logo

ҳуқуқ

"СУД МАСКУН КАРД. АММО ОДИНАМО ДАР ХОНААШ ЗИНДАГӢ КАРДА НАМЕТАВАНАД. ЧАРО?"

Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Лашкар Шарифзода бо номи «Суд маскун кард. Аммо Одинамо дар хонааш зиндагӣ карда наметавонад. Чаро?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 13 декабри соли 2019, № 237 нашр гардидааст, якҷо бо маводи парвандаи оилавӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 31 октябри соли 2011 аризаи даъвогии Одинамо Муҳиддинова бо ҷавобгарии модараш Иззатмо Аминова ва дигарон оид ба эътироф намудани аъзои оилаи соҳибмулк ва маскун намудан ба хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулкорон 2, бо истифодаи хоҷагии ёрирасон қонеъ карда шудааст.
Ҳамчунин, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 июли соли 2019 аризаи даъвогии Одинамо Муҳиддинова бо ҷавобгарии Иззатмо Аминова ва Файзинисо Муҳиддинова дар бораи муайян кардани тартиби истифодаи манзили истиқоматӣ қонеъ гардида, монеаи эҷодшуда ҷиҳати истифодаи ҳуҷраи маскуншуда, ки қаблан зиндагӣ мекард, бартараф карда шудааст.
Дар мақола оварда шудааст, ки «гарчанде суд Одинамо Муҳиддиноваро маскун карда бошад ҳам, мутаассифона модар, хоҳар ва зану фарзандони бародараш аз фишор болои ӯ даст накашида, пофишорӣ доранд, то ӯро аз хона берун кунанд. Айни ҳол, ҷойи хоби муайян надорад, дар хонаи хешу табораш зиндагӣ мекунад, ки онҳо низ бисёр вақт ӯро аз манзили истиқоматиашон пеш мекунанд».
Санҷиши ваҷҳҳои мақола нишон дод, ки 11 ноябри соли 2019 бо иштироки пристави суди ноҳияи Рӯдакӣ, 2 нозири калони минтақавии ШВКД - 2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси Ҷамоати деҳоти  Гулистон, раиси маҳаллаи Гулкорон, намояндаи Хадамоти иҷро ва чанд нафар сокинони ҷамоати номбурда Одинамо Муҳиддиноваро дар ҳуҷраи масоҳаташ 17 метри мураббаи манзили истиқоматии марҳум падараш Ч. Муҳиддинов, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Гулкорон маскун намудаанд. Ҳамзамон бо модари Одинамо Муҳиддинова - Иззатмо Аминова ва дигар хешу таборонаш суҳбат гузаронда шудааст.

А. ИСҲОҚӢ,  муовини раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2020    №: 15    Мутолиа карданд: 953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед