фарҳанг
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ САДА
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ду ҷашни бузурги миллӣ - Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё ва барқарор гардид.
Эҳёи ин ҷашн дар идомаи иқдомҳои созанда ва муаррифии фарҳанги қадима сурат гирифта, дар тақвияти худшиносии миллӣ ва тарғиби расму оинҳои миллии халқи шарафманди тоҷик аҳамияти зиёд дорад. Ҷашни Сада дар миёни идҳои сегонаи миллати тоҷик мақому манзалати хосса дошта, ифодагари пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзист.
Анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷав-ҳари ҷашни Садаро ташкил менамоянд. Дар байни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ - манбаи гармиву нур номид. Чун дар ҷашни Сада рӯзҳо ба сӯи гармӣ майл намуда, рустанҳову шукуфтанҳо оғоз меёбанд.
Таҷлили Сада аксаран дар қаламрави шоҳони ориёӣ шабҳангом оғоз гирифта, дар ҳар манзилу кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ ва равшан гардондани зулмати шаб арзёбӣ мешавад.
Аз нуктаҳои боло пайдост, ки ҷашни мазкур аз наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин, сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар ин, мардум дар ҷашни Сада аз саҳрову пуштаҳо ҳезум ҷамъоварӣ намуда, гулхан меафрӯхтанд ва дар болои бом шуълаи оташро фурӯзон намудан ба ҳукми анъана даромада буд. Солҳои пеш нишонаҳои ин ҷашни бостонӣ дар деҳоту минтақаҳои кӯҳистон вуҷуд дошт. Дар даврони собиқ шӯравӣ ба ин ҷашн тамғаи хурофот заданд ва он то ҳадде ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд.
Аз рӯйи иттилои гоҳшуморҳо, Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст. Аҷдоди мо солро ба ду бахш тақсим мекарданд: тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа. Таҷлили ин ҷашн низ аҳамияти тақвимӣ дошта, аз рӯ ба гармӣ ниҳодани табиат ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ шаҳодат медиҳад.
Тоҷинисо МИРЗОХОНОВА, омӯзгори МТМУ № 58, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2020 №: 17 Мутолиа карданд: 720