порлумон
НОҲИЯИ РАШТ. САБТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛӢ ИДОМА ДОРАД
Сокинони ноҳияи Рашт ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Тавре Ҳикматулло Мирзоев, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" иттилоъ дод, корҳои омодагӣ ба интихобот ва пешниҳоди номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия идома дорад. Комиссияи ноҳиявии интихобот дар ҳайати раис, муовин, котиб ва 6 узви комиссия фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Дар дафтари кории комиссияи ноҳиявӣ гӯшаҳои интихобот ва иттилоотӣ ташкил карда шудаанд, ки дар он рӯйхати навбатдории аъзои комиссия, харитаи маҳаллии ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ ва лавҳаи то интихобот чанд рӯз монд овезон карда шудаанд. Дар болои мизи гӯша шумораҳои рӯзномаи "Оинаи Рашт" дар бораи ташкил кардани комиссияи ноҳиявии интихобот, қарорҳои комиссияи ноҳиявии интихобот, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ гузошта шудаанд.
Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт бо қарори худ 40 ҳавза ва 65 участкаи интихоботӣ таъсис додааст. 8 январи соли ҷорӣ намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ вохӯрӣ гузаронданд. Ҳоло аъзои комиссияи ноҳиявӣ ба нуқтаҳои овоздиҳӣ, яъне ҳавзаю участкаҳо барои назорати доимӣ вобаста гардидаанд. Шиору овезаҳои зарурӣ ва буклетҳои таблиғотӣ ба нуқтаҳои овоздиҳӣ дастрас шуданд.
- Айни замон, дар ноҳия ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, инчунин, ба тариқи худпешбарӣ аз ҷониби шаҳрвандон идома дорад. Сабти номзадҳо аз 25 январ оғоз гардида, то 9 феврал идома хоҳад кард, ки аз ин тартиб тамоми ҳизбҳои сиёсӣ огоҳ мебошанд. Аз 10 феврал номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо ба роҳандозӣ кардани корҳои таблиғотиашон оғоз менамоянд, - иброз дошт Ҳикматулло Мирзоев.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 676