logo

иқтисод

БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. АВЛАВИЯТ БА ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Солҳои охир дар мамлакат ба бунёди боғу токзор, афзоиши ҳаҷми истеҳсол, коркарди мева ва сифати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин нукта зимни ироаи Паёми навбатӣ низ таъкид гашт: «Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъӣ андешанд».
Айни ҳол кишоварзон ва боғпарварони ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва амалигардонии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” талош намуда, корҳои сабзазоркунӣ, хуррамсозӣ ва ниҳолшинониро дар партави омодагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида истодаанд. Тибқи нақшаи барномаи болозикр, дар ҷумҳурӣ бояд 20 ҳазору 153 гектар, аз ҷумла 502 гектар боғҳои интенсивӣ,  бунёд карда шавад.
Солҳои охир бо ҳидоят ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иҷрои барномаҳои  рушди соҳаи боғу токпарварӣ ҳазорҳо гектар боғҳои анъанавӣ ва интенсивии ба содирот нигарондашуда бунёд ёфтанд, ки фардо манбаи даромаду зиндагии шоистаи мардум ва  зебою дилкаштар шудани табиати кишвар хоҳанд гашт. Мутахассисону олимон мутмаинанд, ки бунёди боғҳои интенсивӣ дорои афзалияти зиёд буда,  дар муддати 2 - 3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар муддати кӯтоҳ мепӯшонанд. Дар боғҳои интенсивӣ дарахтон, асосан, миёнақад ва кӯтоҳ буда, имкони танзим намудани ҳосил ва сифату ҳаҷм мавҷуд аст. Инчунин, ба гуфтаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, аз боғҳои интенсивӣ имкони аз як гектар рӯёндани то 50 - 60  тонна  ҳосил имконпазир аст. 
Тавре доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Саидалӣ Гулов иброз дошт, таҳлилу тадқиқоти  стратегии ватанӣ  ва хориҷӣ дар 10 - 15 соли охир муайян намудаанд, ки Тоҷикистон метавонад дар соҳаи  боғпарварӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо бошад. Зеро хоку иқлими ҷумҳурии мо барои рушди ин соҳа мусоидат мекунад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки то замони истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 63,7 ҳазор гектар боғ мавҷуд буд. Имрӯз масоҳати боғу токзор қариб ба 200 ҳазор гектар расидааст.
 -  Ҳоло вақти он аст, ки ба бунёди  боғҳои интенсивӣ рӯ орем. Имрӯз дар ҷаҳон, асосан, бунёди 3 намуди боғ – экстенсивӣ (боғҳои куҳнаи анъанавӣ), интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ривоҷ дорад. Дар як гектар замини боғҳои экстенсивӣ то 200 - 500 дарахт (ниҳол), боғҳои  интенсивӣ аз 500 то 1500 ва боғҳои суперинтенсивӣ аз 1500 то 5 ҳазор дарахт шинондан имконпазир мебошад. Системаи боғпарварии интенсивӣ дар Тоҷикистон соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз дар мамлакат зиёда аз 1000 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст. Бештари  онҳо  боғҳои себ, нок, шафтолу, олу, гелос ва зардолу мебошанд. Имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони зиёда аз 60 гектар боғҳои интенсивии чормағз низ бунёд ёфтанд. Мақсади асосии гузаштан ба системаи навини  инноватсионӣ он аст, ки аз майдони кам ҳосили баланди босифат ба даст овардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2018 аз як гектар боғи  экстенсивӣ  ба ҳисоби миёна 5 - 6 тонна ҳосил ҷамъ оварда шуд. Аз ин рӯ, мо метавонем, ки бо бунёди боғҳои интенсивӣ ҳосили 10 гектар заминро аз 1 гектар рӯёнда, 9 гектар замини боқимондаро  барои  парвариши  зироати дигари кишоварзӣ истифода намоем, - изҳор дошт С. Гулов.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, гарчанде ҳаҷми майдони боғу токзор пайваста афзоиш меёбад, вале ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар зиёд нест. Аз ин рӯ, боғпарваронро зарур аст, ки маҳсулнокиро на аз ҳисоби зиёд намудани майдони боғ, балки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ баланд бардоранд, инчунин, аз маслиҳату тавсияҳои мутахассисону олимони соҳа дар агротехникаи парвариши ниҳол самаранок истифода баранд.
- Ҳоло яке аз сабабҳои кам содирот шудани меваи мо ба хориҷи кишвар  ин сифати хуби стандартӣ надоштани онҳост. Ҳарчанд меваҳои ҷумҳурии мо аз ҷиҳати лаззат беҳамтоанд, вале аз ҷиҳати намуд, андоза ва дигар сифатҳо ба талаботи стандартии содиротӣ пурра ҷавобгӯй нестанд. Системаи куҳнаи парвариш барои ба танзим даровардани ҳосилнокӣ ва андозаи меваи дарахтон имкон намедиҳад, чунки ин дарахтон хеле баланданд ва калонҳаҷм мебошанд. Боғпарваронро зарур аст, ки  ҳангоми бунёди боғ ниҳолҳои стандартии ба талабот ҷавобгӯй, пайвандшуда ва минтақабоб бихаранд, ҳатман ҳангоми бунёди боғ аз  тавсияи мутахассисону олимон истифода кунанд. Зеро кӯр - кӯрона бунёд кардани боғ ба камҳосилии дарахтон  оварда мерасонад ва камбудиҳои он баъд аз 7 - 8 сол маълум мешавад. Танҳо дар асоси ҷорӣ намудани технологияи дурусти парвариши боғ мо метавонем дар оянда ҳосили хуби босифат ва ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳоро ба даст орем, - гуфт С. Гулов.
 -  Дар ин раванд ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад. Қонун ташкили низоми ниҳолпарварӣ, парвариш, назорату фурӯши онҳо, баҳисобгирӣ, воридоту содирот ва сертификатсияи лавозимоти киштшаванда ва ниҳолҳо, бунёди боғҳои модарӣ, мониторинг, гузарондани кадастр ва аз ҳисоб баровардану решакан кардани онҳоро дар бар мегирад, - иброз дошт Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғдорию сабзавоткории АИКТ.
Танзими ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ имкон медиҳад, ки дар мамлакат баробари истифодаи оқилонаи фонди генетикии навъҳо барои ба вуҷуд овардани навъҳои дорои хусусиятҳои хуби биологию хоҷагидорӣ, гуногунии биологии ниҳолҳо, аломату хусусиятҳои беҳтарини навъҳои маҳаллӣ ва ояндадор ҳифз карда шаванд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед