logo

порлумон

ЛАХШ. ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА ИНТИХОБОТ

Дар ноҳияи Лахш бо мақсади дар сатҳи баланд гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ то имрӯз 40 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ ташкил ёфта, аз ҷониби аъзои комиссияи ноҳиявии интихобот ва раъйпурсӣ вобаста ба пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ, тартиби кори ҳавзаю участкаҳо   6 қарор бароварда шудааст.
Раҳим Сангаков, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони халқ,  изҳор дошт, ки дар рафти омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар ҷавонони фаъолу донишманд ҷалб гардиданд.  
- Дар ҳар участкаи интихоботӣ  9 нафар ва ҳавзаҳои интихоботӣ  11 нафар аъзои комиссия вобаста шудааст. Аз ҳамаи участкаю ҳавзаҳо доир ба  ҷараёни омодагиҳои интихоботӣ, пешбарии номзадҳо, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҳисоботи оморӣ омода ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. То имрӯз дар ноҳия аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ номзадии беш аз 40 нафар ба КМИР пешниҳод шудааст, -  гуфт Р. Сангаков
Дар ноҳия барои беҳтар фаҳмондани аҳамияти интихоботи дарпешистода ба сокинон дар ҳар гӯшаю канори чашмрас  лавҳаю шиорҳо бо навиштаҷоти гуногун, аз ҷумла  «Овози  шумо тақдирсоз аст», «Интихобот. Бетараф набошед!!!», «Якуми март - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ» насб шудаанд, ки аз омодагии хуби масъулон  ба ин чорабинии сиёсӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин, пайваста бо мардум вохӯрию суҳбатҳо доир гардида, иншооти барои гузарондани интихобот таъйиншуда рангубор ва таъмир гардида истодаанд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2020    №: 18    Мутолиа карданд: 697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед