порлумон
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ АЙНӢ. ҲАМКОРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН САМАР МЕДИҲАД
Айни ҳол раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, таҳти назорати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Ва табиист, ки ин чорабинӣ яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар соли 2020 хоҳад буд.
Ҳоло дар баробари дигар комиссияҳои ҳавзавии интихобот, дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Айнӣ № 22 низ омодагӣ ба раванд ва баргузории интихобот дар сатҳи хуби ташкилӣ идома дорад.
Фатҳиддин Баҳриддинов, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Айнӣ №22, дар суҳбат бо «Ҷумҳурият» изҳор дошт, ки шумораи интихобкунандагон дар он 91807 нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавза ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Вору ва Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакентро фаро мегирад.
То имрӯз бо пешниҳоди раисони ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент ба манзури муҳайё намудани шароити муносиб барои интихобкунандагон бо қарори дахлдори комиссияи ҳавзавии интихоботӣ 131 участкаи интихоботӣ бо муқаррароти ҳудуд, рақам ва шумораи пешакии интихобкунандагон ташкил шуд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ муҳр, шиорҳои тарғиботӣ, овезаҳои ишоратӣ ва огоҳкунанда оид ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро дарёфт намудаанд.
Фатҳиддин Баҳриддинов ба мо иттилоъ дод, ки қарор аст, аз ин ҳавза 5 довталаб ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо ҳам рақобат кунанд. Қаблан, дар конфронси якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент номзадии Ғиёсиддин Шарифзода ба вакилӣ пешниҳод шуда, Зарафшон Олимзода, Садриқул Шербутаев (Айнӣ), Абдуамон Идиев (Кӯҳистони Мастчоҳ) ва Иброҳимҷон Юсуфбеков аз шаҳри Панҷакент ба тариқи худпешбарӣ ариза пешниҳод намудаанд, ки мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ номзадии онҳо, танҳо баъд аз супурдани санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ ва пешниҳоди хулосаи комиссияи санҷишӣ сабт мешавад.
Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ маводи зарурии маърифатӣ - ҳуқуқӣ дастрас гардида, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи интихобкунандагон бо мардум дидору мулоқотҳои судманд ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон сол ба сол боло рафта, шаҳрвандони мамлакат муҳим будани раъйи худро дар шукуфоии Ватани азиз ва дурнамои давлатдории миллӣ ба хубӣ эҳсос менамоянд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 967