президент
Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат
22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба масъалаҳои кишоварзӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат ҳисоботи муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта, кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба зимистон, истифодаи ғайримақсадноки заминҳо ва маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон ҷудогашта, омода ва захира кардани тухмии зироатҳо, таъмини бозори истеъмолӣ бо меваю сабзавот ва дигар маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки имсол дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои судбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини корам ҳосили фаровони тамоми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, меваю сабзавот, картошка ва пахта рӯёнда шудааст. Тибқи ҳисобот имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 237 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст ва пахтакорон умед доранд, ки дар маҷмӯъ 410 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки хоҷагиҳои пахтакор тадриҷан аз қарзҳои сармоягузорону бонкҳо раҳо ёфта, рӯ ба худмаблағгузорӣ оварда истодаанд. Ин тамоюл бештар дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав ба назар мерасад.
Дар воқеъ имрӯз натиҷаи татбиқи босамари муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ дар аксари хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат ва бозорҳо бармало ба назар мерасад. Хусусан ҳосили фаровони меваю сабзавот, пеш аз ҳама себ, нок, хурмо ва картошка мушоҳида мегардад. Агарчи зимистони гузашта дар бисёр минтақаҳо ниҳолҳои анорро сармо зад, ба боғдорони хоҷагиҳои шаҳри Норак ва баъзе минтақаҳои дигар рӯёндани ҳосили фаровон муяссар гаштааст.
Ҳосили назарраси картошка дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт ва ноҳияҳои Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд рӯёнда шудааст. Танҳо картошкапарварони вилояти Суғд имсол 200 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд, таъкид гардид дар ҳисоботи раиси вилоят.
Бо вуҷуди ҳамаи пешравиҳо Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон суръати ҷамъоварии ҳосили пахтаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, баҳри тезондани он ва истифодаи пурсамар аз обу ҳавои мусоиди имрӯза ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ҳосили пахтаи рӯёндаи деҳқон бо нархҳои одилона харидорӣ шавад, то ки ҳавасмандии онҳо дар ин кор зиёд гардад.
Дар робита ба вусъати кишти тирамоҳӣ бошад, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар 170 ҳазор гектар замини обӣ ғаллаи тирамоҳӣ кишт шавад. «Кишти сабзавоти барвақтӣ барои таъминоти бозор дар фасли баҳор ва аввали тобистони соли оянда аз ҳозир бояд вусъат дода шавад», таъкид намуд Сардори давлат. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои кишти такрорӣ дар соли оянда бояд 160 ҳазор гектар замини обӣ омода гардад.
-Ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ аст, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем аз таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ худро эмин нигаҳ дорем. Оид ба омода ва захира намудани тухмии хушсифати ғалладона, пахта, картошка ва дигар зироатҳо ва ҳамчунин нуриҳои минералӣ низ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бояд мағозаҳои фурӯши тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ кушода шаванд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон ҷудогашта ва изофанависӣ дар иҷрои нақшаи пилла изҳори нигаронӣ карда, оид ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар ин самтҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон иттилоъ дода шуд, ки таъминоти муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ангишт ва дигар маводи сӯхт ва кушодани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҳамчунин оид ба рушди парандапарварӣ, ниҳолпарварӣ, боғутокпарварӣ, парвариши занбӯри асал ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуд, ки оид ба рафти иҷрои ҳамаи вазифаҳои гузошташуда 1-уму 20 ноябр ва 1 декабри соли равон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи мушаххасу густурда пешниҳод намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3898