сиёсат
ЭЪТИРОФИ РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ ТАҲКИМИ ИМИҶИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Вазъи сиёсиву мураккаб ва бархӯрди тамаддунҳо дар арсаи ҷаҳон ҷомеаи башарро водор намудааст, ки нисбат ба ҳастии инсоният дар рӯи Замин чораҳои махсус андешад. Ин аст, ки имрӯзҳо дар миқёси олам ниҳодҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолият намуда, дар таъмини механизмҳои ҳуқуқи инсон нақши муҳим мебозанд.
Бо мақсади таъмини давраи навтарини рушди устувор дар ҳаёти инсоният дар тамоми кураи Замин ташкилотҳои байналмилалӣ муҳимтарин арзишҳои ҳуқуқиро рӯи кор оварда, ба тақдири минбаъдаи инсоният таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Шумораи ин гуна ташкилотҳои бонуфуз дар ҷаҳон зиёд буда, яке аз чунин созмонҳои муътабар Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» мебошад. Ин ташкилоти мустақил дар кишварҳои Исландия ва Белгия амал намуда, ҳамчун шабакаи иртиботот форуми ҷаҳонии занони сиёсатмадори роҳбарро, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни сиёсат фаъолият доранд, муттаҳид месозад.
Мақсад аз муттаҳид намудани занони сиёсатмадори роҳбар ин ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, беҳтар намудани манфиатҳои ҷомеаи башар бо истифода аз неруи дастаҷамъӣ ва қобилияти занон дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат, беҳсозии имкониятҳои иртибот ва мубодила барои занони сиёсатмадори роҳбар дар ҳама сатҳ ҷомеаи навро ба вуҷуд оварда, тавассути даъват ҷиҳати эҷоди дигаргуниҳои мусбӣ дар ҳаёти занон таъсир мерасонад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ узви якчанд созмон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, тасмим ва ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла занон, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як фард бо назардошти манфиатҳои миллӣ дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамояд. Кишвари мо ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ (соли 1993) ба Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбат ба занон аъзо гардида, тавсия ва меъёрҳои онро дар амал иҷро намудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон вазъ дар самти фаъолгардонии занон муътадил буда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи стратегияҳо ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, вусъат бахшидани таъмини иштироки васеи бонувон дар корҳои сиёсиву давлатӣ пайваста идома дорад. Маҳз натиҷаи амалишавӣ ва самараи сиёсати роҳбарияти олии мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ натиҷаи матлуб ба бор оварда истодааст.
Расман аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» тасдиқ гардидани Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун сафири созмони болозикр дар Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Бо ба назар гирифтани хизматҳои назарраси Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ҳайси раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» ин мақомро қобили қабул донист.
Чунин мақоми сатҳи байналмилалӣ аввалин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи Раҳмон Озода Эмомалӣ гузошта шудааст, ки ҳамчун як падидаи нав дар саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт мегардад. Боиси ифтихор ва таҳсин аст, ки сарфи назар аз ҷаҳду талошҳои пайваста ҷиҳати бадастовардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои хидматӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун олим дар самти ҳуқуқи занон таҳқиқоти илмӣ мебарад, ки ин ба андешидани иқдомҳои нав ба нав оид ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи занон дар ҷомеа ёрӣ мерасонад.
Ба андешаи мо, эътимод ва эътирофи бонуи сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби созмони мавриди назар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи стандартҳои байналмилалӣ таъсири мусбат расонда, шинохт, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус, занон, боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшад.
Сафаргул БУХОРИЕВА,
мудири шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 942