маориф
ТАРҶУМА ВА ТАРҶУМАШИНОСӢ. ДДЗТ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОРАД
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Шигардҳои тарҷума» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар партави Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Дар конфронс узви пайвас-таи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мирзо Муллоаҳмадов, Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода ва дигарон ширкат ва суханронӣ карданд.
«Шигардҳои тарҷума» номи китоби устоди донишкада, номзади илмҳои филология, дотсент, тарҷумашинос Абдурашид Самадов аст, ки дар панҷ соли охир аз маъруфияти вижа бархӯрдор гардид, хонандагони зиёд дарёфт ва ба он тақризҳои зиёд навишта шуданд.
Дар он сухан аз бузургони илму адаби Аврупову Амрико, аз қабили Ҳёте, Арберӣ, Николсон, Браун, Контесед, Анна Мари Шиммел, Гертруда Бел, Хансбергер, Ҷонс Вилямс, Ситсилия Бону (Силсилабону) меравад, ки доир ба адабиёту фарҳанги тоҷику форс пажӯҳишҳои вижа бурдаанд ва дар муаррифии осори гаронмояи классикони мо саҳм гузоштаанд.
- Тарҷумаи бадеӣ ба унвони яке аз рукнҳои муҳими робитаҳои адабӣ барои пайвандҳои аҳли башар, шинохт ва таъсири мутақобилаи адабиётҳо имконияти нодире фароҳам меорад. Дар айни замон, тарҷумаи бадеӣ мактаби бузурги омӯзиши адабист, зеро шинохти ҳунари адабӣ, ошноӣ бо фарҳанги мардумӣ ва расму оинҳои халқҳои дигар, сабки нигориш ва бозёфтҳои бадеии як нобиғаи адабиёт барои ибтикори тозаи даҳҳо адибони халқҳои мухталиф ангеза медиҳад, - гуфт Саидалӣ Маъмур.
Идомаи рамзии китоби «Шигардҳои тарҷума», «Шарқ дар оинаи Ғарб» аст, ки соли гузашта муаллиф онро интишор дод. Дар меҳвари «Шарқ дар оинаи Ғарб» масоили робитаҳои адабии Шарқу Ғарб, назария ва амалияи тарҷумаи бадеӣ, тарҷумашиносӣ, аҳвол ва мероси адабии шарқшиносӣ аҳвол ва мероси адабии ховаршиносони бузурги фарҳангӣ қарор гирифтаанд, ки бо диду назари хоси муаллиф ва пайгирӣ аз консепсияҳои илмии ин шохаи илм рӯи кор омадаанд.
- Абдурашид Самадов ташаккул ва таҳаввули тарҷумашиносиро ба унвони равияи махсуси илмӣ ба нимаи дувуми садаи XX нисбат дода, масъалаҳои мубраму хоси тарҷума, аз қабили муодилнокӣ, эҳсоси амонатдор дар баробари нусхаи асл, хелҳои озод, таҳтуллафзӣ ва сатр ба сатри тарҷума, ҳифз намудани ҷилваю тобишҳои миллӣ ҳангоми анҷом додани тарҷумаи бадеӣ, интихоби вожаҳои ифодакунандаи воқеияти зиндагӣ ва шеваи расондани онҳоро бо диду доварии тозае баррасӣ кардааст, - изҳор дошт Мирзо Муллоаҳмадов.
Осори гаронбаҳои адабиёти тоҷику форс, бахусус, назми он шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ба забонҳои зиёди мардумони Шарқу Ғарб тарҷума шудаанд. Ин тарҷумаҳо бо роҳу василаҳои гуногун сурат гирифта, сатҳу сифати онҳо низ яксон нестанд. Раванди ҷаҳонишавӣ, рушди робитаҳои адабӣ тақозо менамояд, ки ин масъала амиқу ҳамаҷониба баррасӣ шавад. Барои анҷоми ин корҳо ба мутахассисони соҳибтаҷриба, ба монанди Абдурашид Самадов ниёз дорем, ки панҷоҳ соли умри азизашро сарфи таҳқиқ кард.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсус зикр карданд, ки бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳаи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ омода кунем. Дар робита ба ин, ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода масъулияти бештар дорад. Зеро маҳз дар ин боргоҳи илм забонҳои маъруфтарини оламро меомӯзанд, - гуфт Равшан Раҷабзода.
Дар маҷмӯъ, пажӯҳишҳои Абдурашид Самадов аз муколамаи судманди фарҳангҳо паём расонда, мақом ва ҷойгоҳи адибон ва мутарҷимони тоҷикро дар тамаддуни умумибашарӣ ва таваҷҷуҳи донишмандони Ғарбро ба шоҳкориҳои адаби форсу тоҷик ба намоиш мегузорад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 2612