иқтисод
ОБҲОИ МИНЕРАЛӢ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ РУШДИ ТУРИЗМ ВА РЕКРЕАТСИЯ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд дар минтақаҳои истироҳатию сайёҳӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб кардани сайёҳони хориҷию дохилӣ шароитҳои хуби истироҳатӣ фароҳам оварда шаванд.
Мушоҳидаҳои чандинсолаи олимон ва мутахассисони соҳаи туризм исбот намудаанд, ки инкишофи туризм ва рекреатсия (маҷмӯи тадбирҳо барои барқарорсозии саломатӣ – табобати санаторӣ, варзиши шавқмандӣ, шикор, моҳидорӣ, гардиш ва ғ.) дар ҳудуди ин ё он минтақа на танҳо аз мусоидии омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ вобастагӣ дорад, балки мавҷудияти шароит ва сарватҳои табиӣ (релйеф, сохти геологии маҳал, иқлим ва захираҳои обӣ) низ яке аз омилҳои муҳими ба мақсади туризм ва рекреатсия истифодабарии минтақа ба ҳисоб рафта, дар раванди бавуҷудоӣ ва рушди устувори ноҳияҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ нақши бузург мебозанд.
Сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои асосии ташкил намудани минтақаҳои туризми рекреатсионӣ ва истифодабарии босамари ҳудуд буда, дар пайдоиш ва инкишофи маҷмӯии минтақаҳои туристӣ таъсири муҳим мерасонанд. Минтақаҳои сайёҳии рекреатсионӣ хусусиятҳои ландшафт ва иқлим, гуногунии олами набототу ҳайвонот, имкониятҳои табиии машғулшавӣ ба варзиш, шикор, муолиҷа ва ғайраро фаро мегиранд. Ташкили ин ё он намуди фаъолият дар туризм ва рекреатсия омӯзиши хусусиятҳои табиӣ - географии ноҳияро талаб мекунад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги туристию рекреатсионист, аммо онҳо то ҳол ба таври пурра омӯхта нашудаанд. Мавҷудияти сарватҳои зиёди туристӣ – рекреатсионӣ дар қаламрави Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар тамоми манотиқи он инкишофи намудҳои гуногуни туризм ва рекреатсия ба роҳ монда шавад. Ин сарзамини таърихӣ бо кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалак, дараҳои зебоманзар, дарёҳои пуртуғёни кӯҳӣ, кӯлҳои беназиру нодир, чашмаҳои маъданию ҳароратноки худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ - туристии ин сарзамин обҳои маъдании он ба шумор мераванд, ки барои густариш додани туризми муолиҷавӣ заминаи асосианд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи маъдании гарму сард мавҷуд аст. Ҳар як чашма аз рӯи таркиб, сохт ва хосиятҳои химиявӣ фарқ мекунад. Онҳоро аз даврони қадим мардуми маҳаллӣ истифода мебурданд.
Табобати санаторию истироҳатӣ низ дорои вижагиҳои худ аст. Пеш аз ҳама, табиати мусоиди кишвари мо бо обу ҳавои мувофиқ, чашмаҳои нодири оби гарми табобатӣ ва кӯлҳои зиёди кӯҳиву рӯдҳои шӯх ҳар як бинандаро мафтуни хеш мекунад. Дуруст ва оқилона истифода бурдани ин имкониятҳо барои рушди туризми кишвар хеле муҳим аст ва метавонад манбаи хуби даромади аҳолӣ гардад.
Тоҷикистон дар самти рушди саёҳати муолиҷавӣ чунин бартариҳо дорад:
- муолиҷа ба воситаи иқлим (климатотерапия);
- муолиҷа ба воситаи ҳаво (аэротерапия);
- муолиҷа ба воситаи офтоб (гелиотерапия);
- муолиҷа ба воситаи офтоб ва оббозӣ (талассотерапия).
Дар ин маврид чашмаҳои гарми истироҳатгоҳҳои "Хоҷа Обигарм" дар ноҳияи Варзоб, "Обигарм" дар ноҳияи Файзобод, "Шоҳамбарӣ" дар шаҳри Ҳисор, "Чилучорчашма" дар ноҳияи Носири Хусрав ва минтақаи Бадахшон, бахусус ноҳияи Ишкошим, хеле мувофиқ ва маълуму машҳуранд ва сайёҳон аз дер боз онҳоро медонанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Тоҷикистон дар ин самт имкониятҳои бузурге дорад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд”.
Вусъати рушди сайёҳӣ дар заминаи чашмаҳои минералӣ дар баробари таъсири мусбии он ба ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, барои ҷалби маблағгузориҳои ватанию хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ низ мусоидат менамояд.
Суҳроб БОБОКАЛОНОВ,
Гулсара МАСТОВА,
устодони Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2020 №: 15 Мутолиа карданд: 823