сиёсат
ТОҶИКИСТОН АГАР БУЗУРГТАРИН КИШВАР НЕСТ, ВАЛЕ АЗ БЕҲТАРИНҲОСТ
Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва 10 - солагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон чорабиниҳо тантана доштанд. Бахусус, 2500 - солагии Истаравшан - ин шаҳри бостонии тоҷикон хеле пуршукӯҳ ва самимӣ таҷлил шуд. Дар ин тантана, ки 10 сентябри соли 2002 дар шаҳри Истаравшан баргузор гашт, меҳмонон - тоҷикони бурунмарзию форсизабонони ҷаҳон аз 19 кишвар иштирок доштанд.
Чанде аз онҳо дар ин ҳамоиш арзу сипоси худро баён дошта, ба тоҷикону тоҷикистониён сулҳи бардавом, оромӣ, ваҳдати миллӣ орзу карданд. Ҳама баромадҳо самимӣ, ҷолибу пурмуҳтаво буданд. Раиси созмони тоҷикони Британияи Кабир Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ аз сафарҳои ба Тоҷикистон карда, суҳбату мулоқотҳояш бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар таассуроташ ёдовар гашт. Ӯ аз пешравию дигаргуниҳои кишвари тоҷикон ба ваҷд омада мегӯяд: «Тоҷикистоне, ки 11 сол пеш дидам, аз Тоҷикистони имрӯза фарқ дорад. Таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷае расидаед, ки дар дунё беназир аст.
Мамлакат, ки онро ҷанг фаро гирифта буд, ба як маъмали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил ёфтааст. Ин осон нест. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро, ки таҳти роҳбарии эшон ин матлаб дуруст шудааст».
Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ дар идома бо ҳиссиёт ва эҳтироми самимӣ лаҳзае аз вохӯрӣ ва суҳбати худро бо Ҷаноби Олӣ ёдовар шудааст: «Як хотирае аз Тоҷикистонро бояд бигӯям. Чун, агар нагӯям, чизе ҳаст, ки дар қалби ман мондааст ва ба қалби шумо нарафта. Дар рӯзе, ки осорхонаи Душанбе кушода мешуд, мо дар хидмати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон будем.
Расидем ба канори як панҷарае (тиреза), ки ба тарафи беруни сохтмон боз буд, на ба тарафи хиёбон. Ин саҳна ҳеҷ вақт ва шояд то дунё - дунё зинда бошам, ёдам наравад. Аз панҷара нигоҳ карданд ва назаре гузаронданд ба тарафи ман ва дӯстон. «Ба ҳар ҷойи Тоҷикистон нигоҳ мекунам, хароб аст» гуфтанд. Инро шахсе мегӯяд, ки дар қалбаш ободии Тоҷикистон ва ояндаи он нуҳуфта аст. Чаро аз дидани як харобӣ нороҳат мешаванд? Агар касе аз дидани харобиҳо нороҳат нашавад, маълум аст ба ояндаи мамлакат алоқае надорад. Вақте инро гуфтанд, ман ба худам гуфтам: «Ҷалол, ту дар хидмати инсоне ҳастӣ, ки мехоҳад ин мамлакатро бисозад». Ва ин воқеате ҳаст, ки имрӯз ман бо чашми худам ба аён мебинам. Мо аз Шумо роҳбарӣ мехоҳем, раҳнамуд ба сохтмони мамлакат».
Эмомалӣ Раҳмон вақте Роҳбари давлат интихоб гардид, ки бар асари муноқишаҳои дохилӣ чанде аз минтақаҳо хароб ва мардуми он аз маҳали зисти худ фирор карда буданд. Аз ин сабаб, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум чунин изҳор доштанд: «Мавзӯи асосии ҳамаи масъалаҳои Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ мебошад».
Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст фаъолияти худро баҳри андешидани ин тадбирҳои муҳим, яъне ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ равона сохтанд. Бахусус, ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ дар сатҳи мақомоти давлатӣ амалӣ мешуд.
Дар ин ҷода қавлу амали Сарвари давлат ягона буд. Дар шароити душвору хатарнок ба минтақаҳои гуногун сафари корӣ анҷом медод, аз зиндагии мардум, ниёзи онҳо воқиф мегардид. Ин мушоҳидаҳои худро дар Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (7 сентябри соли 1994) чунин баён доштанд: «Ман бо дили реш - реш ба либосу пойафзоли фарсудаи деҳқонони Ёвон, Исфараю Ӯротеппа менигаристам, ман намедонистам, чӣ кор кунам, вақте ки мактаббачаҳои Шаҳритузу Қӯрғонтеппаро пойлучу нимбараҳна медидам. Онҳо ба ҷойи мактаб то ба имрӯз дар зери дарахтон хонда истодаанд».
Саъю кӯшиши роҳбарияти давлат дар роҳи ба эътидол овардани ҷомеа нек амалӣ мешуд. Бахусус, ҷиҳати ба Ватан баргардондани фирориёни иҷборӣ кӯшишҳояшон зиёд буд.
Нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритуз 2 сентябри соли 1994 онҳоро истиқбол гирифтанд. Ба Ватан баргаштан орзуи ҳар яки онҳо буд, ки бо амри тақдир тарки манзили худ карда буданд. Тоҷикистон хонаи умед, бахту саодат ва барояшон азизу гаронмоя маҳсуб меёфт.
Тамоми тадбирҳои андешидашудаи давлат таҳти роҳбарии Сарвари бохираду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳро ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамвору қарин месохт. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (Маскав, 27 июни соли 1997) нишонаи дар амал татбиқ намудани ин мақсади олӣ ва наҷиб буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5 - солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ чунин таъкид менамоянд:
«Бо имзои ин санади таърихӣ мо дар кишвари худ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем».
Расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки дар кишвар корҳои созандагию ободӣ оғоз гарданд. Дар муддати на чандон зиёд бунёдкориҳо сар то сари кишварро фаро гирифтанд. Ин дигаргунӣ ва пешрафтро хориҷиён низ мушоҳида мекарданд. Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ дар ҷашнвораи Истаравшани бостонӣ вобаста ба ободу хуррам гаштани кишварамон чунин воқеъбинона баҳо додааст: «Тоҷикистон агар бузургтарин кишвар нест, вале аз беҳтаринҳост. Ва мо бо ин ифтихор мекунем».
Ҳамватани бурунмарзии мо Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ ин суханони пур аз меҳру садоқати худро 18 сол қабл гуфта буд. Чунин суханони самимӣ ва пур аз умеду орзу нисбат ба Тоҷикистон то ба имрӯз гуфта мешаванд. Зеро Тоҷикистон – хонаи умеди мо, тамоми тоҷикони дунёст ва он дар пайи ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат сол ба сол ободу хуррам мегардад.
Ҳамватани бурунмарзии мо Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ дар идомаи суханрониаш ба Пешвои миллат чунин муроҷиат карда буд: «Мо аз Шумо роҳбарӣ мехоҳем, раҳнамуд ба сохтмони мамлакат». Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан ҳам, бунёдкориҳо идома доранд.
Тоҷикистон кишвари амн, ободу зебо ва аз ҷумлаи беҳтаринҳост, бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам мавқеи устувори худро пайдо кард. Асоси ҳама пешрафт, дастовардҳо пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.
Тавре Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Аҳли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,
Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 1065