logo

иқтисод

ЗАМИН. ВАЗЪИ ИҶРОИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТ НИГАРОНКУНАНДА АСТ!

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2018, рақами 374 “Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023”, дар вилояти Хатлон бояд бо ин мақсад ҳамасола аз буҷетҳои маҳаллӣ 3,4 миллион сомонӣ ихтисос дода шавад. Аммо соли гузашта ба ғайр аз ноҳияи Данғара дигар дар ягон шаҳру ноҳияи вилоят бо ин ҳадаф як сомонӣ ҳам ҷудо нагардид. Ва чуноне мутахассисони идораҳои молияи шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд, соли 2020 низ дар ин самт маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст.

Дар асоси нақшаи амал, дар муддати панҷ сол, ки аллакай як солаш гузашт, мебоист ҳолати мелиоративии беш аз 15 ҳазор гектар замин асосан аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ беҳ карда мешуд. Вале соли рафта ба ҷуз як ноҳияе, ки зикраш рафт, дар якчанд шаҳру навоҳӣ танҳо аз ҳисоби пардохтҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ корҳои муайян иҷро шудаанду халос. Шаш шаҳру ноҳияи дигар  - Бохтар, Левакант, Норак, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ин манбаи маблағгузориро ҳам истифода набурдаанд.
Ба иддаои Ҷӯрахон Султонов, сармуҳандиси идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, онҳо барои дарёфти маблағ ҳанӯз соли 2018-ум ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат карда будаанд. Аммо чун масъала ҳалли худро наёфт, дигар муроҷиат накарда, фақат маблағҳои идораро барои поккории заҳбуру заҳкашҳо истифода бурданд. Ба андешаи аксари кулли мутасаддиёни соҳа, корҳои иҷрошуда дар маҷмӯъ кофӣ нестанд.
- Ноҳияи А. Ҷомӣ аз сатҳи дарё 14 метр паст мебошад. Бинобар ин, бо вуҷуди ин ки соли 2019-ум 65,4 метри кубӣ лойу хокро аз иншооти ирригатсионӣ берун бароварда, вазъи 34 гектар замини кишоварзиро беҳ кардем, заҳу намӣ зиёд аст, - мегӯяд Фахриддин Ғафуров, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия. - Барои ҳалли мушкилоти мазкур маблағи зиёд лозим аст. Яъне заҳбуру заҳкашҳои ин минтақаро на ба таври мавсимӣ, балки ҳамеша тоза карда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштан даркор аст. 
Ба қавли Зайдулло Сафаров, сармуҳандиси идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷайҳун, бинобар ҷудо нашудани маблағ аз буҷети маҳаллӣ ва кифоя набудани иқтидори молиявии идора, даҳҳо гектар заминҳои корами ҷамоатҳои “Яккадин”, “Истиқлол” ва “Ваҳдати миллӣ” ба ботлоқ табдил ёфта истодаанд.
Дар ноҳияи Ёвон аз сабаби аз соли 2016 инҷониб аз буҷети маҳаллӣ ҷудо нашудани маблағ, қариб 3 ҳазор гектар замин вазъи бади мелиоративӣ дошта, гузашта аз ин, беш аз ҳазор километр заҳкашҳои болопӯшида 35 сол боз тоза карда нашудаанд.
– Ба раиси ноҳия оид ба талаботи қарори мавриди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардем, вале ҳанӯз натиҷае ҳосил нашудааст, - иброз дошт Ҳалимхон Мирзоев, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон. – Ҳоло дар баъзе заминҳои ноҳия дар чуқурии ҳамагӣ 30-40 сантиметр оби зеризаминӣ пайдо мешавад. Барои ҳалли мушкил, пеш аз ҳама, 1 ҳазору 58 километр заҳкашҳои болопӯшидаро тоза кардан даркор. Аммо барои тоза кардани онҳо на фақат дар ноҳия, балки дар вилоят низ мошини махсус мавҷуд нест. Барои харидории он, ки 35 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад, дар идораи мо маблағ мавҷуд нест. Агар дар солҳои наздик чунин мошин дастрас карда натавонем, заҳкашҳои боқимонда ҳам вайрону валангор ва вазъи мелиоративии заминҳои ноҳия бадтар хоҳад шуд. Айни замон 35-40 дарсади он қубурҳои азим шикаста, аз кор баромадаанд.
Оятулло Умаров, муовини сардори раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ба пурсиши хабарнигори «Ҷумҳурият» роҷеъ ба ин масъала чунин посух дод:
- Бо сабаби вазъи нисбатан душворе, ки солҳои охир дар иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба чашм мерасад, аз соли 2016 инҷониб имкони ҷудо кардани маблағ аз буҷетҳои аксари кулли шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои поккорӣ ва нигоҳдории иншооти обёрӣ мавҷуд нест. Аммо ин ноқисӣ бо истифода аз маблағҳои ҳаққи истифодаи об аз 200 то 300 дарсади нақшаи корҳо иҷро карда мешавад.
Тайи як сол дар вилоят ҳамагӣ 30 ҳазор сомонӣ (он ҳам аз ҳисоби ноҳияи Данғара) ҷудо шудааст, қатрае аз баҳр аст. Мутаассифона, дар соли 2020 низ  аз ҳисоби маблағҳои вилоят ва шаҳру навоҳии он барои ин амал ягон сомонӣ ҷудо нашудааст. Вазъи баамаломада, мусалламан, амалкарди сареи масъулони соҳаи молия, кишоварзӣ, обёрии мамлакат ва вилояти Хатлонро тақозо дорад.

Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2020    №: 16    Мутолиа карданд: 804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед