ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
МИЛИТСИЯ
дар Душанбе 10 нафар кордбадастро дастгир кард
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зарфи як ҳафтаи охир дар доираи амалиёти шартӣ бо номи «Корд» нафаронеро боздошт намуданд, ки бо худ силоҳи сард доштанд. Шумораи боздоштшудаҳои кордбадаст 10 нафарро ташкил дода, нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба онҳое, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо силоҳи сард дарёфту мусодира гардид, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбат ба ду нафар ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни як нафар ноболиғ протоколи маъмурӣ ва нисбат ба 7 нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри акси дастгиршудагон дар сомонаи худ аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохуши он хуб огаҳанд, бетараф набошанд ва амалу рафтори фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд. Дар идома таъкид шудааст, ки милитсияи пойтахт барои аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди шаҳри Душанбе идома медиҳад.
ЧОРВОДУЗДӢ
дар ноҳияи Панҷ
Муроҷиати як сокини деҳаи Зарбдори ноҳияи Панҷ ба мақомоти милитсия оид ба рабуда шудани 2 сар чорвои калон, парда аз рӯи як амали силсиладуздӣ бардошта, гумонбар дастгир шудааст.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ муайян кардаанд, ки гумонбар ба дуздӣ - сокини 33 - солаи ноҳияи Ҷайҳун буда, 9 декабри соли 2019 дар дили шаб аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Намуна» - и ноҳияи Панҷ 2 сар чорвои сокини деҳаи Зарбдорро, ки арзишашон 13000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин, гумонбаршуда дар ду мавриди дигар чор сар чорвои калони сокинонро дуздидааст, ки ҳоло аз рӯйи ин ҳолатҳо тафтиш идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.2020 №: 18 Мутолиа карданд: 897