фарҳанг
АБРОР ЗОҲИР. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ СЕРМАҲСУЛТАРИН НАВИСАНДАИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
Дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе бо иштироки олимону адибон, дӯстону ҳамкорон ва наздикону пайвандони шодравон Аброр Зоҳир ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор гардид.
Ҳангоми муаррифии зиндагиномаи адиб гуфта шуд, ки Аброр Зоҳир яке аз сермаҳсултарин нависандагони навовари замони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар умри кӯтоҳи худ тавонистааст, хазинаи насри тоҷикро бо эҷоди роману қисса ва ҳикояҳои ҷолиби иҷтимоию таърихӣ ғанӣ гардонад. Ба қалами ӯ зиёда аз 50 роман, 20 повест, инчунин, пйесаю драма ва филмномаҳои ҷолибу хонданӣ мансуб буда, онҳо бо сабку услуби навоварона таълиф гардидаанд.
- Аброр Зоҳирро дар насри имрӯза бо сабки хосааш ба ҳайси нависандаи сермаҳсулу тасвирнигор мешиносанд. Ин нависанда муваффақ шудааст, ки мавзӯи эҷодиёташро ба рӯзгори мардум, эҳтиром ба шахсиятҳои таърихию адабӣ ва вазъияти сиёсию давлатдории тоҷикон бахшад, ҳар як асари офаридаашро бо сабки хос рӯи коғаз оварад, - иброз медорад Салоҳиддин Тӯрахонов, докторанти кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав.
Тавре адабиётшинос Шарифмурод Исрофилниё иброз медорад: «Аз адибони ҷавоне, ки баъд аз истиқлол ба майдони адабиёт ворид шудаанд, Аброр Зоҳир яке аз пурмаҳсултарини онҳо мебошад. Қиссаву романҳои вай дар муддати анқариб бист сол яке аз паси дигар ба нашр расидаанд, ки яке дар мавзӯъҳои рӯзмарра ва дорои сухани тозаанд». «Мунтасир», «Васвасаи дунё», «Душанбе», «Дар ҷилди одам», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Шикасти зулмот», «Майдон», «Муҷассамаи ишқ», «Арсаи набарди гургон», «Нухтаи нафс», «Бозгашт», «Бозиҳои хурд дар сиёсати бузург», «Ёри ғор», «Ибни Лодан», «Дунёи бесомон», «Охирин сайди сайёд», «Ману ту ва фаришта», «Муқовимат», «Коммунист», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Хокпайванд», «Ҷилои ҷоми Ҷомӣ», «Завол» ва «Таърихи беморӣ» муштеанд аз хирвори эҷодиёти адиб.
Аброр Зоҳир дар эҷоди шеъри бачагонаи тоҷик низ ҳунари хешро нишон додааст. Ҳақ бар ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст, ки мегӯяд: «Аброр Зоҳир дар эҷодиёташ аслан ба дунёи ботинии қаҳрамонҳо ворид шуда, бо сабку салиқаи бемонанд онро рӯйи саҳфа меорад». Ӯ бо тахаллуси Олмуҳаммад Шариф маҷмӯаҳои «Гули маҳтоб», «Бодоми осемасар», «Дунёи афсона», «Ҳадя» - ро ба табъ расондааст.
Мавриди зикр аст, ки ному насаби расмии адиб Имомов Аброр Зоҳирович буда, Аброр Зоҳир тахаллуси асосии эҷодиаш ба шумор меравад. Мавсуф, инчунин, бо имзоҳои Аброр Зоҳир, А. Зоҳир, Аброр Имомов, А. Имом, Бежан, А. Тиллозода, Олмуҳаммад Шариф таълифоти зиёди арзишманд дорад. “Ман, ки яке аз мутолиакунандагони аввалини таълифоти бародарам будам, ҳамеша сабаби бо имзоҳои гуногун ба чоп супурдани асарҳояшро пурсон мешудам ва посухи заруриро дарёфт мекардам, - мегӯяд бародари адиб Аслиддин Зоҳир Имомзода. - Сабаби интихоби ин тахаллусҳо гуногун аст. Адиб тақрибан барои ҳар як жанри матбуотӣ ва адабӣ як тахаллуси муайян дошт. Аброр Зоҳирро ба он сабаб интихоб кардаанд, ки мувофиқи номгузории анъанавии тоҷикӣ ӯ воқеан ҳам бояд Аброр Зоҳир, яъне Аброр писари Зоҳир буданд. Бо ин ном аксари асарҳои муҳими бадеии хешро ба табъ расондааст.
Ёдовар мешавем, ки асарҳои Аброр Зоҳир ба ифтихороти миллӣ бахшида шуда, моро ҳидоят мекунад, то эҷодиёташро дуруст омӯзем. Бо асарҳои хеш адиб мавзӯъҳои наверо ба адабиёти тоҷик ворид намуд, бисёр қолабҳои адабиро шикаст. Ба ибораи маъруф Аброр Зоҳир Балзаки тоҷикро мемонд ва барои адабиёти миллӣ дурри бебаҳо буд.
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2020 №: 17 Мутолиа карданд: 1237