logo

фарҳанг

ФАРМОНИ № 622. ЧАРО БАЪЗЕ РОҲБАРОН МАСЪУЛИЯТ ЭҲСОС НАМЕКУНАНД?

Баҳри баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, 7 феврали соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро имзо карданд. Дар банди 2-и фармони мазкур омадааст:

«Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд».
Дар банди 4 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» низ дар ин хусус чунин зикр шудааст: «Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар муҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд».
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли 2019-ум 150 мақолаи танқидиву таҳлилӣ чоп кард, вале то ба имрӯз ҳамагӣ ба 30 мақола вокуниш расидааст. Аз ҷумла, аз Суди Олӣ (6-то), Вазорати фарҳанг (4-то), Вазорати саноат ва технологияҳои нав (1-то), Кумитаи рушди сайёҳӣ (3-то), Кумитаи бехатарии озуқаворӣ (1-то), Бонки миллии Тоҷикистон (2-то), Агентии омор (1-то), МИҲД вилояти Хатлон (1-то), шаҳрҳои Норак ва Левакант (2-тоӣ), ноҳияҳои Шаҳритуз, Темурмалик ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2-тоӣ), Ёвон, Муъминобод, Айнӣ, Ашт, Роштқалъа, Рашт, Ховалинг, Восеъ, Хуросон,  Шамсиддин Шоҳин, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав ва аз сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Роҳбарони бисёр ташкилоту муассисаҳо, мақомоти давлатӣ, бо сабабҳои номаълум, ба мақолаҳои танқидиву таҳлилии рӯзнома сари вақт вокуниш нишон надодаанд.
Дар рӯзнома 2 августи соли 2019 мақолаи танқидии “Фармони № 622. Роҳбарон аз иҷрои уҳдадориҳояшон саркашӣ мекунанд. Чаро?” ба нашр расид. Баъди чопи ин матлаб низ бархе аз роҳбарони вазорату идораҳо (ба ғайр аз Вазорати фарҳанг) ба нишон додани вокуниш ба мақолаҳои таҳлиливу танқидие, ки соли 2018 ва шаш моҳи соли 2019 нашр шуданд, кӯшише зоҳир накарданд. Шояд нигарони онанд, ки кай ба нишонии онҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ меояд, то ки баъд барои посух додан омодагӣ гиранд? 
«Ҷумҳурият» ба мақолаҳои «Кӯҳистон ба обанбор ниёз дорад», 9 январ, “Табибон бояд дасту дили пок дошта бошанд”, 14 январ, аз МИҲД вилояти Хатлон,  «Бохтар. Гуфтаниҳои ногуфта дар бораи қабристонҳо», 17 январ, аз МИҲД шаҳри Боҳтар,  «Пахтакорӣ. Чӣ тавр рушди соҳаи муҳимтарини соҳаи кишоварзиро тақвият бахшем?», 18 январ, «Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд», 13 феврал, «Пахта. Чӣ гуна шарафи пешинаро барқарор кунем?», 23 март, «Ҳам аршу ҳам фарш», 30 май, «Моҳӣ. Вазъи парваришу истеҳсол қонеъкунанда нест!», 11 июн, «Қутоспарварӣ. Ниёзҳои соҳа нобароварда монданд», 13 июн, “Пахта. Нуфузи рафта кай барқарор мешавад?”, 18 сентябр, “Картошкапарварӣ. Дахл нуздаҳу харҷ бист, чаро?”, 12 ноябр, аз Вазорати кишоварзӣ, «Қубодиён. Аз қалъаи Мир то шаҳраки Кайқубодшоҳ», 22 январ, аз МИМҲД ноҳияи Қубодиён, «Аттестатсия. Он бояд воқеъбинона ва шаффоф гузарад», 23 январ, «Журналистика. Чанд паҳлуи як проблема», 28 март, «Агар ношунаворо нашунавем…», 5 апрел, «Ношунаворо ҳатман бояд бишнавем!», 25 апрел, «Илмҳои дақиқ. Чаро таваҷҷуҳ камтар аст?», 7 май, «Кӯдакон ва мушкили китобҳои бадеӣ. Чӣ бояд кард?», 10 май, «Такмили ихтисос ва мушкилоти