порлумон
ВМКБ. ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ
Имрӯзҳо дар кишвар омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бомаром идома дорад. Тавре Юсуфбек Шодмонбеков, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр кард, низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар ташкили ҳокимият кафолат дода, таъмин менамояд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мувофиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамал, ёддошту раҳнамо ва қарорҳои КМИР маъракаи интихоботӣ оғоз гардид. Шурӯъ аз 25 декабри соли 2019 то ба имрӯз дар ҳудуди вилоят ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар, комиссияҳо ва участкаҳои интихоботӣ ташкил шуда, номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи зинаҳои интихобот пешбарӣ гардиданд.
Барои интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди вилоят 2 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ - рақамҳои 40 ва 41 фаъолият дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд.
Дар конфронси ғайринавбатии якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Ванҷ гузашт, вакилони интихобшудаи аъзои ҳизб аз кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон Қодири Қосим – раиси Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ванҷ, № 40 интихоб ва ба комиссияи ҳавзавии интихоботӣ пешниҳод намуданд.
Дар конфронси якҷояи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гашт, вакилони интихобшудаи аъзои ҳизб аз кумитаҳои ҳизбии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб бо пешниҳоди вакилони конфронс номзадии Гиёзода Азиз Қодир – собиқ раиси ноҳияи Шуғнонро аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хоруғ, № 41 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Дар вилоят, ҳамчунин, барои гузарондани интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо ташкил шуданд. Оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят 66 ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардид, ки 48 фоизи ҳайати онро занон ташкил медиҳанд. Дар 12 ҳавзаи интихоботии вилоят вазифаи раиси комиссияи ҳавзаро занон ба уҳда доранд.
Ба гуфтаи Юсуфбек Шодмонбеков, участкаҳои интихоботӣ рукни асосии ташкил ва гузарондани интихобот маҳсуб меёбанд. Дар ҳудуди вилоят 279 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст. Ҳайати комиссияҳои участкавӣ, аллакай, интихоб, қароргоҳҳои участкаҳо ва ҷойи овоздиҳӣ муайян гаштаанд. Имрӯзҳо корҳо дар доираи барӯйхатгирии интихобкунандагон дар участкаҳо, омода намудани ҳуҷраҳои овоздиҳӣ идома доранд.
Дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба интихобот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи коршиносон, аъзои КМИР намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои аъзои комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва комиссияҳои участкавӣ семинарҳои омӯзишӣ то арафаи рӯзи интихобот идома меёбанд.
Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маводи коргузорӣ, интихоботӣ, қоидаҳо, дастурамалҳо дастрас гардида, то ба участкаҳои дурдасттарини вилоят, мисли Рангкӯл, Қарокӯл ва Қизилруботи Мурғоб, Лангари Ишкошим ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон расонда шуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо қароргоҳҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ муайян ва шароити корӣ фароҳам оварда шудаанд.
Шаҳрвандон, аҳли ҷамоатчигӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти ин чорабинии муҳими сиёсии давлатиро амиқ дарк намуда, интихоботро ҳамчун воситаи муҳими такмили идоракунӣ дар марҳилаи ҳозира, омили тақдирсоз дар рушди давлатдорӣ истиқбол мегиранд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 662