сиёсат
ХОТИРИ ДОНО ЗИ ТӮФОНИ ҲАВОДИС ФОРИҒ АСТ
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан таассуроти амиқеро ба сокинони кишвар гузошт. Яке аз нуктаҳои муҳими Паём дастури Сарвари давлат ҷиҳати идомаи таблиғу тарғиби китобхонию маърифатнокӣ дар байни аҳли ҷомеа мебошад, ки арзиши маънавие барои ояндаю имрӯзи миллат дорад. Ҳар як фарди бедордил барои ғанӣ гардондани забони модарӣ, ки онро Пешвои миллат забони шево ва шоирона ном мебарад, «ҷаҳду талош варзад ва ҳамзамон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Сарвари давлат дастур доданд, ки на як солу ду сол, балки ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» баргузор гардида, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб карда шавад. Тибқи ин дастур китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад.
Як нуктаи муҳим, ки ба он таваҷҷуҳ кардан бамаврид аст, ин баробари насли ҷавон калонсолонро ба китобхонӣ даъват намудани Президенти мамлакат аст, ки ин даъватро бояд ҷиддан қабул намуда, дар байни насли калонсолон китобхониро бештар тарғиб намоем.
«Китоб хонед, бемор намешавед», - дар ин таъкиди Пешвои миллат як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Мо имрӯзҳо, мутаассифона, бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, изтироб ва хасташавии майнаро дар мардуми сайёра зиёд мушоҳида мекунем, ки ба даст дорухату бозори дорухонаҳоро гарм медоранд. Дарвоқеъ, осори бузургони сухан абадӣ ҳастанд, ки аз он шоҳасарҳо дурри маънӣ суфта, шахс метавонад, ҳаёти худро беҳтар намояд, рӯҳбаланд ва ба зиндагӣ дилгарм шавад.
Иқдоми Пешвои миллат - тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфаи гаронарзиши ӯст ба хотири эҳёи худшиносию маърифатнокии миллати куҳанбунёду хирадофари тоҷик. Ҳамагон бо дарки масъулият ва сипос аз иқдому азмҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии ҳар гуна зуҳуроти тахрибкор, ки аз ҷаҳолат маншаъ мегиранд, машъали маърифатпарваронаи ӯро бояд чун қарзи шаҳрвандии хеш ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем.
Ҷамшеди ФОЗИЛ, узви ИЖТ, ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 988