порлумон
ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО № 4. КОРҲОИ ОМОДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ идома доранд.
Дар робита ба ин, Мӯсо Асозода, раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии Сино № 4 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ҳанӯз аз 11 декабри соли 2019 бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 18 “Дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот” тасдиқ шудааст.
- Ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот аз 11 нафар иборат буда, фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондем. Мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҳудуди 50 участкаи интихоботиро муайян намудем, ки дар рӯзномаҳо ба табъ расиданд. Ҳамчунин, ҳайати комиссияҳои участкавии интихобот на кам аз ҳафт нафар ташкил карда шуд, - гуфт Мӯсо Асозода.
Ҳоло 5 нафар барои ба қайд гирифтан ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4 ариза пешниҳод карданд. Аз ин шумора, 1 нафар аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, 1 нафар аз тарафи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва 1 нафар ба тариқи худпешбарӣ пешниҳод шуданд. Ҳуҷҷатҳои номзадҳо омода гардида, ҳоло мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ба гуфтаи раиси ҳавза, дар назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ба он олимони соҳаи забон шомиланд ва ба сатҳи донистани забони давлатии ҳар номзад баҳо медиҳанд.
- Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ тамоми санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъол ва озодона дар интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад, то шахсони арзанда вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гарданд, - гуфт Мӯсо Асозода.
М. САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 727