ҳалталаби он», 29 май, «Мубориза бо тамокуи бедуд масъалаи ҳалталаб», 30 май, «Таътили тобистона. Аксари лагерҳо ба қабули мактабиён омода нестанд!», 4 июн, «Файзобод. Чанд мушкили як муассисаи таълимӣ», 7 июн, «Фоҷиа ё сабабҳои як муноқишаи хунинро дар чӣ бояд ҷуст?», 11 июн, «Саноат. Соҳае, ки ба мутахассисон ниёз дорад», 1 июл, «МТМУ № 55. Масъулон ба ваъда вафо накарданд», 8 июл, «Таҳсилоти фосилавӣ. Чанд паҳлуи як проблема», 15 июл, «Таълими мусиқиро андак пиндоштед?», 28 ноябр, аз Вазорати маориф ва илм, «Гармхона манбаи фаровонии сабзавот», 25 январ, аз Вазорати кишоварзӣ ва МИҲД ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, «Мушкилоти калони Восеободи Хурд», 31 январ, аз МИМҲД ноҳияи Восеъ, «Рушди маҳал. Ба он чӣ тавр метавон даст ёфт?», 1 феврал, «Деҳот. Мушкилот ва дурнамо», 4 феврал, аз МИҲД ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, «Истеҳсоли шиша. Чаро аз имкониятҳо истифода намекунем?», 5 феврал, «Саноат. Чаро корхонаҳо аз фаъолият бозмемонанд?», 28 феврал, «Истеҳсоли шиша. Ашёи хом ҳаст, вале…», 13 март, «Саноат. Чаро корхонаҳо аз фаъолият бозмемонанд?», 29 май, «127 корхона. Яксаду бисту ҳафт сухане, ки бояд гуфт», 20 июн, «Равғани рустанӣ. То кай воридот мекунем?», 4 июл, «Мушкили камчинии нуриҳои азотӣ. Чӣ бояд кард?», 17 июл, «Минтақаи Кӯлоб. Сохтакорӣ дар пахтакорӣ», 20 ноябр, «Чой. Кай аз воридот ба содирот мегузарем?»,  25 декабр, аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, «Шаҳритуз. Нигаронӣ аз ҷараёни сусти бунёдкориҳо», 15 феврал, аз МИМҲД ноҳияи Шаҳритуз, «Нигаронӣ аз ҷинояткории судяҳо», 20 феврал, аз Суди Олӣ, «Ёвон. Нигаронии раиси вилоят аз бозистии 24 корхона», 6 март, аз МИМҲД ноҳияи Ёвон, «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ», 11 март, аз МИҲД вилояти Суғд, «Бадахшон. Кони ангишти «Равноб» чаро аз истифода берун монд», 5 апрел, аз МИМҲД ноҳияи Дарвоз, «Зафаробод. Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсим омодаанд?», 11 апрел, аз МИМҲД ноҳияи Зафаробод ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, «Озмоишгоҳи мусиқӣ, яъне чӣ. Чаро то ба ҳол онро таъсис надодаем?», 12 апрел, «Масъулон гӯши ҳақшунав надоранд», 14 май, «Санъати китоб». Ноширони тоҷик муваффақ шуданд, аммо…», 19 июн, «ВМКБ. Чаро корхонае, ки дусад коргар дошт, аз кор монд?», 16 июл, «Ганҷина». Гавҳари санъати миллӣ бояд эҳё гардад», 1 август, «Ганҷина» ба ғамхориву дастгирӣ ниёз дорад», 22 август, «Мусиқӣ. Ноҷӯриҳо то ба кай идома меёбанд?», 24 декабр, аз Вазорати фарҳанг, «Барқ чаро аз меъёр зиёд талаф меёбад?», 16 апрел, аз «Барқи тоҷик», «Шаҳри Ваҳдат. Коргоҳҳо чаро рақобатнопазиранд?», 19 апрел, аз МИҲД шаҳри Ваҳдат, «Ҷавонони ихтироъкор кам нестанд, вале…», 25 апрел, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо», «Кинои тоҷик рушд намекунад, чаро?», 26 апрел, аз МС «Тоҷикфилм», «Сайёҳӣ. Чаро натиҷаҳо назар ба имкониятҳо каманд?», 30 апрел, «Сайёҳии Тоҷикистон. Захираи бузурги истифоданашуда», 20 июн, «Сайёҳӣ. Рушди ин соҳаи муҳим дар минтақаҳо беҳбудиро тақозо менамояд», 10 июл, аз Кумитаи рушди сайёҳӣ, «Норак. Аз ҳоли табоҳи китобхонаи марказӣ», 30 апрел, аз МИҲД шаҳри Норак, «Имтиёзи баҳсбарангез», 2 май, аз МИҲД шаҳри Ҳисор, «Имтиёзҳо. Айб дар ош аст ё дар мош?», 3 май, аз вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, «Иқтисод. Равандҳои рушди низоми андозӣ ислоҳоти навро тақозо менамояд», 6 май, аз Кумитаи андоз, «Рашт. Чаро моҳипарварӣ рушд намеёбад?», 6 май, аз МИМҲД ноҳияи Рашт, «МОИ «Ишкошим». Чанд мушкили як минтақа», 15 май, аз вазоратҳои нақлиёт, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, МИҲД ВМКБ, «Сайёҳии экологӣ. Тадбирҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд», 15 май, аз Кумитаи рушди сайёҳӣ, «Китобхонаҳо чӣ вазъ доранд?», 16 май, аз МИМҲД ноҳияи Темурмалик, «Хатлон. 1287 муассисаи таълимӣ кабинети лингафонӣ надорад», 28 май, аз МИҲД вилояти Хатлон, «Теъдоди майдончаҳои варзишӣ меафзояд, аммо…», 3 июн, аз МИҲД вилояти Хатлон, «Ховалинг. Роҳи фарсуда аз мушкилоти калидӣ боқӣ мемонад», 10 июн, аз МИМҲД ноҳияи Ховалинг, «Тоҷикобод. Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад», 13 июн, аз МИМҲД ноҳияи Тоҷикобод, «ВМКБ. Нигаронии раиси вилоят аз фаъолияти нозирони андоз», 18 июн, аз Кумитаи андоз, «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад», 19 июн, аз МИМҲД ноҳияҳои Ёвон, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Панҷ, Вахш, Ҷайҳун, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Данғара, шаҳрҳои Норак, Бохтар, Левакант, «Шаҳритуз. Ба 69 хонанда 1 компютер. Чаро?», 24 июн, аз МИМҲД ноҳияҳои вилояти Хатлон, «Пасандоз ягона муттакоям буд», 24 июн, аз Бонки миллӣ ва ҶСК «Агроинвестбонк», «Тоҷикобод. Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад», 13 июн, МИМҲД ноҳияи Тоҷикобод,  «Муъминобод. Тақсимоти замин барои эҳтиёҷот аст тиҷорат?», 20 июн, МИМҲД ноҳияи Муъминобод, «Чилучорчашма. Чаро аз уҳдаи муаррифӣ намебароем?», 20 июн, аз МИМҲД ноҳияи Носири Хусрав, «Қаиқронӣ. Бо як гул баҳор намешавад!», 11 июл, аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, «Понғоз. Мушкилоте, ки бояд гуфт», 15 июл, аз МИМҲД ноҳияи Ашт, «Беобӣ. Модарпроблемае, ки сокинони Далёни Болоро нигарон кардааст», 17 июл, МИМҲД ноҳияи Деваштич, «Шаҳритуз. Муҳоҷирони дохилӣ кай соҳиби барқ мешаванд?», 25 июл, МИМҲД ноҳияи Шаҳритуз, «Искандаркӯлу роҳи вайрону сайёҳони ҳайрон», 3 сентябр, МИМҲД ноҳияи Айнӣ, «Норак. Аз пайи мактуби модар», 24 сентябр, МИҲД шаҳри Норак, «Моҷарои замин дар Фархор. Аз амри прокурор то баҳси 29-сола», 9 декабр, аз Прокуратураи генералӣ, «Пул-бозор ё фурӯшгоҳи баҳсбарангезе дар шаҳри Ваҳдат», 10 декабр, аз МИҲД шаҳри Ваҳдат, «Замин. Баҳси ду хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор», 20 декабр, аз прокуратураи ноҳияи Фархор ва дигар ташкилоту муассисаҳо вокунишҳои бодалелу санадҳоро барои мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ интизор аст.
Фармони № 622-и Сарвари давлат бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сатҳҳои гуногун, ки вазифаашон хизмат ба Ватану миллат, некуаҳволии халқу шукуфоии кишвар аст, ба тасвиб расидаасту саҳлангорӣ дар иҷрои он зеби роҳбарон нест.

Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 1147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед