барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ
26 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба паёмадҳои фоҷиабори ин офати табиӣ, ҳамдардии самимии хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни заминларза иброз дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 5046