порлумон
МУҲИМТАРИН ВОҚЕАИ СИЁСӢ
Дар шаҳри Хуҷанд низ чун дар дигар минтақаҳои кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ доир кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо омодагиҳо ҷараён доранд.
Бино ба иттилои раиси ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд – 13 Баҳодур Муъминов, дар шаҳр дар интихоботи навбатӣ як нафар ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 7 нафар вакили маҷлиси вилоятӣ ва 40 нафар вакили маҷлиси шаҳрӣ интихоб хоҳанд гашт. Шумораи интихобкунандагон 103 ҳазору 392 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 2 ҳазору 188 нафараш бори нахуст дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзад.
Чуноне котиби ҳамин ҳавза Шафоат Умарова иброз дошт, ҳамаи 64 участкаи овоздиҳӣ бо раҳнамо, дастурамалҳо, инчунин таҷҳизоти зарурии муосир таъмин аст. Баҳри шаффоф ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузоршавии интихобот бо шахсони масъули участкаҳои овоздиҳӣ мунтазам семинарҳои омӯзишӣ доир мегарданд.
Хайрулло Нурматов, раиси комиссияи шаҳрии интихобот, иброз медорад, ки баҳри огоҳии пурраву комил пайдо кардани маълумот оид ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ ҳамарӯза дар минтақаҳои овоздиҳӣ афроди масъул навбатдорӣ намуда, шаҳрвандонро бо иттилооти зарурӣ таъмин менамоянд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳоло пешбарии номзадҳо дар шаҳру навоҳии вилояи Суғд идома дорад. Тибқи иттилои масъулон, дар вилоят 1,5 миллион нафар ҳуқуқи интихобкунандагӣ дорад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2020 №: 21 -22 Мутолиа карданд: 823