозӣ шаванд.
Тибқи қонун, масъалаҳои зиёди соҳаи ҳунармандӣ ҳал гардида, мақоми ваколатдори соҳа муайян карда мешавад ва Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ таъсис меёбад.
Бо мақсади таҳияи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 бо фармоиши раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ гурӯҳи корӣ ташкил шуда, айни замон раванди таҳияи барнома идома дорад.
Ҳунармандӣ мероси умдаи фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Он бо тарзи зист ва расму оинҳо алоқаи ногусастанӣ дорад. Дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд. Солҳои охир барои эҳё ва рушди ҳунармандӣ ва фаъолияти озоду самараноки ҳунармандон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд, то шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ таъмин шавад. Аз ҷумла, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2018, беш аз сад номгӯйи фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, ки фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ вобаста ба онҳоро дар бар мегирад, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шуд. Ба инҳо 104 касбу ҳунар, аз қабили атласу адрасбофӣ, шерозадӯзӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ ва наю рубобсозӣ дохил мешаванд. Бар иловаи ин имтиёзҳо, косибон метавонанд патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳам нагиранд. Ба гуфтаи косибон, ин пешаҳо чандон даромади зиёд надоранд, аммо озод шудан аз андоз онҳоро ба пешаашон бештар дилгарм месозад.
Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд (ВМКБ  563, вилояти Хатлон  243, вилояти Суғд  1831, ноҳияҳои тобеи марказ 1424 ва шаҳри Душанбе 556) фаъолият дорад. Дар кишвар шумораи мағозаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ 140 -торо ташкил медиҳад, ки ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  7, вилояти Хатлон  55, вилояти Суғд  30, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ва шаҳри Душанбе  35 мағоза рост меояд.
Ҳунармандӣ соҳаест, ки дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, ба пешрафти гардишгарӣ мусоидат менамояд. Ҳунарҳои мардумии мо дер боз ба меҳмонони хориҷии ба кишвари мо ташрифоваранда писанду мақбул аст. Ва имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат ҳунарҳои мардумӣ, ки баъзеи онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буданд, аз нав эҳё гардиданд. Ҳунармандон аз ҳар гӯшаи кишвар бештар ҳавасманд мешаванд. Ҳунари онҳо на танҳо ба намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ низ роҳ ёфтаанд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ 27 – 28 майи соли 2019 дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Си Эйч Эл Интернэшнл» дар саҳни меҳмонхонаи «Ҳилтон – Душанбе» таҳти унвони «Бозори баҳорӣ» («Spring Market») фестивал ва намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ доир гардид, ки  дар он ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти миллӣ, ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки намоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ бо услуби муосир тибқи талаботи байналмилалӣ ороиш ёфт. Ғайр аз ин, дар доираи Форуми байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон 2019”  дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ташкил шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шуданд. Солҳои охир ҳунармандон бо маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар чандин чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолона ширкат меварзанд.  
Коршиносон бар он назаранд, ки ташкил ва баргузор намудани озмунҳо байни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҳияи феҳристи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, соли гузашта дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ байни ҳунармандони кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳонро эълон кард. Озмун 10 январи соли 2020 ҷамъбаст гашта, беҳтаринҳо қадр шуданд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2020    №: 12    Мутолиа карданд: 2902
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед