logo

фарҳанг

САДА. ОХИРИН ҶАШНИ МАРОСИМИ СОЛ

Сада охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Ин ҷашни пешомади наврӯзӣ  баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ меноманд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи таваллуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри Замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозад.

Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, чошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, абзорҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус биандешанд. Ба ибораи дигар, Сада низ мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол, аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат  нуфузи муассири худро гузошта метавонад.
Пас аз гузашти зимистони серун ба вуҷуд омадани тағйирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили Иди Наврӯз аст. Ин танҳо бахши кишоварзии ҷашни Сада дар сайри идҳои милливу суннатии сол аст. Ҷиҳатҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар мабнои бахши кишоварзӣ қомат афрохтаанд. Зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд  овардаанд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле содааш дар худ таҷассум намудаанд.
Зинаҳои камолоти ахлоқии мазкур иборатанд аз некандешӣ, ростиву покӣ, хештандорӣ ва ғалаба бар нафси худ, порсоӣ, расоӣ, хуррамӣ ва тандурустӣ, ҷовидониву бемаргӣ ва ҷавҳари ҳастӣ – нури аҳуроӣ (Аҳуромаздо). Ҳамин зинаҳои камолоти маънавӣ инсонро ба дараҷаи шахси вораста мерасонанд. Инсон дар ин сайри такомулӣ бояд ба дарки табиат ё худ олами гетӣ, ки муҳре аз олами миноӣ дар пешонӣ дорад, ноил шавад ва дарки олами офоқии муҷаррад бипардозад. Ворастагӣ дар ин ҷо раҳоӣ аз қайду бандҳои олами моддӣ ва нафси саркаши ҳавою  ҳавасҳои инсонӣ, расидан ба дараҷаи расоӣ, боландагӣ ва фароғату хуррамии қалбу оромиши равон аст.
Агар амиқтар ба ҳамин ҳафт зинаи камолоти ахлоқии инсон назар андозем, ба хубӣ равшан хоҳад шуд, ки хеле аз ҷашнҳои порсоӣ бо ҷашнҳои милливу суннатии соли мо, ки бештар мазмунҳои кишоварзӣ доранд, бо ҳам муштараканд. Ҷашнҳои порсоӣ иборатанд аз Наврӯз, Сездабадар, Меҳргон, зодрӯз, заношӯӣ, Шаби Ялдо ва Сада. Чуноне ки мулоҳиза мешавад, бахши ҷаҳоншиносии ниёгони ориёии мо аз ҳафт қонуни ахлоқӣ («Амшоспандон»), ҳафт пояи зиндагӣ, ҳафт ормони порсӣ, ҳафт мароҳили камол ё худ ҳафт низоми ҳастӣ, ҳафт партави аҳуроӣ, ҳафт хони зиндагӣ иборат аст, ки бар мабнои инҳо дар асрҳои миёна ҳафт шаҳри ишқ, сабъи сайёра, ҳафт хони Рустам, ҳафт хони Исфандиёр, ҳафт табақаи Осмон, ҳафт табақаи Замин, ҳафт гунбади сипеҳр ва ғайра ба вуҷуд омаданд.
Ҳар яке аз ҷашнҳои мазкури сол рамзи яке аз хусусиятҳои офаринишро ифода мекунад ва чун мақсад аз офариниши олам ба вуҷуд овардани инсони дорои тафаккуру хирад аст, мардуми Эронзамин ин ҷашнҳоро ҳар сол ҳамчун рамзи офариниш бо шодиву сурур таҷлил менамуданд.  Ҳамаи  ин ҷашнҳо се манбаи асосӣ - нуҷумӣ, миллӣ ва оинӣ доштанд. Ин нукта аз пайванди наздику намодини (символикаи) офариниши (ӯтаквини) олам, растохези табиат ва дарки оламҳои муҷарраду моддӣ (ӯминуию гетӣ) дарак медиҳад, ки дар поён шарҳи онҳо хоҳад омад. Инак, чанд намуна аз ашъори шоирони муосири тоҷик:

  * * *
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
(Гулназар)

  * * *
Аз Сада бедор мегардад баҳор,
Аз Сада саршор мегардад баҳор.
Дар Сада пинҳон бувад рози ҳазор,
Аз Сада гулбор мегардад баҳор.
Дар Сада оташ фурӯзон мекунанд,
З-ин ҳама гулнор мегардад баҳор.
Аз Сада фасли тараб сар мешавад,
Маҳфили дидор мегардад баҳор.
Аз Сада сад рӯз вақте бигзарад,
Гулфишон такрор мегардад баҳор.
Ман нагуфтам, пеш аз ман гуфтаанд,
Аз Сада бедор мегардад баҳор
(Муҳаммадалии Аҷамӣ)

ОМАД САДА
Хоҳем резад барфи нав, то хок фарбеҳтар шавад,
То ризқи халқ афзун шавад, ҳолаш хушу беҳтар шавад.
Эй барфи хуби лак-лакӣ, резон бишав, омад Сада,
То аз қудуми ту замин пурнуқраву гавҳар шавад.
 
Бодо ҳумоюн, дӯстон, ҷашни Сада, ҷашни Сада,
Ин ҷашни зебо аз ниё бар мо чу мерос омада.

Ҳифзаш бикун ҳар майсаро аз лашкари сармои дай,
То майсаҳо гандум шавад, ҳамранг бо ахтар шавад.
Дар чеҳраи деҳқони мо гулҳои шодӣ бишкуфад,
Кишташ бигардад пурсамар, гар хок гирад зар шавад.

Бодо ҳумоюн, дӯстон, ҷашни Сада, ҷашни Сада,
Ин ҷашни зебо аз ниё бар мо чу мерос омада.

Ҳосил агар афзун шавад, мардум ҳама мамнун шавад,
Маъмур гардад зиндагӣ, пуршаҳду пуршаккар шавад.
Шукрона аз Сарвар кунем бар даргоҳи Яздони пок,
То рӯзгори мо мамлӯи зебу фарр шавад.

Бодо ҳумоюн, дӯстон, ҷашни Сада, ҷашни Сада,
Ин ҷашни зебо аз ниё бар мо чу мерос омада.
(Валиҷон Акбарӣ)

Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,  доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 767
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед