фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Орумбекзода Ш. Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Орумбекзода Шамсиддин Шодибек бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 1420
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2020 №: 19 Мутолиа карданд: 838