фарҳанг
ТО НАФАС БОҚИСТ, ГУЛПАРВАР ШАВЕД...
ЁДЕ АЗ ШОИРИ МАҲБУБ ШОҲМУЗАФФАР ЁДГОРӢ
Нахустин маротиба устоди зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгориро дар хонаи Одина Ҳошим дидам. Одина Ҳошим дуторашро ҷӯр мекарду лаҳзае аз Шоҳмузаффар чашм намеканд. Устод ғазалеро қироат карду баъд дар бораи шеърҳои дигари шоир Қассоб нақл намуд. Одина Ҳошим ҳар замон баҳ-баҳ гӯён ба ваҷд меомаду такрор мекард: “Ку, Шоҳмузаффари ҷун, як шеъри дигарашро хон. Охир, ҷонаму рӯҳам роҳат кард”. Шояд ҳамин суҳбати Шоҳмузаффар сабаб гашт, ки баъдтар Одина Ҳошим ба чанд ғазали Қассоб оҳанг баст...
Баъди хомӯшӣ Шоҳмузаффар Одина Ҳошимро аз банди хаёлот раҳо карда гуфт: “Акнун дуторат ҷӯр шуд, чӣ мешуд, ки ягон суруди наверо мехондӣ”.
- Эй дар забонат садқа. Ма қурбони аҳли санъатам, мефаҳмӣ, Шоҳмузаффар. Аввалаш хуш омадӣ ба кулбаи банда. Иншоаллоҳ, як базми чортанӣ меороем. Абдулхайр ҳам меомадагист. Акнун, ки худат ба пои худат омадай, як хушхабарат мерасонам. Ман ҷуръат пайдо карда, дар қатори беҳтарин абёти классикӣ ба ҳаму шеъри машҳури ту “Шумори дигаре ҳаст” оҳанг бастам, - гуфт Одина Ҳошим. Аз ин суханони устод Одина Ҳошим устод Шоҳмузаффар ба ваҷд омада, бо лутф гуфт:
- Пирам, худатро азоб надеҳ...
- Не, не акаи Шоҳ, охир нахондани чунин шеър ва ба мардум нарасондани он гуноҳ аст, мефаҳмӣ.
Ва устод ба замзамаи оҳанги дилошӯбе сар карду дар фазои хона овози дилрешаш паҳн гашт:
Биё, то як даме бо ҳам нишинем,
Ба ҳам гӯем рози хуфтаи дил,
Биё имрӯз мебинем дидор,
Ки мемонад гапи ногуфтаи дил...
Баъдтар тақдир будааст, ки ман баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо дастгирии устод Ёдгорӣ ба рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ” ба кор рафтам. Устод дар солҳои 80 - уми асри гузашта ин рӯзномаро ба як боргоҳи илму маърифат ва адабиёт табдил дода буд. Қариб ҳамаи аҳли адаби Хатлон дар ҳамин рӯзнома фаъолият доштанд ё ҳатман ҳамкорӣ мекарданд. Устод як одати аҷибе доштанд, ки ҳамеша ҷавонони эҷодкорро дастгирӣ мекарданд. Ҳар гоҳе ки ягон ҳикояам нашр мешуд, хурсанд мегашт ва таъкид мекард, ки мавзӯи инъикоси олами вуҳушу таяронро идома диҳам. Баъдтар бо дастгирии устод Ёдгорӣ, ки он вақтҳо сарварии шуъбаи кӯлобии Иттифоқи нависандагонро низ ба уҳда доштанд, китоби нахустини банда бо номи “Гурги похӯрда” (1991) интишор ёфт.
Устоди зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ барҳақ яке аз адибони навовар ва боистеъдоди солҳои 70 - 80 - уми асри гузашта буд. Вай дар қатори устодон Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Мастон Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Қутбӣ Киром қадам зада, шеъраш миёни аҳли адаб ва устодон машҳур гашта буд. Ҳанӯз устоди зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар маҷаллаи адабии “Садои шарқ” соли 1968 перомуни эҷодиёти Ғоиб Сафарзода, Лоиқ Шералӣ ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сухан ронда, ин се адибро се шохаи пургули адабиёти тоҷик номида буд.
Китобҳои устод Ёдгорӣ “Гулистони умед”(1962), “Мужда” (1963), “Наврӯзӣ” (1968), “Роҳи Каҳкашон” (1974) “Шасти инқилоб” (1977) ба табъ расида, китобҳои дигараш дар шаҳри Москва бо номҳои “Подножья солнца” , “Утренная книга”, “Колося одного скопа” ва “Порог дехканина” бо теъдоди калон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн гаштанд. Устод Ёдгорӣ, ҳамчунин, муаллифи як силсила достонҳои машҳур аз қабили “Рози ҷангал” “Фарзандон”, “Ман барои ҳамаам” низ мебошад.
Устод баробари эҷоди шеър лаҳзае аз эҷоди очерку мақола даст накашиданд ва ҳамчун публитсисти бомаҳорат яке аз устодони соҳаи рӯзноманигорӣ маҳсуб меёфтанд. Қариб чиҳил соли умри хешро сарфи роҳи рӯзноманигорӣ намудаанд. Мавсуф солҳои охири умраш дар маҷаллаи “Садои шарқ” кор карда, ба эҷоди асарҳои калонҳаҷми насрӣ даст зада, як силсила асарҳои мондагори насрӣ аз худ ба мерос гузошт. Романҳои вай “Талош” ва “Васваса” сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардида, миёни адибон маҳбубият пайдо кард ва аз истеъдоди бузурги ӯ дар офаридани асарҳои муосири замон башорат додаанд.
Устод Ёдгорӣ шоири суруднавис низ буданд, то ҳол як силсила таронаву сурудҳои ӯро ҳофизони номии кишвар Қурбоналӣ Раҳмон, Давлатманд Холов, Мирзоватан Миров, Ҷумъахон Сафаров ва дигарон месароянд. Ҳар гоҳе ки аз ҷониби Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров суруди машҳури устод Ёдгорӣ “Гулпарвар шавед” садо медиҳад, қалби касро шодию фараҳ фаро мегирад. Ин суруд ба як таронаи мардумӣ табдил ёфтааст:
То нафас боқист, гулпарвар
шавед,
Хушдилу хушрӯву барнотар
шавед,
Ҳар саҳар дар шабнами гулҳои
тар,
Рӯй моледу саропо тар шавед.
Хаёлам, то ҳанӯз шеъри ӯ “Даври хуррамӣ “аз дуриҳо садо медиҳад:
Биё, эй дӯстам, хуршеди халқи
хештан бошем,
Зиё бахшем бар даврону даври
хуррам ронем.
Маҷид САЛИМ, адиб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2020 №: 17 Мутолиа карданд: 823