фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Салимзода А. Ф.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Салимзода Амонулло Файзулло вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 январи соли 2020, № 1431
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 947