logo

порлумон

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. АҲАМИЯТИ ИНТИХОБОТ ДАР БАЙНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕШАВАД

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 1 марти соли ҷорӣ дар кишвар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо доир мегардад. Ҳоло таҳти назорати бевоситаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои омодагӣ ба раванд ва баргузории интихобот вусъат ёфта истодаанд.
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1 дар қатори дигар ҳавзаҳои интихоботӣ барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои назаррасро ба анҷом расондааст.
Азимқул Эшонқулов, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Фирдавсӣ № 1, зимни суҳбат чунин гуфт: «Аз ҳавзаи интихоботии мо 4 довталаб - Эмомалӣ Насриддинзода (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Ҷамшед Юнусов (Ҳизби коммунистии Тоҷикистон), Даринг Раҳмон (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон) ва Аббосалӣ Давлатов (худпешбарӣ) барои ба даст овардани унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ талош меварзанд».
Бино ба гуфтаи раис, довталабон аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштаанд.
Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ № 1 дар ҳамкорӣ  бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳудуди 45 участкаи интихоботиро муайян намудаанд, ки нишонии онҳо дар рӯзномаи шаҳрӣ - «Паёми Душанбе» ба табъ расидааст. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ маводи зарурии маърифатӣ -  ҳуқуқӣ ва конселярӣ таъмин гардида, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи интихобкунандагон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ идома доранд. Тибқи иттилои манбаъ, шумораи интихобкунандагон дар ҳудуди ҳавза 84 000 нафарро ташкил медиҳад.
- Барои бе мушкилӣ гузарондани интихобот бо шахсони  масъули участкаҳои интихоботӣ семинар - машварати омӯзишӣ доир намудем, ки баъзеашон бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд, - гуфт Азимқул Эшонқулов.
Чуноне Назокат Маҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, иброз дошт, дар ҳудуди ноҳия (даромадгоҳҳои ноҳия, ҷойҳои серодам) 11 банери тарғиботӣ, ба монанди «Барои шукуфоии Тоҷикистон овоз диҳед» ва «1 марти соли 2020- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шудааст. Инчунин, ҳар рӯз аз ҷониби раиси ноҳия бо мардум суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешаванд. Дирӯз чунин чорабинӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49 баргузор гашт, ки ҳадаф аз он иттилоотонии сокинон ва фаҳмондани моҳият ва муҳимияти интихоботи дарпешистода буд.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 806
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед