logo

туризм

ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ - ОМИЛИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН БА ТОҶИКИСТОН

Вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ ба эҳёи Шоҳроҳи бузурги Абрешим диққати зиёд зоҳир мешавад. Мутахассисон бар он назаранд, ки Шоҳроҳи бузурги Абрешим омили хуби ҷалби сайёҳон ба минтақа мебошад ва онро бояд самаранок истифода бурд.

ОСОРИ ШОҲРОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, ки дар ин пайроҳаи таърихӣ қарор гирифтааст, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Кумитаи рушди сайёҳӣ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ талоши онро дорад, ки бо таблиғу ташвиқи Шоҳроҳи бузурги Абрешим теъдоди бештари сайёҳони хориҷиро ба кишвар ҷалб намояд. Ба шарофати тадқиқотҳои бостоншиносӣ осори тамаддуни баланд, ки аз қадимулайём вуҷуд дошт, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Мо медонем, ки тӯли шоҳроҳи Абрешим дар мамлакат бисёр шаҳрҳо, минтақаҳои аҳолинишин, корвонсаройҳои давраҳои гуногун мавҷуданд. Машҳуртарини онҳо Панҷакенти Қадим, пойтахти Уструшана Бунҷикат, Ҳисори асримиёнагӣ, мадрасаи Хоҷамашҳад, шаҳри антиқии Тахти Сангин, дайри буддоии Аҷинатеппа, пойтахти Хуталон - Ҳулбук ва қалъаи Ямчун мебошанд, ки ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд. Дар ҳар кадоми онҳо хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил шуда, сайёҳон аз онҳо дидан мекунанд. 

БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАҚШИ БРЕНД
9 - 11 сентябри соли 2019 дар Форуми иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, масъалаи баланд бардоштани нақши бренди «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» мавриди баррасӣ қарор гирифта, муфид арзёбӣ гардид. Иштирокдорони форум, инчунин, маҷмӯи масоили марбут ба рушди ҳамкории кишварҳои СҲШ - ро дар самти рушди саёҳати байналмилалӣ, тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзо ҷиҳати омода намудани роҳбаладон, таҳкими сохтори институтсионалии идоракунии бахши сайёҳӣ, андешидани тадбирҳо оид ба ҷалби теъдоди бештари сайёҳон ба кишварҳои СҲШ, талошҳо барои таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ ва ба бозори сайёҳӣ пешкаши гардондани онро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН САМТ
Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳа такони бузург бахшид. Имрӯзҳо кишвари мо барои рушди сайёҳӣ инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бунёд менамояд. Сохтмону таҷдиди роҳҳо, меҳмонхонаҳо, ободонии шаҳру деҳот ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ба ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар дар солҳои наздик мусоидат хоҳад кард.
Мутахассисон иброз медоранд, ки қисми зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Осиёи Миёна сафар мекунанд, орзуи дидани зебоиҳои шоҳроҳи Помир ва долони Вахонро доранд. Вале тартиботи будубош дар ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон ва системаи мавҷудаи посгоҳҳо монеаи ҷиддӣ барои сафар ба ин минтақаҳои аҷибу зебои табиӣ мебошад. Сайёҳони хориҷиро, ҳамчунин, аҳолии ин минтақаҳо, ки фарҳанги ба худ хосро нигоҳ доштаанд, ҷалб менамояд.
Дар баробари ин, намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти Суғд пешниҳод доранд, ки иқтидори Тоҷикистони шимолӣ ва таваҷҷуҳ ба кӯҳҳои Фону Ҳафткӯл, ки шакли табиии худро нигоҳ доштаанд, баррасӣ шаванд. Дараҳои зебои қаторкӯҳҳои Зарафшон бо кӯлҳои зиёд кайҳо боз байни сайёҳони хориҷӣ маъруфият пайдо кардаанд. Вақтҳои охир ташрифи сайёҳон ба кӯҳҳои Фон ва Ҳафткӯл тавассути Ӯзбекистон зиёд шуда истодааст. Бо сохтмони нақби Шаҳристон ва роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Айнӣ – Панҷакент сайёҳон бе монеа зебоиҳои табиати кӯҳҳои Зарафшонро тамошо мекунанд.   

САРАЗМ – ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ ҶАҲОН
Яке аз ёдгориҳои тоҷикон, ки боиси ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, Саразм мебошад. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ далели ин гуфтаҳо буда, ифодагари арҷгузорӣ ба таъриху маданияти гузаштагон аст. Айни ҳол Тоҷикистон ба ҷашни шаҳри қадимаи Саразм, ки ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, омодагӣ мебинад. Сохтмони осорхонаи шаҳри қадима, меҳмонхона ва мустаҳкамсозии биноҳо идома доранд. Бешубҳа, иштироки олимони ҷаҳонӣ дар ин ҷашн ба ташаккули имиҷи нави Саразм ва шинохти мардуми тоҷик чун миллати тамаддунофар мусоидат хоҳад кард.

ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО
Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз замонҳои қадим Шарқ ва Ғарбро ба ҳам пайванд месохт. Корвони пур аз молҳо аз биёбонҳои гарму тафсон гузашта, тавассути кишварҳои Шарқи Наздик ба Чин мерафтанд ва баръакс. Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар интиқоли арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ нақши бузург дошта, тамаддунҳои нотакрори Шарқи Наздик, Шарқи Миёна, Шарқи Дур ва Осиёи Марказиро ба ҳам пайванд сохтааст. Таърихи Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз рушду нумӯи тамаддунҳо шаҳодат медиҳад. Шаҳрҳо, динҳо аз байн мерафтанд, миллатҳо аз арсаи таърих дур мешуданд, пайроҳаҳо ва корвонсаройҳо зери қум мемонданд, вале онҳоро рагҳои нави роҳи шимолӣ ё нишебиҳои ҷануби баландкӯҳ иваз мекарданд. Таърихи Шоҳроҳи бузурги Абрешим ба ҳазорсолаи II–I-и пеш аз милод рост меояд. Дар ин хусус бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд.

ОСИЁИ МАРКАЗӢ - МИНТАҚАИ ЯГОНАИ САЙЁҲӢ
Мутахассисони соҳа андеша доранд, ки Осиёи Марказӣ бояд чун минтақаи ягонаи сайёҳӣ истифода шавад. Зеро ҳар сайёҳе, ки ба Қирғизистон ё Ӯзбекистон сафар мекунад, ҳатман мехоҳад аз зебоиҳои табиати Тоҷикистон низ дидан намояд. Бинобар ин, нақшаи ташкили хатсайрҳои шаҳрҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз манфиат холӣ набуда, таваҷҷуҳи бештарро тақозо дорад. Дар ин раванд ба инобат гирифтани манфиатҳои баробари ширкатҳо ва кишварҳо, муддати будубош дар ҳудуди ин ё он мамлакат, истифодаи инфрасохтори он низ бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Инчунин, бояд сайёҳонро хуб пешвоз гирифт ва сазовор гусел намуд, даромадҳоро байни ширкатҳо одилона тақсим кард, баён медоранд мутахассисон.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2020    №: 17    Мутолиа карданд: 3179
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед