logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуданд.
Аъзои Ҳукумат, аз ҷумла вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои гуногун ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2019 дар маҷмӯъ, барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба амал омаданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳисобот дод.
Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2019 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,5 фоизро ташкил дод.
Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд.
Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2019, инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси  3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 27,6 миллиард сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, 27 номгӯйи молҳое, ки  дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли 59 номгӯйи молҳои саноатӣ  нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол, истеҳсол нагардид.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Натиҷаҳои бадастомада ҳоло ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намудааст. Итминон аст, ки дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дахлдори сармоягузорӣ иқтидорҳои истеҳсолӣ барқарор мегарданд.
Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 бармеоянд, супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳо, ҳамчунин, вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии мамлакат, тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.
Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид гардид, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 миллион сомонӣ кам мебошад.
Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба Буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад, 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст. Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 миллион сомонӣ кам маблағ ворид гардид. Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, таъмин карда нашуд.
Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд. Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 - 144 млн. сомонӣ кам гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъкид карданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардондани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Сипас, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2019 ҳисобот дод.
Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ, иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ, таҳияи системаи муайяни таъйини нафақа ба шахсони маъюб ва баҳисобгирии шахсони фавтида, инчунин, назорати маблағҳои суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дастурҳои мушаххас доданд.
Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.
Новобаста аз пешравии кор дар соҳа қарздории ширкат, истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номбар гардиданд.
Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ, содироти он, коҳиш додани талафоти барқ ва ҷорӣ кардани технологияи нави пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ доданд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида, натиҷаи санҷишҳо, муайян кардани зарарҳои молиявӣ, барқарор намудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ ҳисобот доданд.
Зикр гардид, ки соли гузашта дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1102 ва аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 308 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шуданд. Аз маблағи умумии беш аз 918 миллион сомонии зарари молиявии аз ҷониби ҳар ду сохтор муайянкардашуда, 360,5 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан дар соҳаи молия ҷораҳои қатъӣ андешанд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳаҳо, волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси ин сохторҳоро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд. Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гурӯҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.
Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳисоботи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд. Сарвари давлат дастур доданд, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки солҳои 2020 ва 2021 дар қаламрави кишвар бургузор мегарданд, аз ҳозир тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Барои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ, татбиқи сиёсати хориҷии роҳбарияти  давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Оид ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳисобот доданд.
Президенти мамлакат барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои кори соҳаи нақлиёти мамлакат, фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода  ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ шунида шуд.
Тавре таъкид шуд, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм - Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат - Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб - Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ  ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Хуҷанд - Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Сарвари давлат аз масъулони соҳаҳои номбаршуда, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб карданд.
Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода аз натиҷаҳои фаъолияти кормандони ин соҳаҳо ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои номбурда баҳри татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода дастур дода шуд, ки дар доираи 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳар чи бештари ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ чораҳои бетаъхир андешад.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Султон, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии содирот Шавкат Бобозода аз натиҷаҳои фаъолияти ин соҳаҳо дар соли 2019 ҳисобот доданд.
Сипас, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2019 гузориш дод. Тавре тазаккур дода шуд, соли 2019 буҷети шаҳр дар ҳаҷми 3,1 миллиард сомонӣ иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақша 54 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар се соли охир ба иқтисодиёти шаҳр 850 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти шаҳр ба 15 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 7,2 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20 фоиз баробар гардид. Умуман, дар ин давра 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд мебошад.
Соли 2019 - ум 38 километр хатҳои гармигузар ба маблағи 62 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 - ум 4 баробар зиёд аст. Дар се соли охир 160 километр шабакаҳои гармидиҳӣ ё 320 километр лӯлаҳои гармигузар ба маблағи 173 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардиданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои рушди кулли соҳаҳои пойтахти мамлакат ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахусус бунёди маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ”, ки дар ҳудуди 30 гектар ба нақша гирифта шудааст, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар гузориши раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2 миллиарду 404,3 миллион сомонӣ) 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба ҷойи 1 миллиарду 887,4 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1 миллиарду 924,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 37,26 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар соли 2019 ба соҳаи маориф 867,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шудаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 84,3 миллион сомонӣ ё 10,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 37 иншооти соҳаи маориф бо 4 ҳазору 761 ҷойи нишаст бунёд гардид.
Ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 451,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 66,9 миллион сомонӣ ё 17,4 фоиз зиёд мебошад.
Соли равон дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ, 121 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 18 толори варзиш, 101 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ, мавриди истифода қарор гирифт.
Сарвари давлат ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри боз ҳам афзудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истифодаи мақсадноки ҳар порча замин супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни ҳисобот раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти иҷтимоии ғайрибуҷети 100,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷети вилояти Хатлон 1 миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 2,1 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо соли 2018 - ум 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар вилоят соли гузашта қариб 54 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 104 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Гардиши савдо дар вилоят ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба 2 миллиарду 63 миллион сомонӣ баробар шуд. Дар вилояти Хатлон 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои он дастур доданд, ки дар соли 2020 бо истифодаи сарчашмаҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти ватаниро афзун намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ чораандешӣ намоянд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз номи сокинони вилоят ба Сарвари давлат барои ғамхориҳои пайваста ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи ободонию созандагӣ, бунёди роҳҳои байналмилалӣ, сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят изҳори сипос кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Тавре таъкид гардид, имрӯз корҳо барои оғози бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро муваззаф карданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд анҷом додани лоиҳаҳои сохтмонӣ  ва рушди саноати кӯҳӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои мушаххас андешанд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша - чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа сухан ронданд.
Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки соли 2020 тавассути иҷрои босифати нақшаҳои тарҳрезишуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар ҳаҷми 87,4 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши онро дар сатҳи 7,8 фоиз ва қисми даромади буҷетро дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин намояд.
Ба роҳбарони мақомоту идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки имконияту захираҳои мавҷударо барои иҷрои босифати барномаҳои қабулшуда самаранок истифода карда, ҷиҳати кам намудани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои берунӣ, тезондани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани истеҳсолот дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани саноатикунонии мамлакат чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҷиҳати иҷрои сифатноку ҳатмии нақшаи даромади буҷет дар соли 2020, пешбинии манбаъҳои воқеии андозбандӣ, иҷрои босифати нақшаи воридоти андозҳо дар маҳалҳо ва муайян намудани сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи баъзе намудҳои андоз, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо ба роҳбарони вазорату  идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳо тибқи супорише, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва сармоягузорӣ дода шуда буд, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ раванди таҳияи Кодекси андозро дар таҳрири нав суръат бахшанд. Ҳамчунин, роҳбарияти Вазорати молия муваззаф гардид, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа аз 1-уми сентябри соли 2020, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ эълон шуд, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешад.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати такмили низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳамкориро дар ин самт бо вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшад.
Ҷиҳати дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва сиёсати пуливу қарзӣ бо истифода аз усулҳои муосир ба таври қатъӣ Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд.
Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти хароҷоти буҷет дар ҳамаи зинаҳои идораи давлатӣ, пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо бояд  зери назорати доимӣ қарор дошта бошад.
Вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ки қаноаткунанда нест, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва  роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдорро барои андешидани тадбирҳои иловагӣ вазифадор намуданд.
Вазорати кишоварзӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Бо дарназардошти эълон шудани бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф зарур шумурда шуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида шуда, мутахассисони ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ омода карда шаванд.
Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки барои таҷдиди сохтор ва таъмиру азнавсозии китобхонаҳо, таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр ва таҷҳизоти муосир, маводи тавсиявию методӣ, тарбияи мутахассисони касбӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” чораҳои муассир андешад.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи «Нақшаи бисёрсоҳаи беҳбуди вазъи ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» – ро таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Тавре таъкид гардид, дар баробари мусбат ҷамъбаст гардидани соли 2019 ҳанӯз бисёр норасоиву камбудиҳо, аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, пурра истифода нагардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, дар сатҳи зарурӣ ҷалб накардани сармояи хориҷӣ, таъмин накардани ҳаҷми зарурии қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва дигар камбудиҳо ҷой доранд ва бояд ҳарчи зудтар ислоҳ карда шаванд.
Вобаста ба ин, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси Ҳукумат зикргардидаро дар давоми сол бартараф намоянд, дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлатро пурра ва босифат амалӣ гардонанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд ва корро дар самтҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои истеҳсоливу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ ҷоннок намоянд.
Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшударо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳар семоҳа оид ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бунёди иншооти гуногун, корҳои ободониву кабудизоркунӣ, хусусан, бунёди боғу токзорҳои нав, беҳдошти ҳолати истифодаи замин, захираҳои об, экология ва дигар корҳо ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намоянд.
Дар навбати худ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо вобаста ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳалли масъалаҳои аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ гузошташударо вобаста ба корҳои ободониву бунёдкорӣ таъмин намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2020    №: 15    Мутолиа карданд: 9124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед