logo

маориф

КӮДАКИСТОНҲО. ҲАРЧИ БИСЁР БОШАНД...

Нақши муассисаҳои томактабӣ дар тарбияи зеҳнӣ ва маънавии кӯдакон хеле барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ба кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ишора карда, дар бораи аҳамияти онҳо махсус истода мегузаранд. Аз ҷумла, таъкид кардаанд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».
Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Дар акси ҳол надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангӣ шахсро ба инкори ҳақиқат ва гумроҳӣ мерасонад. Ҳамагон шоҳиди он будем, ки солҳои 2014 - 2016 баъзе аз ҷавонон аз рӯи ҷаҳолату нодонӣ, гумроҳӣ ва тақлиду пайравии кӯр – кӯрона ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, бахусус, гурӯҳи “Давлати исломӣ”  пайвастанд ва ҷони худро аз даст доданд. Як гурӯҳ, ҳатто, хонаводаашонро аз паси худ бурданд, ки ҷои таассуф аст. Фарзандони аксари онҳо бо модарони зиндониашон дар шароити ногувор ба сар мебурданд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли гузашта 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан баргардонда шуд. Ҳукумати кишвар барои ин кӯдакон тамоми шароитро муҳайё кардааст ва онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Надонистани сарнавишти таърихӣ ва мероси маънавию фарҳангии  миллати худ шахсро ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолият оварда мерасонад. Бинобар ин,  Сарвари давлат чопи дигарбораи китоби аллома Бобоҷон Ғафуровро дар замони зудтағйирёбанда ва бархӯрди манфиатҳо пешниҳод карданд, ки қобили дастгирӣ ва пайравист.
Ин ба дӯши мо - волидону омӯзгорон ва, дар умум, ҷомеа масъулияти бузурге гузоштан аст, то фарзандонро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллӣ тарбия намоем.
Агар ба мероси адабии ниёгонамон ба дидаи таҳқиқ назар андозем, ба чунин хулоса меоем, ки онҳо аксаран панду насиҳатанд, аз таҷрибаи рӯзгор гирифта, ба таълиму тарбияи насли наврас нигаронда шудаанд.
Асарҳои панду ахлоқӣ аз осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, то «Насиҳатнома» -  и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ маҳз фарогири тарбияи ахлоқианд, ки моро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд.
Аз ин ҷост, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 қабул гардид, маҳз масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд. Дар қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила, пеш аз ҳама, волидайн гузошта шудааст. Зеро хишти аввал дар инкишофи ояндаи кӯдак ва камолоташ бо дастони падару модар чида мешавад.

Рухшона МАДИСОЕВА,
мудири кӯдакистони № 138, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 2556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед