порлумон
СИНО. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ВУСЪАТ МЕГИРАД
Имрӯзҳо дар кишвар омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вусъат гирифтааст. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чор ҳавзаи умумиҷумҳуриявии якмандатӣ (Фирдавсӣ - 1, Шоҳмансур - 2, Исмоили Сомонӣ - 3 ва Сино - 4) ва 70 ҳавзаи шаҳрӣ таъсис дода шудааст.
Мӯсо Асозода, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сино - 4», гуфт, ки дар ҳавзаи якмандатии «Сино - 4» 80 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст ва айни ҳол аъзои участкаҳо муайян гардидаанд. Аз инҳо 50 участка ба ҳудуди ноҳияи Сино ва 30 участка ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ рост меояд.
- Аз ҳавзаи мазкур 5 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчун номзад барои бақайдгирӣ пешбарӣ шудаанд. Аз инҳо, як нафар ба таври худпешбарӣ ва якнафарӣ аз ҳизбҳо мебошанд. Ҳоло дар ҳавза сатҳи забондонии номзадҳоро омӯхта истодаанд. Пас аз қабул шудан, номзадҳо метавонанд ба таблиғот машғул шаванд, - гуфт ӯ.
Аббосиддин Саидмуминзода, муовини раиси ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ки аз 70 ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ, ки номзадони ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ мешаванд, 25 ҳавза (аз ҳавзаҳои 30 то 55) ба ноҳияи мо рост меояд. Дар ин ҳавзаҳо 80 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст.
- 40 ҳавзаи интихоботӣ, ки барои пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия таъсис дода шудааст, дорои 80 участкаи интихоботӣ мебошад. Ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе калонтарин аст, аз ин рӯ, дар ин ҷо 40 вакил интихоб мешавад. Ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ва раисони ҳавзаву участкаҳо муайян шуда, барои дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода ҳастем, - гуфт Зайнаб Одилова, раиси комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони халқи ноҳия.
Айни ҳол номзадҳо барои вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд. Маъракаи таблиғотии номзадҳо рӯзҳои наздик оғоз хоҳад ёфт. Омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳия вусъат гирифтааст.
Ҷиҳати таблиғи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳия якчанд шиору овезаҳо насб шудаанд. Масъулони комиссияҳои интихоботӣ дар якчанд маъракаи интихоботӣ ширкат варзида, таҷрибаи хуби корӣ доранд ва ин таҷрибаро ба ҷавонон меомӯзонанд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 690