сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
24 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбати сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар зимн, ба масъалаҳои делимитатсияи хати сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 761